Шинохти анъана

Чунонки маълум аст, мақсади асосии осорхонаҳо ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Осорхонаи вилоятии МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар қатори ҷамъоварии дигар ёдгориҳои таърихӣ лаганди мисиро харидорӣ намуд. Лаганд байзашакл буда, маркази он бо нақшҳои зооморфӣ оро дода шуда, дар дохили он 8 ҳайвони дарранда тасвир ёфтааст.

Дар гирди он бошад, нақшаҳои хатти рост, даврача, ислимӣ, дандона ва нуқта акс ёфтааст. Лаби лаганд аз қисми марказаш каме баландтар сохта шуда, ду паҳлуи лаганд даста дорад. Бо назардошти ҳамаи ин метавон арзёбӣ кард, ки ҳолати ин лаганд хуб буда, дар шинохти анъана ва фарҳанги ибтидои асри ХХ судманд аст.

Минбаъд осорхонаи вилоятӣ дар ҷамъоварии чунин ёдгориҳои таърихӣ, ки инъикоскунандаи маданияту фарҳанги миллии ҳар давр ба ҳисоб меравад, фаъолияти пурсамари худро ба роҳ хоҳад монд.

Сайфияхон ИСЛОМОВА,
Мавҷуда БОЙМАТОВА,
кормандони илмии МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Add comment


Security code
Refresh