Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи замин аст!

Дирӯз дар толори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон таҳти унвони "Тоҷикистон гӯшае аз биҳишти рӯи замин аст!" конфронс илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар кори конфронс раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, намонядагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, соҳибкорон, ҳунармандон ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд. 

Роҳбари шаҳр зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Қабули Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018 - 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ниҳоди давлатӣ - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва дигар тадбирҳо далели равшани гуфтаҳои болоист. 

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабилло Амирбекзода зимни суханронии хеш аз дастгирии давлатии соҳа аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид.

Ӯ қайд кард, ки айни замон дар Тоҷикистон 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият намуда, соли 2018-ум беш аз 1 миллиону 150 ҳазор ва дар нуҳ моҳи соли 2019 бошад, 950 ҳазор сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов оид ба дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар соҳаи сайёҳӣ, аз бунёди инфрасохтор дар шаҳру навоҳии вилоят ёдовар шуд.

Дар интиҳо раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз фаъолон ва сокинони шаҳри Бӯстон ҷиҳати татбиқи муваффақонаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, изҳори қаноатмандӣ карда, минбаъд низ баҳри боз ҳам фароҳам овардани шароит ва фазои мусоиди қабули меҳмонон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд намуд.

 Нурзода Мамнури МЭЛС,

 шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh