Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард

17 январи соли 2020 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури ғолибони озмунҳои вилоятӣ таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии дастовардҳои миллат ва кишвар пайваста чораҷўӣ мекунад. Дар соли 2019 дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷўёну ҷавонон, муайян намудани беҳтаринҳо дар самти илмомўзӣ, китобхонӣ, ҳунармандӣ, зебоипарастӣ, худшиносию ватандўстӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ як силсила қарорҳои Раиси вилоят ба имзо расида, мавриди иҷро қарор гирифтанд.

Дар асоси қарорҳои Раиси вилоят озмунҳои вилоятии «Донишҷўи сол-2019», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019», «Китобхонаи намунавии вилоят дар соли 2019», «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғонии беҳтарин ба сайёҳон», «Суратгири беҳтарин таҳти унвони «Акси зебои кишварам», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ» ва «Фестивали оши палов» дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ  дар сатҳи баланди омодагӣ ҷараён гирифта, дар онҳо ҳазорон сокинону ҷавонони вилоят иштирок намуданд, ки аз ҳавасмандии зиёди иштирокчиён дар тарғиби ҳунару санъат, илму дониш ва дастоварҳои дар самтҳои мухталифи ноилшудаи онҳо дарак медиҳад.

Ҳайати ҳакамон сатҳи дониш ва эъҷози ҳунари ҳамаи довталабонро тибқи муқаррароти низомномаи озмунҳо холисона баҳогузорӣ карда, беҳтаринҳоро ҳамчун ғолиби озмун муайян карданд.

-Таваҷҷуҳ ба илму адаб, маънавиёту фарҳанг, рушди илму ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқ, забономўзӣ, китоб ва китобхонӣ, омўзиш  ва аз худ намудани технологияҳои муосири замонавӣ ва ихтироъкорӣ дар байни насли ҷавон, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарбияи ватандўстии насли ояндасоз нишони барҷастаи ғамхории давлат барои такмили тафаккури аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад, - иброз дошт Раиси вилоят.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин афзуд, ки бовариву эътимоди давлату миллат ба насли наврасу ҷавони кишвар торафт бештар гардида, талошу кўшишҳои онҳо дар самти созандагиву ихтироъкорӣ ҳамаҷиҳата мавриди ғамхорӣ ва қадршиносӣ қарор мегирад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 50 нафар ғолибони озмунҳои вилоятии «Донишҷўи сол-2019», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019», «Китобхонаи намунавии вилоят дар соли 2019», «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғонии беҳтарин ба сайёҳон», «Суратгири беҳтарин таҳти унвони «Акси зебои кишварам», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ» ва «Фестивали оши палов»  мукофотпулиҳо дар ҳаҷми умумии 137 800 сомонӣ тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh