ФАТҲУ КУШОИШҲОИ ИЛМИ КОМИЛ

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар канори эҷоди тамоюлҳои тозаи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ дар зуҳури дидгоҳҳои нав дар шинохти адабиёти қадим ва ҷадид нақши муассир гузошт. Мусаллам аст, ки дар марҳалаҳои аввалини қарни ХХ, новобаста ба шаклгирии дидгоҳҳои хосаи маърифати адабиёти қадим ва ҷадид бар асари авлавияти ғояҳои сиёсии ҳоким монеаҳое ҷой доштанд, ки баёни комили дидгоҳҳои воқеиро маҳдуд менамуданд.

Бар ин асос, даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон баробари аз миён бардоштани ин монеаҳо диду назарҳои тозаеро ба маърифати адабиёти ҳатто замони шӯравӣ ба миён овард, ки дар саргаҳи ин навназариҳо баробари чанд тан аз донишмандони соҳибноми тоҷик яке аз адабиётшиноси барҷаста академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ қарор доштанд.

Ҳидоят ва раҳнамоии ин донишманди тоҷик буд, ки дар мактаби паҷӯҳишии эшон, ки асосан ба шинохти насри муосири тоҷик пайванд дошт, чандин донишмандони соҳибноме ба камол расиданд. Миёни онҳо академикҳо Раҳмонзода Абдуҷаббор, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Имомзода Муҳаммадюсуф ва дигарон қарор доранд. Доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шамсиддин Солеҳ яке аз дастпарварони ҳамин мактаби адабиётшиносии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба шумор меравад, ки давоми бештар аз 30 сол аст, ба таҳқиқи веҷагиҳои муҳимтарини анвои насри муосири тоҷик машғул аст.

Мавсуф барои расидан ба натиҷа ва ҳадафҳои бузурги тадқиқотӣ паҷӯҳиши насри муосири тоҷикро аз ҷанри хурди он - ҳикоя оғоз намуда, то ба бузургтарини он роман расонид. Ин буд, ки нахустин самараҳои тадқиқоти ӯ роҷеъ ба ҷанри ҳикоя ва масъаҳои поэтикаи он аз аввалин солҳои даҳаи охири асри бистум ба қалам омаданд, ки пайванди фаъолияти паҷӯҳишии муҳаққиқро ба замони истиқлол ба субут мерасонанд. Натиҷаи ин ковишҳои илмӣ буд, ки дар заминаи шинохти ҷанбаҳои ҳунарии ҷанри ҳикоя аз нигоҳи дигар ба таълифи рисолаи номзадӣ муваффақ гардид, ки онро соли 1997 таҳти унвони “Поэтикаи ҳикояи тоҷикии солҳои 70 - 80 (масъалаи замон ва макон”) дар шӯрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона ба дифоъ расонид.

Аз муҳтавои ин рисола пайдост, ки Шамсиддин Солеҳ яке аз аввалин муҳаққиқони соҳибназари тоҷик аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо нигоҳе нав ба майдони адабиётшиносӣ ворид гардида, дидгоҳҳои тозаи хешро нисбат ба адабиёти давраи шӯравии тоҷик, аз ҷумла ҷанри ҳикоя ва ҷанбаҳои поэтикии он дар солҳои 70 - 80-уми асри бист баён дошт. Мавсуф пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ таҳқиқоти хешро дар ин замина идома дода, ковишҳо ва ҷустуҷӯҳои бештаре ба анҷом расонида, пас аз 11 соли дифои рисолаи номзадӣ онро ба сурати асари шоистаи илмӣ дар таҳқиқи навъи ҳикоя таҳти унвони “Поэтикаи ҳикояи тоҷикии солҳои 70- 80” ба чоп расонид.

Давоми фаъолияти тӯлонии хеш ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Солеҳ барои такмили диду назарҳо нисбат ба адабиёти даврони шӯравӣ ва анҷоми таҳқиқот бо шеваву равишҳои нав саҳми муносиб гузошт. Маҳсули талошҳои пайвастаи ӯ барои таҳқиқи адабиёти даврони шӯравии тоҷик, хоса насри ин давра самараҳои хуб ба бор оварданд. Ин буд, ки таҳти роҳбарии мавсуф дар институти мазкур мавзӯоти муҳиме дар робита ба адабиёти тоҷики садаи ХХ ва даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти унвони “Адабиёти тоҷикии солҳои 1905 - 1929 (аз нигоҳи нав)”, “Адабиёти тоҷикии солҳои 1930 - 1950 (аз нигоҳи нав)” ва лоиҳаи “Насри тоҷикии давраи Истиқлол” ба меҳвари таҳқиқоти олимони адабиётшиноси ин боргоҳи илмӣ гузошта шуданд, ки дар натиҷа тадқиқоти шоёне ба поён расонида шуд. Баробари такмилу таҷдид ва нашри рисолаи хеш давоми ин солҳо профессор Шамсиддин Солеҳ ба таълифи силсилаи мақолаҳо роҷеъ ба нақши нависандагони тоҷик дар ташаккули насри шӯравии тоҷик, шурӯъ аз устод Айнӣ то ҳамнаслони хеш муваффақ гардид, ки онҳо дар чандин маҷмӯа ва нашрияҳои ватаниву хориҷӣ ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, силсилаи мақолаҳои муҳаққиқ дар саҳифаҳои нашрияи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаи “Садои Шарқ” рӯи чоп омадаанд.

Таваҷҷуҳ ба татбиқи равишҳои дигари шинохти адабиёти даврони шӯравӣ баробари раҳнамоӣ ба мавзӯоти илмӣ ба худи муҳаққиқ имконият дод, ки давоми солҳои баъдӣ дидгоҳҳои собити илмии хешро бар пояи нигоҳҳои дигар ба адабиёти даврони шӯравии тоҷик роҷеъ ба ҷанри бузурги роман ба қалам оварда, силсилаи паҷӯҳишҳоеро дар ин арса ба анҷом расонад. Самараи ин ковишҳои илмӣ ва нақду назарҳои вай роҷеъ ба ташаккули ҷанри роман дар адабиёти тоҷики асри бистум дифои рисолаи докторӣ дар соли 2012 гардид. Ҳамин тавр, силсилаи тадқиқоти илмии анҷомдодаи муаллиф таҳти унвони “Роман дар адабиёти тоҷикии асри ХХ (Масъалаи ташаккули ҷанр)” ҳам асоси рисолаи докторӣ шуданд ва ҳамзамон ба сурати як китоби арзишманди илмӣ дар соли 2011 ба чоп расиданд. Аз муҳимтарин дастовардҳои илмии муаллифи ин асар дар он зуҳур мешавад, ки ҳарчанд то кунун бар асоси бештар назарияҳои илмии ин андеша муравваҷ буд, ки ҷанри роман асосан аз адабиёти Аврупо ба қаламрави адабиёти миллатҳои дигар, аз ҷумла адабиёти тоҷик гузаштанд, аммо Шамсиддин Солеҳ ба далоил ва зикри намунаҳо ин заминаҳоро дар насри классикии тоҷик, хоса дар таркиби анвои он, чун қисса, достон, насри ривоятӣ муқаррар месозад ва ин назарияи тозаи илмиро манзур мекунад, ки бояд сарчашмаи ин навъи адабиро дар адабиёти куҳани миллии худамон бозҷӯӣ намоем, ки романҳои муосири тоҷик саршори ин аносир ба шумор мераванд.

Профессор Шамсиддин Солеҳ солҳо дар Китобхонаи миллӣ фаъолияти пурсамар бурда, он ҷо низ барои таҳияи осорномаи муҳаққиқони насри тоҷикӣ хидматҳои босамар ба анҷом расонидааст, ки ин ибтикорот ҳам ба саҳми муносибаш дар таҳқиқи насри муосири тоҷик ва хадамоти насрпаҷӯҳон таъкид меварзанд. Аз ҷумла, бо кӯшиш ва ташаббуси ӯ “Осорномаи Худойназар Асозода” ва “Осорномаи Соҳиб Табаров” таҳия ва ба чоп расидаанд. Муҳимтар аз ҳама, бо ҳамон муҳаббат ва дилбастагие, ки нисбат ба осори мансур дорад, ба таҳқиқи ҷанбаҳои муҳимтарини он машғул буда, ин роҳро бо камоли ихлос ва саодат идома медиҳад. Роҳе, ки барояш дар сароғоз устоди бузург, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ фотиҳа додаву фатҳу кушоишҳо хостаанд. Силсилаи мақолаҳои Шамсиддин Солеҳ роҷеъ ба нависандагони муосири мо, чун Ҷалол Икромӣ, Пӯлод Толис, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ равандҳои аслии ташаккули наср дар даврони истиқлол ва бурду бохти нависандагони ҷавон аз нигоҳи амиқ, шинохт ва таваҷҷуҳи ҷиддии вай дар таъйини веҷагиҳои насри муосир дарак медиҳанд. Ин аст, ки дар баробари анҷоми таҳқиқоти амиқ роҷеъ ба насри муосир ба тарбияи муҳаққиқони ҷавон низ машғул аст, ки аллакай чанд нафари онҳо бо дифои рисолаҳои номзадӣ роҳи ин устоди хешро дар арсаҳои дигари паҷӯҳиши масоили гуногуни адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла насри бадеии муосир давом медиҳанд.

Профессор Шамсиддин Солеҳ баробари муҳаққиқи борикбин ва соҳибназар будан инсони фурӯтан, накӯандеш ва меҳрубону хайрхоҳ низ ҳаст. Ба таҳқиқоти анҷомдодаи дигарон низ бо нигоҳи хайрхоҳона назар афканда, баробари ин маслиҳату машварати хешро дареғ намедорад. Баробари пуркорӣ ва масъулияти зиёд бар дӯш доштан бо ҳусни ихлос барои мутолиаи рисола ва фишурдаҳои дигарон вақт ҷудо намуда, тақризҳо менависад. Дар ҷараёни тадрис низ ҳамеша бар он мекӯшад, ки ба донишҷӯён ҳарфи тоза гӯянд, то онҳо аз дарс бо баҳраҳои афзуни маънавӣ бираванд. Ба ин хотир, ҳамеша рӯзҳои якшанбе профессор Шамсиддин Солеҳро аз толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон метавон пайдо намуд.

Давоми ду сол ба ҳайси Раиси комиссияи аттестатсияи давлатии хатм дар факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ фаъолият дошта, борҳо бо истифода аз ин фурсат бо донишҷӯён ҳам суҳбатҳо дошт. Имрӯз аксари он донишҷуён, ки қисмате хатм карда рафтаанду қисмате ҳанӯз дар зинаҳои дигар таҳсил доранд, дар ҳама маврид аз ин фазилатҳои нодири инсонӣ, меҳрубонӣ, хайроҳӣ ва раҳнамоиҳои шоистаи устод ёдовар мешаванд. Ҳамин сифатҳои нодири инсонӣ, тозаназарӣ ба масоили адабиётшиносӣ, машваратҳои самимонаи устод боис шуд, ки аллакай чанд нафар аз донишгоҳ эшонро ба ҳайси роҳбари илмӣ интихоб намуда, таҳти раҳнамоиҳояш корҳои илмӣ мебаранд.

Албатта, роҷеъ ба фазилатҳои инсонии профессор Шамсиддин Солеҳ ҳарфҳои зиёдеро метавон ин ҷо биафзуд, вале ҳамон фазилати нодири ҷӯяндагиву муҳаққиқи тозаназару соҳибназар будани эшон худ басанда аст, ки ҳайсияти ин шахсияти донишвару соҳибэҳтиром дар миёни аҳли таҳқиқ ва ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистонро бишносем ва хидматҳои шоёнашро дар қаламрави адабиётшиносии тоҷик арҷ ниҳем.

Бо устод Шамсиддин Солеҳ дар роҳи пурпечутоби маърифати адабиёт ва шинохти арзишҳои нодири адабиёти мо ва раҳнамоии шогирдону муҳаққиқони ҷавон корномаҳои саршор орзумандем.

Аюб УСМОНОВ,
Нуралӣ НУРЗОД,
Баҳром МИРСАИДОВ,
Ромиз АБДУЛЛОЕВ,
олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh