ОСОРХОНА - ОИНАИ ТАМАДДУН

Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии вилоят, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Зиёда аз ин ташрифи сайёҳону меҳмонон ва дидан кардан аз толори намоишии Саразм бозгӯи ҷалби диққати тамошобин ба ин шаҳри қадимаи авруосиёӣ аст. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз омодагӣ ба ин ҷашни таърихӣ мо бо корманди осорхона Иноят Мирзоева ҳамсуҳбат шудем.

Аён шуд, ки дар осорхона толори намоишии Саразми бостонӣ мавриди таваҷҷуҳи тамошобин қарор гирифтааст.

- Ин толорро мо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм аз 21 - уми сентябри соли 2000, таҳти рақами 391 таъсис додаем. Ёдгории 5500 - солагии Саразми шаҳри Панҷакент, ки маркази ташаккулёбии маданияту кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мебошад, бо қарори Ҳукумати мамлакат «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ» эълон шудааст. Дар толори намоишии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии вилояти Суғд манзараи шаҳри Саразм тариқи барелйеф ба намоиш гузошта шудааст, ки аз тарафи меъмор Даврон Раҳматов сохта шуд.

Саразм 15 километр дуртар аз шаҳри Панҷакенти қадима ва 45 километр аз шаҳри Самарқанд ҷой гирифтааст. Ҳудуди Саразм 100 гектарро дар бар мегирад, ки то ҳоло танҳо як гектари он аз тарафи бостоншиносон омӯхта шудаасту халос. Дар толори намоишӣ таърихи тамаддуни халқи тоҷик дар се намуд нишон дода шудаанд. Бозёфтҳо зери шиша гузошта шуда, рамзи ковишҳои бостоншиносиро ба хотир меоваранд. Ин ҳодисаҳои таърихӣ дар барелйеф ба таври барҷаста нишон дода шуда, экспозитсияи асосӣ ба шумор меравад. Аз таърих маълум аст, ки соли 1976 бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқӣ як табари биринҷиро аз сокини шаҳр Ашӯралӣ Тайлонов дастрас менамояд, ки сабабгори оғози ковишҳои бостоншиносӣ дар Саразм мегардад. Шаҳри Саразм, ки аз марказҳои қадимии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, имрӯз мавриди таваҷҷуҳи бостоншиносону олимон қарор гирифтааст. Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 зикр гардид, соли 2020 - ум 5500 - солагии Саразми бостонӣ бошукӯҳ таҷлил хоҳад шуд, - иброз дошт И.Мирзоева.

Ҳамарӯза теъдоди зиёди меҳмонону сайёҳони ватаниву хориҷӣ аз толорҳои осорхона дидан намуда, ба толори намоишии Саразм эътибори хоса медиҳанд. Зеро ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ бозёфтҳои археологӣ: хишти хом, олоти сангӣ, оҳанӣ, зарфҳои биринҷӣ, олоти биринҷӣ, зарфҳои гилӣ низ ёфт шудаанд, ки алҳол дар толор ҷойгир аст. Тамошобин метавонад, дар бораи ҳар як бозёфти Саразм аз кормандони осорхона ба таври муфассал маълумот пайдо намояд. Боиси қайд аст, ки Саразм маркази маъдангудозӣ низ маҳсуб меёфт.

Қисме аз бозёфтҳои дар осорхона маҳфузбуда ба таври аслӣ гузошта шуда, қисми дигарро дар аксҳо нишон додаанд. Аз ҳама бозёфти нодир ин устухонҳои маликаи Саразм, ки бо зиёда аз 100 адад ҷавоҳироташ дафн шудааст, мебошад, ки дар акс дида мешавад. Нусхаи аслии ин устухонпораҳо дар Осорхонаи бостоншиносӣ ва этнографии шаҳри Душанбе маҳфуз аст.

Дахма - наус ёдгории дигари Саразми бостонӣ ба шумор рафта, қабристони зардуштиён маънидод мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки пеш аз дини мубини Ислом дини зардуштӣ амал мекард ва мувофиқи расму оини зардуштиён чор унсури табиат: замин, об, оташ ва ҳаво муқаддас ҳисобида шуда, онҳо мурдаро дафн намекарданд. Зардуштиён мурдаро дар теппаҳо мегузоштанд ва вақте ки паррандаҳо гӯшти одамиро хӯрда тамом мекарданд, устухони онҳоро ҷамъ карда, дар хумҳои гилин ё дар устадонҳо (ассуарӣ) мегузоштанд. Он дахма - наус, ки дар Панҷакенти бостонӣ гузошта шудааст, аз тарафи олимони рус Бертелс ва Веселовский омӯхта шудааст. Веселовский ана ҳамин устадон ё ассуариро «тобути давраи то ислом» номидааст. Дар осорхона тарҳи дахма нишон дода шудааст. Дар дохили дахма токча мавҷуд буда, дар он то 10 устадон гузошта мешуд. Ассуарӣ намудҳои гуногун дошта, бо ҳаҷми худ фарқ дошт. Дахма бошад, авлодӣ ҳисобида шуда, қисми пеши онро бо лойоба мепӯшонданд. Дар вақти лозима лойобаро кӯчонида, ассуариро ба дахма мегузоштанд ва бозпас бо лойоба маҳкам мекарданд.

Дар қисмати дигари осорхона асарҳои Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар бораи кофтуковҳои археологӣ, аксҳое, ки бостоншиносон ҳангоми бозёфтҳои Саразм дар давраҳои гуногун аккосӣ намудаанд, гирд оварда шудааст.

Боиси хурсандист, ки дар осорхона гардиши нигораҳо ба роҳ монда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд бозёфту экспонатҳое, ки дар осорхона маҳфузанд, ба осорхонаҳои шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Панҷакент фиристода мешаванд ва онҳо низ метавонанд, нигораҳои худро ба гардиш равона намоянд.

Маъмурияти осорхона кӯшиш бар он доранд, ки бо баргузор кардани суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои мухталиф тамошобинонро бо навгонӣ ва бозёфтҳои Саразми қадима шинос намоянд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh