Ҳадаф: РУШДИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ

Дар шаҳри Гулистон конфронси минтақавӣ дар мавзӯи “Рушди имкониятҳои сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ” баргузор гардид.

Конфронс ба сесолаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷиҳати татбиқи самараноки “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” бахшида шуда, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Гулистон баргузор гардид.

 Чорабиниро муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ифтитоҳ намуд. Сипас намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода баромад карда, таъкид дошт, ки дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ Тоҷикистон бо назардошти обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию осоишгоҳҳо, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ метавонад, ба сайёҳон маҳсулоти сайёҳиеро пешниҳод намояд, ки дар он рақобат вуҷуд надорад. Танҳо зарур аст, ки хизматрасонӣ ба сифати баланд ва арзиши дастрас ба сайёҳон пешниҳод гардад.

- Баҳри рушди соҳаи мазкур ташкили ширкатҳову инфрасохторҳои сайёҳӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоти техникӣ, масолеҳи сохтмонӣ пурра аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст, ки ин ҳавасмандии аҳолиро барои бунёди иншооти нав зиёд намуд, - зикр дошт Ҳ.Амирбекзода.

Ҳамчунин, мудири бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов дар мавзӯи “Имкониятҳои рушди сайёҳии самараноки фаъолияти сайёҳӣ дар вилоят”, намояндаи мақомоти маҳаллии шаҳр Маҳбуба Шодизода дар мавзӯи “Имконоти мусоиди ҷалби сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон”, директори ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи сайёҳии Зарафшон Ҷамшед Юсупов, намояндаи осоишгоҳи “Баҳористон” Муродҷон Нарзиев, масъули бахши сайёҳии шаҳр Наргис Ӯрунова, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раъно Сиддиқова оид ба мавзӯъҳои марбути соҳа маърӯза намуданд.

Ҳангоми муҳокимаронӣ пешниҳод гардид, ки бо назардошти имконоти мавҷуда мақомоти маҳаллиро зарур аст, то фаъолияти самараноки марказҳои хизматрасонии сайёҳиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, маводи таблиғотиву иттилоотӣ бо забонҳои гуногуни хориҷӣ таълиф ва тариқи сомонаву фиттаҳо ташвиқ шавад. Таъкид гардид, ки мунтазам гузаронидани корҳои маркетингӣ ва пурсиши муштариён барои гирифтани иттилоот оид ба сатҳи хизматрасонӣ ва мавзеи истироҳат муҳим буда, дар самти беҳтар намудани муносибат оид ба хизматрасонии хушсифат басо зарур аст.

Дар чорабинӣ роҳбарону масъулини мақомоти маҳаллӣ, ширкатҳою сохторҳои марбутаи сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳунармандон ширкат доштанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh