ҚАДРШИНОСИИ МЕҲНАТИ РӮЗНОМАНИГОР

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни «Хомаи созанда - 2019»

Санаи 5 - уми феврали соли 2020 дар Кохи Суғдиёни маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ҷоизасупории озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2019» доир шуд.

Котиби матбуотии Раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов дар маросими ҷоизасупорӣ иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади дастгирии журналистон ва сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни журналистон барои беҳтарин маводи журналистӣ озмун эълон намуда буд.

Озмуни мазкур, тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 июни соли 2019, №283 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2019», гузаронида, тибқи муқаррарот қабули маводҳо ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷа, беш аз 50 нафар журналистон дар номинатсияҳои “Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи саноат”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ” ва “Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаҳои мардумӣ тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва фоторепортаж” маводи худро барои баррасӣ пешниҳод намуданд ва ҳайати ҳакамон барандагони озмунро муайян карданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят ба ғолибони озмун - Равзалӣ Амонов - хабарнигори телевизиони “Тоҷикистон” дар вилоят, Фарҳоди Раҳмат – хабарнигори телевизиони “Тоҷикистон” дар водии Зарафшон, Афзал Босолиев – хабарнигори телевизиони “Азия”, Мавҷуда Дадобоева – муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Рустамбек Аҳмадов - хабарнигори телевизиони “Диёр”, Муҳаммадназир Келдиев - хабарнигори телевизиони “Сафина”, Маҳмадбердӣ Мамадов - хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Субҳиддин Қодиров – муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Мастона Муҳидиллозода – хабарнигори радиои “Тоҷикистон”, Мадина Узоқова – хабарнигори радиои “Суғд”, Каримбой Юлдошев – хабарнигори радиои “Тироз”, Меҳрубон Ҳасанов - хабарнигори радиои “Дунё”, Ҷӯра Юсуфӣ – хабарнигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”, Тилав Расулзода – хабарнигори оҷонсии “Фергана”, Мавзуна Дадобоева – хабарнигори рӯзномаи “Согдийская правда”, Адиба Мирзоева – корманди маҷаллаи “Паёми Суғд”, Гулҷаҳон Махкамова, Гулҷаҳон Турсунзода – хабарнигорони рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, Неъматулло Мирсаидов – рӯзноманигори мустақил, Ойдиной Сулаймонова – хабарнигори рӯзномаи “Суғд ҳақиқати” ва дигарон диплому мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1500 сомонӣ то 6000 сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh