Дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст идома дорад

7 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар идомаи ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бунёди Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст идома дорад.

Лоиҳаи Қасри фарҳанг аз ҷониби Паҷӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода шуда, тибқи нақша барои корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии иншоот беш аз 30 млн. сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Сохтмон”-и ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар бунёди иншооти нави фарҳангӣ 4 бригада бо фарогирии 45 нафар сохтмончиён фаъолият доранд ва мувофиқи нақша сохтмони Қасри фарҳанг бояд соли равон ба анҷом расонида шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки бунёди чунин иншоот бешак барои пешрафти соҳаи фарҳанг мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh