“ТОҶИКОН” КИТОБИ РӮИМИЗИИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Агар хоҳед, ки обрӯи халқи худро нигоҳ доред ва шаъну шарафи онро афзоед, маслиҳати ман ин аст: хонед, таърихи кишвари худро чуқур омӯзед ва аҷдодони худро шиносед. Фаромӯш накунед, ки корномаи илмии Шумо дар роҳи тараққиёти иқтисодиёт ва маданият кӯмак мерасонад» - мехонам дар пештоқи яке аз толорҳои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров.

Ин сатрҳои пурмуҳтаво, ин суханҳои баландмазмун, ки ифодагари замири нависандааш мебошад, аз ҷониби кӣ навишта шуда бошад? Кист ӯ, ки ин қадар орифона, отифона ва қаҳрамонона сухан мегӯяду ба халқаш таъкид менамояд, ки донистани таърихи кишвар боиси пешрафти мамлакат мегардад. Ӯ кист, ки байни ҳамагон ин қадар маҳбубият дораду номи қаҳрамониро ба худ гирифтааст?

Ба ному насаби ин шахсияти нотакрор номи ноҳияи калонтарини вилояти Суғдро, муассисаҳои таълимию донишгоҳи бузургтаринро, ки ҳамасола даҳҳо ва садҳо ташналаби илмро ба оғӯш мекашад, гузоштаанд. Ҷавоби суоли худро аз суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дармеёбам: «Рӯҳи тавонои фарзанди фарзонаи халқ, академик Бобоҷон Fафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ - «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушду такомули таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд.

Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зарра - зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум ҳастанд». Нуктаҳои бунёдии Паёми навбатии Сарвари давлат ҷиҳати аз фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудани шоҳасари Бобоҷон Fафуров китоби «Тоҷикон» бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик мо, мардуми кишварро басо хушнуд гардонд. Зеро арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург буда, Бобоҷон Fафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.

Профессор, устоди Донишгоҳи Кобул Ҷалолиддини Сиддиқӣ дар мақолаи худ таҳти унвони «Бозтоби паҷӯҳишҳои муҳаққиқони тоҷик дар Афғонистон» ё худ чанд сухан аз нашри «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров дар Афғонистон чунин менависад: «…бо амиқ шудани равобити дӯстонаи Афғонистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ робитаи фарҳангӣ ва маданӣ ҳам густариш ёфт. Донишҷӯёни университети Кобул дар симои устодони шӯравӣ беҳтарин рафиқ ва беҳтарин омӯзгорони хешро мебинанд. Ин буд, ки мо тасмим гирифтем барои огоҳии бештари устодон ва донишҷӯён китобҳои таърихӣ, фалсафӣ ва иҷтимоӣ аз забони тоҷикии кунунӣ ва ҳуруфи маъмули он ба дарӣ ва ҳуруфи арабӣ баргардон ва чоп шавад.

Дар ин замина, китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқони ростин ва вафодор ба идеология ва методологияи пешрави асри мо қарор гирифт. Ва қарор шуд, то ин китоби арзанда ҳам баргардон гардад ва барои чоп омода сохта шавад. Ҳамчунин, мудири кафедраи таърихи умумии факултети улуми иҷтимоӣ, ки дар яке аз конгрессҳои ҷаҳонӣ дар Деҳлии Нав бо Бобоҷон Fафуров ҳамсуҳбат шуда буд, ба дониши ҳайратангези таърихии вай шефта гашта, таъкид кард, ки ин кор дар навбати аввал бояд сурат гирад. “Ин кор дар шароити он рӯзҳо, бисёр бо душворӣ пеш мерафт. Ман аз соати 3 - и рӯз то соати 11 - и шаб дар хонаи Равшан Раҳмон кор мекардам. Ва баъд аз ҳар фасл аз китоби «Тоҷикон», ки ба итмом мерасид, ним соат истироҳат мекардем ва бақия боз корамонро бо шиддат анҷом медодем.

Ҳатто баъзе шабҳо, ки рӯшноии барқ қатъ мегашт, бо чароғи карасинӣ боз ба кори худ идома медодем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба аъмоли зидди мардумии душманони мардуми Афғонистон, ки бо ба пирӯзӣ расонидани инқилоби миллӣ ва демократии Савр дари хушбахтӣ ва пешрафтро ба рӯи тамоми бошандагони Афғонистон кушода буданд, таваҷҷуҳ намедодем, то дар зарфи ду моҳ китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров дар ду бахш ба чоп супурда шуд».

Бале, «Тоҷикон» дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи мардуми тоҷик ҳамроҳи халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст. Ва фарозу фурудҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бо диққати олимона баён доштааст. Аз ин асар таърихшиносон, бостоншиносон, диншиносон, наҷодшиносон, башаршиносон, ҷуғрофидонон, забондонон, адабиётшиносон, рассомон, фолклоршиносон ва дигар муҳаққиқони риштаи улуми гуногун метавонанд, баҳра бигиранд ва истифода намоянд. Ин аст, «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров аз сӯи муҳаққиқон ва хонандагони бисёр ба некӣ истиқбол шуда, мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифтааст, мардум онро мутолиа карданд ва писандиданд.

 Ба гуфтаи Президенти кишварамон, дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз асли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.

Санаи 31 - уми декабри соли 2019 ба рӯзи тавлиди таърихнигор, шарқшинос, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ИҶШС, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров 110 сол пур шуд. Номи алломаи Машриқзамин Бобоҷон Fафуров на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ақсои олам маълуму машҳур аст, зеро аз ӯ мероси гаронбаҳои илмӣ боқӣ мондааст, ки «Тоҷикон» ном дорад. Хушбахтона, номи ин инсони шариф ва таърихшиноси нотакрор барои миллату мардуми тоҷик ҷовидона аст. Баҳри нигаҳдорӣ ва пояндаву зинда доштани хотираи неки ин абармард корҳои бузург ба анҷом расидаанд. Иқдоми наҷиб ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар аввалан таъсис додани осорхонаи Бобоҷон Fафуров дар зодгоҳаш бошад, чопи навбатии китоби «Тоҷикон» ва тақдими он ба ҳар оилаи кишвар аз инсондӯстию меҳанпарастӣ ва қадр кардани гузаштагони худ аз ҷониби Сарвари давлат мебошад.

 Доктори илмҳои таърих, профессор, директори муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров - Ҳабибулло Холҷӯраев таъсиси осорхонаро аз арҷгузории Сарвари давлат ба заҳмати абармардони кишвар медонад. - Дар яке аз сафарҳоям ба Москва ҳамроҳи як гурӯҳ олимон ба осорхонаи нависандаи машҳури рус Лев Толстой ба Ясная Поляна рафтем. Дурии роҳ магар яке аз ҳамроҳонамонро кӯфта кард, ки гуфт: «Осорхонаи Толстой хеле аҷоиб будааст, аз он таассуроти ғанӣ бардоштем, лекин чаро он дар пойтахт - Москва бунёд наёфтааст. Аз дурии роҳ азият кашидем». Бобоҷон Fафуров, ки аз ин суҳбат бохабар буданд, андешамандона гуфтанд: «Аслан осорхонаи одамони машҳур дар зодгоҳашон сохта мешавад. Инсон, пеш аз ҳама, дар макони тавлидёфта - Ватани худ бояд соҳибобрӯ гардад».

 Ҳар як сухани аллома Бобоҷон Fафуровро Ҳабибулло Холҷӯраев ҳангоми таъсиси осорхона ба номи он кас ба ёд меовард. Гарчанде ки устод Бобоҷон Fафуров суханашонро он замон ба номи каси дигар нигаронида гуфта бошанд ҳам, аммо онро ба сифати ишора қабул карда, ташаббуси Сарвари давлатамон баъди боздид аз маҳалли зисти Бобоҷон Fафуров ва таъсиси осорхона писанди ҳамагон гардид. Таваҷҷуҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҳодисоту воқеаҳои солҳои 90 - уми асри гузашта ва аҳволи иқтисодии мамлакат, норасоии маблағ барои эҳтиёҷоти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ иқдоми хайрхоҳонаи таъсиси осорхонаро дар нимароҳ намонд. Президенти мамлакатамон дар баробари шиносоӣ бо сохтмони бинои осорхона якҷоя кардани хоначаҳои хурд - хурди мавҷуда, аз байн бардоштани деворҳои он ва ба толори васею барҳаво табдил додани ин маконро дастур доданд. Таклиф аз ҷониби ҳамагон писандида гардид ва ба иҷрояш камари ҳиммат бастанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки маҳз бо ташаббуси Президенти муҳтарами мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон осорхона мақоми ҷумҳуриявиро доро буда, бо номи «Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Fафуров» дар ҷаҳон шуҳратёр шудааст. Месазад, ки имрӯз «Тоҷикон» - и аллома Бобоҷон Fафуров китоби рӯимизии ҳар фарди тоҷик гардад, зеро он моро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки таи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҳидоятгар аст.

Бояд гуфт, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловариҳои гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Маҳз зинда кардани зиндагиномаи мардуми тоҷик аз ҷониби академик Бобоҷон Fафуров имрӯзиёнро водор месозад, ки бо номи калонтарин ноҳияи вилояти Суғд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, даҳҳо кӯчаву мавзеъҳои таърихӣ, ки номи Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуровро гирифтааст, ифтихор дошта бошему насли ояндаро аз ориёитабор будани худ бохабар созем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ сарафроз бошем.

Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh