Роҳнамои зиндагӣ

Соли 2011 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати 100 - умин солгарди академик Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” ба забони англисӣ тарҷума шуда, дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 50 ҳазор нусха аз чоп баромад.

Аллома Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна, ҳаёти қавму қабилаҳои мухталифи аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ, тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ, вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарорсозии сохти феодалӣ баён кардаанд. Аз қадимулайём миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, мавқеъ ва нақши он дар шоҳасари “Тоҷикон” таҷассум ёфтааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид карданд, ки “таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” - ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ дастрасии китоби “Тоҷикон” эҳёи асолати миллӣ буда, он ба шарофати хирадпешагии Пешвои муаззами миллат рӯи кор омадааст. Миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро рамзи саодат, соҳибихтиёрӣ ва пойдорию бақои миллат дониста, такягоҳаш сулҳ мебошад. Дар Паёми худ Пешвои миллати тоҷикон ба соҳаи маориф низ диққати махсус дода, рушду нумӯи кишварамон ва саводноку бомаърифат гардидани наслҳои ояндаи миллатамонро дар мадди аввал гузоштанд.

 Сохтмони бинои мактабҳои замонавӣ, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳҳо муассисаҳои таълимӣ дар деҳаву маҳалҳои дурдасти аҳолинишин ҳоло ҳам идома дорад, ки ин мақсади ягонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри маърифатнокии насли имрӯз ва фардои миллат мебошад. Пешвои миллат, инчунин сохтмони муассисаҳои таълимиро, ки барои коҳиш додани норасоии ҷойҳои нишаст мусоидат мекунад, тавсия доданд. Боз таъкид сохтанд, кимуассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо беҳтарин шароити таълиму тарбия фаро гирифта шаванд. Дар ин бобат дар Паём омадааст: “Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд”. Боиси ифтихор ва сарбаландии мо, омӯзгорон мебошад, ки Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф эътибори ҳамаҷониба медиҳанд. Инчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи заҳмати созандаи сокинони ҷумҳуриамонро мусбат баҳогузорӣ карда, таъкид намуданд, ки барои омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ аҳамияти хоса дода шавад.

Саодати халқи тоҷик аст, ки дар доираи ироа гардидани Паёмҳои равшаниафрӯзи Президенти мамлакат ҳамасола он роҳнамои муҳими зиндагии шоиста ва шарафёб гардидан ба комёбиҳои нав тарҳрезӣ мегардад.

Шаҳноза САНГИНОВА,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh