САРАЗМ – ИФТИХОРИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати кӯҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистаанд. - Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 – солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем, - таъкид намуданд Президенти мамлакат. Оре, Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Тоҷикистони азизамон мебошад.

Ва маҳз бо мақсади ҳифзи ин ёдгории таърихӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 -ум ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Саразм мамнуъгоҳи таърихӣ - бостоншиносӣ эълон гардид. Баъди ба тасвиб расидани қарор баҳри ҳифозати ин иншооти таърихӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида шуданд. Дар давоми солҳои 2004 - 2008-ум панҷ ёдгории таърихии ин иншоот болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд.

Аз соли 1976 то имрӯз корҳои илмӣ - паҷӯҳишӣ аз ҷониби бостоншиносони номии кишварамон, ҳамчунин олимон аз мамолики хориҷа идома дорад. То ин дам чандин китобҳо вобаста ба кашфиёт, таърих ва ёдгориҳои Саразм ба нашр расидаанд. Ин мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ соли 2020 ба феҳрасти Мероси умумибашарии ёдгориҳои таърихии муҳофизатшаванда шомил карда шуд, ки ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар сокини кишвар аст.

Дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бобати ҳифозати ҳамаҷонибаи ин ёдгорӣ мо - ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус сокинони шаҳри Панҷакентро водор менамояд, ки баҳри муҳофизату бегазанд ба ояндагон гузоштани ин ганҷинаи таърих масъулияти баланд эҳсос намоем.

Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, дар ин замони пуртазод он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошад ва ба осори ниёгони худ арҷ гузорад.

Ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҳар як сокини мамлакат, бахусус мо - омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқро вазифадор менамояд, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватандорӣ, инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.

Майсара АЗИЗҚУЛОВА,
омӯзгори фанни таърих
 ва ҳуқуқи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh