Бунёди Қасри фарҳанг - мусоидат ба рушди маънавиёт

Санаи 1 - уми феврали соли 2020 Раиси вилоят  Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Бӯстон бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, аз наздик шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва дар сӯҳбат бо сохтмончиён таъкид дошт, ки иншооти мазкур бо ибтикори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, тибқи лоиҳа барои  1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қасри фарҳанг аз ҷониби Паҷӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода шуда, тибқи нақша, барои корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии иншоот беш аз 30 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Сохтмон” - и ноҳия мебошад.

 Тибқи иттилои масъулин алҳол дар бунёди ин иншооти фарҳангӣ наздик 50 нафар сохтмончӣ фаъолият дошта, мувофиқи нақша сохтмони Қасри фарҳанг бояд то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба анҷом расонида шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки бунёди чунин иншоот, бешак, барои пешрафти соҳаи фарҳанг ва боло рафтани ҳисси худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандории мардуми ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, ба роҳбарияти ноҳия ва сохтмончиён дастур дода шуд, ки бояд майдони саҳни Қасри фарҳанг низ ободу зебо гардида, ба мавзеи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва сайру сайёҳати сокинони ноҳия мубаддал шавад. Тибқи дастури Раиси вилоят дар боғи назди Қасри фарҳанг фаввораҳо, гулгаштҳо, барои кӯдакон шаҳракаи афсонавӣ бунёд гардида, чархофалак бозсозӣ карда хоҳад шуд.  

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh