Машварати кории Раиси вилоят дар доираи корҳои ободонӣ ва таҷлили ҷашнҳо

Ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯзи аҷам соли ҷорӣ дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашн корҳои ободонӣ дар мамлакат босуръат идома дорад.

Боиси кайд аст, ки дар қатори чорабиниҳои наврӯзӣ Фестивали «Сайри гули лола», Иди асал, намоиши нон ва маҳсулоти нонӣ кишоварзони вилоят бори аввал Иди картошка-яке аз маҳсулоти ниёзи аввалро гузарониданианд. Вобаста ба ин дар боғи Камоли Хуҷандӣ, ки  маркази баргузории чорабиниҳост, бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулони соҳаҳои мухталиф машварати корӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят ба шахсони мутасаддӣ, аз ҷумла роҳбарияти Ҷамъияти иттифоқи матлуботи вилоят доир ба дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо вазифаҳои мушаххас гузошт. Дастур дода шуд, ки нонҳои минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла нон ва маҳсулоти нонии Хуҷанду Зарафшон, Хатлону Бадахшон дар ин намоишгоҳ пешкаши меҳмонон гардонда шавад, то ҳамагон аз намудҳои гуногуни нон ва маҳсулоти нонӣ бохабар бошанд, аз анъанаҳои миллии ҳамдигар огоҳӣ пайдо намоянд.  Ҳамчунин таъкид гардид, ки баргузории Иди асл барои рушди соҳаи занбӯрпарварӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин раванд низ масъулин вазифадор шуданд, ки Иди асал дар сатҳи баланд ва зарурӣ баргузор гардад.

Навгонии дигар ин бори аввал дар вилоят гузаронида шудани Иди картошка буда, Раиси вилоят супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар панҷ соли минбаъда ба 1 миллион тонна расондани ҳосили картошкаро хотиррасон ва баргузории Иди картошкаро бо ҳамин мақсад разёбӣ кард.

Хотиррасон бояд кард, ки соли равон дар раванди таҷлили ҷашнҳои бузурги кишвар 700-солагии шоири номвар Камоли Хуҷандӣ низ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бо назардошти наздик омадани замони баргузории ҷашнҳо Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки омодагии ҳамаҷониба дида шуда, корҳои ободонӣ вусъат ёбад.

Add comment


Security code
Refresh