Чароғи нурбахши фардои дурахшон

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне сурат гирифт, ки мардуми тоҷик дар остонаи соле қарор доранд, ки он соли таърихӣ дар сарнавишти мардум маҳсуб мешавад.

Зеро соли 2020 чандин воқеаҳоро дар худ таҷассум хоҳад кард, ки онҳо марҳалаи наверо дар ҳамаи самтҳои зиндагии мардум оғоз хоҳад бахшид. Соли 2020, қабл аз ҳама, дар мавриди такмили худшиносии миллии тоҷикон арзишманд мешавад. Аз ҷумла, ҷашни 5500 - солагии Саразми бостон, 700 - солагии шоири тавонои тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ чорабиниҳои меҳварии ин сол маҳсуб мешавад. Ин буд, ки дар Паёми навбатӣ дар баробари дигар масъалаҳо Пешвои миллат ба масоили худшиносии миллӣ, ватандориву мардумпарварӣ, омӯзиши донишу баланд кардани маърифати ҷомеа, умуман беҳдошти маънавияти мардум таваҷҷуҳ намуда, дастуру супоришот ва пешниҳодҳои воқеан судмандро ироа карданд.

Ба ибораи дигар, Пешвои миллат марҳалаи тозаи худсозиву бунёдкорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, такмили муносибатҳои гуманистонаи инсонҳо, муносибати тоза ба таърих, илм, дониш ва китобро оғоз бахшиданд. Пешвои миллат ҷомеаро ба сӯи маърифати баланд, дониши амиқ, ки маҳз бо он метавонад, инсони муосир ба ҳадафҳои олии худ расад, раҳнамоӣ менамоянд.

Дар ин маврид Пешвои миллат ба соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ намуда, ояндаи ободи кишвар ва орому осудагии онро аз муносибати масъулон ва мутахассисони он нисбат ба рисолати касбиашон марбут донистанд. Ҷомеаи имрӯза, аз назари Пешвои миллат, ниёзманди маърифати баланд ва маънавияти ғанӣ маҳсуб меёбад. Агар, аз як ҷониб, илму маориф ва фарҳанг дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар, он ба ояндаи обод ва саодати комил раҳнамоӣ менамояд.

Танҳо сарф кардани 500 миллион сомонӣ барои бунёди 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ин ифодагари ғамхории воқеии давлату Ҳукумат нисбат ба маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар ҷомеаи муосири мамлакат мебошад. Гузашта аз ин, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд шуд, ки “То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад”. Ин пайғоми Сарвари давлат водор мекунад, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳар як нафар корманди соҳа роҳҳои нави замонавӣ ва усулҳои тозаи тадрисро роҳандозӣ намояд ва дастуроти мазкурро амалӣ созад.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб, ки сарчашмаи саодати инсон аст, ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки мо миллати китобхон ва китобнавис ҳастем. Шояд камтар миллате дар рӯи ҷаҳон бошад, ки ин қадар дороиҳои маънавии беназир дошта бошаду ҳамзамон онҳо дар саҳфаҳои китобҳо насб гашта. Шубҳае нест, ки китобҳо ҳамчун хазинаи маънавият ва маърифат на танҳо ифодагари таърихи пешин, балки дорои афкору андешаҳо ва ҳикматҳои ҷовидонае ҳастанд, ки имрӯз низ моро ба роҳи рост ва бунёдкорӣ раҳнамун месозанд. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба маънавияти ҷомеа маҳсуб мешавад. Ин озмун бемуҳобот марҳалаи наверо дар худшиносии миллии ҷомеа оғоз бахшид ва он самараи хешро баъди чанд сол бештар ошкор хоҳад кард. Ҳадяи китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оила рамзи эҳтиром ба миллат, фарзандони фарзонаи миллат ва ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ҳадяи Пешвои миллат агар аз муҳаббати бепоёни эшон ба таърих ва тамаддуни кишвар бошад, пас мутолиаи он барои ҳар як нафар сокини ин диёр фарз аст. Эълон шудани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Пешвои миллат ин на танҳо масъулият ба дӯши кормандони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, балки масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди кишвар аст. Дар баробари ин, ба қавли Пешвои миллат, “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”.

Зеро забон нахустин ифодагари миллати мост ва расидан ба қадру қимати он вазифаи шаҳрвандии мост. Аз ҷониби дигар, маҳз забон моро ба олами маънӣ раҳнамун месозад ва тавассути ин забони ноб мо бо осори бузургони миллат ошно мешавем. Маҳз, кулли илми ҷаҳонӣ дар нигоштаҳои олимон, муҳаққиқон, адибон ва муаррихони классикии мо нуҳуфтааст ва забон калиди он ганҷинаҳои бебаҳои миллии мост. Пешвои миллат дар канори забони модарӣ донистани забонҳои дигарро низ муҳим мешуморанд, зеро барои дастёбӣ ба илмҳои дақиқ донистани забони англисӣ ва русӣ роҳи моро наздик мекунад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайғоми тоза ва таърихӣ - ин аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул шудани қарор доир ба баргузории ҷашнҳои 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ мебошад.

Ба қавли Президенти кишвар, “Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад”. Навид беҳтарин ҳадя барои олимону муҳаққиқон, донишмандону мутахассисон ва ҳар як нафар фарди худогоҳи миллат мебошад.

Ин маънии онро дорад, ки олам муқаддамӣ ва соҳибтамаддунии миллати моро расман пазируфт ва таърих бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик дар саргаҳи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳон қарор дорад. Ин барои мо танҳо ифтихор нест, балки масъулият дар мавриди меросбарӣ ва меросдорист. Ва талқин намудани Пешвои миллат ба китоб ва илму маърифат ба хотири дарки воқеии масъулияти меросдорӣ ифодагари маърифати баланди Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар масъалаи маънавияти ҷомеаро фарогир буд, ки он ҳамчун чароғи нурбахши фардои миллат шоистаи эхтиром ва эътимоди мардуми Тоҷикистон аст .

Саидумрон САИДОВ,
дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh