ОИНАИ ҶАҲОННАМО

Аз замоне ки телевизион арзи ҳастӣ кард, солҳои зиёд сипарӣ шуд. Имрӯз ҷаҳони технологӣ бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Воситаҳои нави иттилоърасонӣ мухталиф шуд, вале ҳар яке ҷойгоҳи худро дорад. Воқеан, аз оғози пайдоиш то кунун телевизион монанди дигар воситаҳои ахбори омма дар рӯзгори мардум мақоми виҷаи худро пайдо намудааст. Зеро тавассути оинаи нилгун тамошобин дар баробари воқиф гардидан аз рӯйдодҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон ғизои маънавиву фарҳангӣ мегирад.

Шабакаи телевизонии вилояти Суғд ҳанӯз солҳои 1982-1986 таъсис ёфта, санаи 15 - уми декабри соли 1990 расман ба фаъолият шурӯъ кард. Телевизиони Суғд аз аввалин телевизионҳои маҳаллӣ аст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Аз оғози фаъолият барномаҳои телевизион бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ омодаю пахш мешаванд.

Ин шабакаи телевизионӣ аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш ба телевизиони маҳбуби мардуми вилоят табдил ёфт. Маҳз, талоши пайваста, хизмати содиқона ва софдилонаи кормандони Телевизиони вилояти Суғд боиси боло рафтани нуфузу эътибори он гардид. Ин телевизион наздик 30 сол мешавад, то ҳамрозу ҳамдами мардуми суғдзамин аст. Кормандони телевизион пайваста талош бар он доранд, ки барномаҳои ҷолибу диданӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи ҷомеаро таҳия ва пешниҳоди аудиторияи худ гардонанд.

 Дар ин фурсат дар Телевизиони вилояти Суғд бисёр тағйирот ба вуқуъ пайваст, ки барои беҳтар шудани сатҳу сифати барномаҳо мусоидат намуд. Бунёди биноҳои иловагии нав ва ворид шудани таҷҳизоти зарурии техникӣ, гузаштан ба пахши дақиқияташ баланди HD ва баромадан ба моҳвора аз ҷумлаи дастоварҳои телевизиони вилояти Суғд маҳсуб меёбад.

«Салом, азизони дил!»

- Ассалому алейкум, бинандагони азизи Телевизиони вилояти Ленинобод. Мо ба пахши барномаҳои нахустини худ ҳусни оғоз мебахшем, - чунин буданд суханони аввалин барандагони телевизиони вилояти Суғд (онвақта телевизиони Ленинобод). Аввалин чеҳраҳое, ки меҳмони кошонаи мардуми Суғд шуданд, рӯзноманигорони варзидаи радиои вилоят Мӯҳсин Аминзода ва Мунаввара Мирзоумарова буданд.

Бояд гуфт, ки дар саргаҳи фаъолияти ин муассиса роҳбари чашмикордон, ғамхору мушфиқи тамоми кормандон Муҳаббат Мирсаидова қарор дошт. Ӯ асос ва таҳкурсии воқеии телевизиони вилоятро гузошт. Шогирдон ёд мекунанд, ки муаллима ҳайати кориро худ интихоб кардаву мутахассисони соҳаро аз маркази ҷумҳурӣ ба кор даъват намуда, барои рушди телевизион талошҳои судманд кардааст.

Телевизиони вилоят аз рӯзҳои аввалини ба кор шуруъ карданаш бо барномаҳои ҷолибу рангини худ дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтааст.

…Соли 1992 барои Тоҷикистон давраи ҳассостарин маҳсуб меёфт. Дар ин муддат барои пахши ҳар як барнома устодон Илҳоми Ҷамолиён, Саодат Каримова (равонаш шод бод), Тӯтихон Муллобоева, Обиди Мансур талош доштанд. Ҳангоми баргузории Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олӣ кормандони телевизион савияи баланди касбии хешро нишон дода, дар инъикоси Иҷлосияи тақдирсоз саҳм гирифтанд. Телевизиони вилоят дар он лаҳзаҳои тақдирсоз мавқеи худро аз даст надод. Бо роҳбарии Муҳаббат Мирсаидова ягона телевизионе буд, ки тавонист, Иҷлосияи таърихиро пурра сабт намояд ва пешниҳоди сокинони кишвар созад.

Садафи дарё

…Замони осоишта, сулҳу ваҳдат ҳам фаро расид. Минбаъд барномаҳои рангину фарҳангии телевизион зиёд шуд. Рӯзноманигори варзидаи Телевизиони Тоҷикистон Акрамалӣ Ҳасанов ҳамон солҳо ба кор шуруъ карда, барномаҳои адабӣ - мусиқии “Меҳрангез”, “Эй бахт, биё”, “Наврӯзи лӯлидухтар” ва даҳҳои дигарро, ки тараннумгари адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикон буданд, ба бинандагон пешниҳод менамуданд.

Барномаи “Мерос”, ки муаллифи он Усмонҷон Тоҳирӣ буд, бо коргадонии Абдуллоҷон Ғаффоров аз тамоми манотиқи вилоят таърихи кишварро бозгӯ мекард. Боз даҳҳо барномаҳои дигар, ба мисли “Садаф аз зери дарё мекашам” (муаллиф шодравон Саодат Каримова), барномаҳои адабӣ - фарҳангии Мӯҳсин Аминзода ва Озарахш, таваҷҷуҳ ва муҳаббати тамошобинонро ба телевизиони вилоятӣ афзун месохтанд. Тамошобинон ҳанӯз ҳам аввалин барномаҳои телевизион «Ҳафтранг», «Сухангустар», «Рози дил», видеоканали «Ҷавонӣ» - ро хуб дар хотир доранд.

Дар таҳия ва пахши барномаҳо заҳмати коргардонҳо Алиҷон Муҳаммадиев, Ҷумъабой Расулов, Мирзоҷамол Қосимов, наворбардорон Усмонҷон Маъруфов, Абдусамад Расулов, Сайдулло Файзиев, Аюбҷон Бобоев ва боз чандин нафарони дигар басо назаррас аст, ки дар саҳифаи таърихи телевизион бо ҳуруфи заррин сабт ёфтаанд.

Инак, наздик сӣ сол аст, ки телевизиони вилоят барои тамошобинони ҳамешагӣ барномаҳои ҷолибу диданӣ таҳия менамояд. Дарозои ин фурсат ба сафи кормандони ин даргоҳи муқаддас мутахассисони соҳибзавқ пайвастаанд, ки ному барномаҳояшон дар дили бинандагон маъво гирифтааст.

Барномаҳои ҷолиби Ҷовид Ниёзӣ, Ҳадя Набизода, Тоҳирҷон Искандарзода, Лола Раҷабова, Ҳабиба Ҷалилова, Дилрабо Анорқулова, Дадоҷон Норматов, Хуршед Раҳмонов, Насиба Мамадҷонова, Муҳайё Шарифова, Дилбар Хоҷаева, Мавҷуда Дадобоева ва амсоли инҳоро мардум имрӯз бо шавқ тамошо мекунанд.

Назари ҷадид,муосир ва пешрафта

Имрӯз Мунира Раҳимзода, ки сарварии ин муассисаи бонуфузро ба уҳда дорад, мехоҳад, кори телевизионро бо назари ҷадид, муосир ва пешрафта ба роҳ монад. Ин аст, ки соли гузашта бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва кӯшишу эҳтимоми Мунира Раҳимзода телевизиони вилоят соҳиби бинои иловагӣ ва таҷҳизоти муосиру студияҳои нав гардид. Ин дастгириву таваҷҷуҳи Сарвари кишвар боиси хушнудии кормандони телевизиони вилоят гашта, имрӯз ҳар кадом бо руҳу илҳоми тоза кору эҷод доранд.

Тайи чанд соли охир ҳамчунин ҷавонони зиёди навҷӯ бо қувваю нерӯи тоза ба фаъолият оғоз кардаанд, ки бо тозакориҳои худ симои телевизионро боз ҳам назокату латофат бахшидаанд ва бо лафзи шевою зебои худ меҳмони азизи хонаҳои чашми ҳар бинандаи телевизиони вилоят мегарданд.

Мутахассисони соҳа ҳамарӯза баҳри тамошобинони телевизиони вилояти Суғд барномаҳои зиёдеро, аз қабили «Ахбор», «Паёми Суғд», «Фурӯғи шом», «Набзи иқтисод», «Мизони қонун», «Фарҳанг ва ҳунар», «Робита», «Афкор», «Калтак», «Қарор ва иҷрои он», «Равзанаи меҳр», «Ҳусни зиндагӣ», «Тамаддун», «Кишоварз», «Мерос» пахш менамоянд ва талош доранд, ки ҷавбогӯ ба талабот ва стандартҳои телевизиони муосир бошанд.

Беҳтарин ҷоиза - таваҷҷуҳи бинанда

Кормандони телевизион, ҳам эҷодиву ҳам техникӣ беҳтарин мукофот ва подоши заҳамоти хешро дар таваҷҷуҳ ва муҳаббату ихлоси бинандагони хеш медонанд.

Имрӯз муҳимтарин бурди телевизиони вилояти Суғд дар баробари дастовардҳои эҷодиву техникӣ тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони ҷавон бо сабку услуби нав мебошад. Талоши устодон буд, ки наслҳои нави кормандони ҳирфавӣ тарбия ёфта, ба воя расидаанд. Воқеан, телевизион ба ин ҷавонон чӣ дод? Ба ин андешаҳои мо чанде аз рӯзноманигорони ҷавони телевизиони вилояти Суғд посух гуфтанд.

Субҳиддин Қодиров - корманди телевизиони вилояти Суғд:

- Хушҳол ва сарфарозам, ки тӯли 5 сол инҷониб дар ин даргоҳи муқаддас фаъолият дорам. Ин ҳама дар асоси ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд. Дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар фаъолияти мо - кормандони телевизион мушоҳида мешавад!

Талошҳои сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳо, шароити кори кормандон пайваста эҳсос мегардад!

Вобаста ба дастовардҳои эҷодӣ, нишондоди фаъолияти мо - кормандони телевизион бояд худи бинандагон назару андешаҳояшонро нависанд, баҳогузорӣ намоянд, зеро онҳо довари ҳақбинанд. Маҳз, бинандагон ҳастанд, ки мо барои қонеъ намудани талаботи мардум камари ҳиммат бастаем ва фаъолият дорем!

Мо - кормандони телевизион (дар маҷмуъ кормандони тамоми ВАО) гоҳ - гоҳ бархе аз масъулонро барои ба камбудӣ роҳ доданашон зери "калтаки танқид" қарор медиҳем ва ё баръакс, аз дастовардашон тавсиф мекунем, гумон мекунам, ки ин рисолати мо аст. Кормандони телевизиони вилояти Суғд ҳамеша дар талош ҳастанд, ки муҳимтарин рӯйдодҳоро, ҷолибтарин мавзӯъро пайгирӣ ва пешниҳоди ҷомеа созанд. Бахусус, заҳмати кормандони шуъбаи иттилоотии "Ахбор" дар ин самт хеле назаррас аст. Ин тавсиф нест, ҳамкороне, ки дар шуъбаи "Ахбор" фаъолият доранд, андешаҳои болоро дуруст дарк мекунанд.

Дар умум ҳар дастоварде, ки марбут ба телевизион аст, ин заҳмати тамоми кормандон, аз дарбон то сарбон мебошад! Масалан, дар омода намудани як суҷети ҳамагӣ чанддақиқагӣ чандин нафар, аз ҷумла муҳаррир, наворбардор, танзимгар, ронанда, масъули интишору эфир ва чандин корманди дигар саҳм мегузоранд. Маълум аст, ки фаъолияти мо дастаҷамъист!

Ҳоло бо сари баланд гуфта метавонам, ки фаъолият дар телевизион бароям боиси ифтихор аст. Ба он хотир, ки дар ин даргоҳи муқаддас нафароне фаъолият мекунанд, ки дар ташаккули шахсияти мо таъсири мусбат мерасонанд. Ҳоло чунин мешуморам, ки телевизион бароям мактаб аст.

Чун бегоҳ аз кор ба хона дер меоям ва субҳи барвақт ба кор меравам, гоҳ-гоҳе дӯстону наздикон бо шӯхӣ мепурсанд, ки дар чанд баст кор мекунам. Манзурашон тез омадану дер рафтан аз кор! Дар ҷавоб мегӯямашон, ки кори мо соатро намепазирад! Гузашта аз ин, телевизион маро чунин тарбия намуд ва хуб ҳам кард!

Панҷ сол хеле зуд гузашт, насиб моро рӯзҳои нек дар пеш аст. Мо барои бинандагони худ кор мекунем. Агар як нафар бо лабханде барои анҷоми рисолатамон изҳори сипос кард, таваҷҷуҳ кард, ин беҳтарин ҷоиза хоҳад буд, ҷоизаи "Таваҷҷуҳ" - и бинандагон, ҷоизае, ки ҳамарӯза интизораш ҳастем!!! (Рӯзе мерасад, ки дар соҳаи телевизион ҷоизаи мазкур таъсис дода мешавад).

Эҳсони Ризо, муҳаррири масъули барномаи “Шамими субҳ”:

- Ин даргоҳ бароям хеле муқаддас аст, чун нафаронеро дорад, ки бароям арзиши дунёро доранд ва буданашон ҳуҷҷати хушбахтиву вуҷудашон пур аз маънист. То имрӯз ҳар чи ки «дуздидам», ҳунару касбияти онҳо буд ва ҳар чи ки бахшидам, дили беқарори ҷавониям... То имрӯз ҳар чи ки гузоштам, ҷуз як дил муҳаббат чизе набуд ва ҳар чи ки бардоштам, обрӯву нуфузи ин даргоҳ буд... То имрӯз ҳар чи ки омӯхтам, одамияту хоксориву фурӯтанӣ буд ва ҳар чи ки кардам, фақат талош буд.

Самараи роҳнамоиву дастгирии онҳо буд, ки ба ин рӯз расидам ва Эҳсони Ризо шудам....

Падарону модарони маънавиям - Мунира Раҳимзода, Ҳабиба Ҷалилиён, Лолаи Иброҳим, Муҳаммадҷон Умаров, Ҷумъабой Расулов... Шуморо барои шумо дӯст медорам ва эҳтирому самимиятам андоза надорад...

Воқеан, Телевизиони вилояти Суғд дар пур кардани фазои иттилоотӣ, инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар хизматҳои шоистаи таҳсинро амалӣ мегардонад. Бовар дорем, ки мутахассисони ин даргоҳ минбаъд ҳам барои халқу Ватан хизмати арзанда намуда, бо барномаҳои рангину пурмуҳтавои худ азизи дилу дидаи мардум мегарданд, ба онҳо шодиву фараҳ мебахшад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh