Ҷамоати деҳот Рӯмон номгузорӣ шуд

Дар остонаи Соли нави мелодии 2020 сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, тибқи дастури Кумитаи истилоҳот ва забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бобати арҷгузорӣ ба фарҳанги қадимаву ифтихор аз ориётабор будан қарор доданд, ки номи ҷамоати деҳотро ба номи қадимтарин деҳаи ноҳия - Рӯмони таърихи беш аз 2500 - сола дошта иваз намоянд.

Масъалаи мазкур санаи 20 - уми декабри соли 2019 дар маҷлиси фаъолони ҷамоат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Сокини деҳа, собиқадори матбуоти тоҷик, хабарнигори махсуси нашрияи «Садои мардум» дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов, ки дар таҳқиқи таърихи ин деҳаи қадима камар бастааст, пешниҳод кард, ба ҷамоат - Рӯмон номгузорӣ шавад.

Пешниҳоди мазкур таи ду ҳафта байни олимону аҳли зиё ва муаррихон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бобати ин масъала фикру мулоҳизаи муаррихон, докторҳои илмҳои таърих Назирҷон Турсунов ва Абдуллоҷон Мирбобоев низ гирифта шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар саҳифаи фейсбукии худ ташреҳи муфассалро оид ба номи қадима ва дар китоби муқаддаси “Авесто” зикр шудани ин ном овард, ки он аз ҷониби дигар олимону аҳли зиё ҳамовозии умум ёфт. Н

иҳоят, масъалаи мазкур дар иҷлосияи 22 - юми Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳот (даъвати V) баррасӣ ва тариқи овоздиҳии пӯшида бо аксари овозҳо пешниҳоди номгузорӣ шудани Ҷамоати деҳоти Рӯмон ҷонибдорӣ ёфт. Дар як вақт ин гуна қарор аз ҷониби иҷлосияи 22 - юми Маҷлиси вакилони халқи (даъвати V) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санаи 30 – юми декабри соли 2019 низ қабул карда шуд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
сокини деҳаи Рӯмон

Add comment


Security code
Refresh