Дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ оғоз ёфт

7 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ба сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузошт.

Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода бунёд хоҳад шуд ва тибқи лоиҳа иншоот аз се ошёна иборат аст. Меҳмонхона дорои 25 ҳуҷра ва 50 рахти хоб, инчунин толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва таваққуфгоҳ буда, ба иттилои муассисон барои меҳмонон маркази хизматрасонӣ низ ташкил карда мешавад.

Масоҳати умумии бино 3000 метри мураббаъ аст ва барои сохтмон зиёда аз 12 миллион сомонӣ масраф гардида, ба корҳои сохтмониву васлкунӣ зиёда аз 20 нафар ҷалб мегарданд.

Баъди ба истифода супоридани иншоот дар меҳмонхона 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бунёди чунин иншоотро дар ҳар як минтқаи вилоят амри зарурӣ арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки имрӯз  соҳибкорони ватандӯст бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ободонии маҳал саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh