Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ аз Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ боздид намуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати умумии 6 гектар азнавсозӣ гардида, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардида истода, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо назардошти арҷгузорӣ ба хидматҳои мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ муҷассама гузошта мешавад.

Бо дастури Раиси вилоят дар иншооти бунёдшаванда ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона бунёди Амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, шаршара, 5 адад фаввора, мавзеъи бозии кӯдакони “Олами афсона”, гӯшаи ҳайвоноти зинда ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар дохил ва гирду атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ иловатан шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшандиҳанда ба нақша гирифта шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода рафти бунёди расадхонаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандиро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулини дахлдор ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва бунёди он бо шакли муосир дастуру супоришҳои махсус дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh