Хуҷанд: ТАШРИФИ 6,5 ҲАЗОР НАФАР САЙЁҲ ДАР СОЛИ 2019

Соҳаи туризм яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёт эътироф гаштааст. Дар аксар мамолики ҷаҳон ин соҳа дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши муҳим бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири мусбат мерасонад.

Тоҷикистони биҳиштосои мо низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Вилояти Суғд дар самти инкишоф ва пешбурди соҳаи сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои калонтарини сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва худро муаррифӣ менамояд. Имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки бинобар ба анҷом расонидани корҳои зиёд ба вилоят аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон сайёҳон баҳри шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик меоянд.

Дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд, ки яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ ба шумор меравад, баҳри рушди соҳа чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодааст. Давоми соли 2019 ба Хуҷанд беш аз 6,5 ҳазор нафар сайёҳ ташриф овардаанд, ин далолат медиҳад, ки назар, диққат ва таваҷҷуҳи сайёҳон нисбат ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои халқи тоҷик беш гардидааст.

Кюгер Вебер - сайёҳ аз Олмон:

- Дар кишвари Олмон бо чанд нафар ҷавон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо кардам ва вақте таърифи табиати зебо ва меваҳои шаҳдбори тоҷиконро шунидам, ҳисси тамошобиниам баланд гардид. Тариқи расонаҳои интернетӣ аз расму русуми тоҷикон маълумоти зиёде пайдо кардам. Ҳамасола ба кишварҳои ҷаҳон сафар мекардам ва ин навбат ба сарзамини тоҷикон ҳамроҳи оилаам омадам. Дарвоқеъ, сарзамини тоҷикон ва мардуми меҳмоннавози ин ҷо бароямон писанд омад...

Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, дар шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ 9 муассисаи сайёҳӣ, аз ҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”, “Саёҳати олӣ”, “Олами саёҳат”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон - тур”, филиали ҶДММ “Вояҷпур”, филиали ҶДММ “Шоҳинтур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хатсайрҳои нави “Қалъаи Хуҷанд”, “Душанбе - пойтахти Тоҷикистон”, “Кӯҳистони нишот”, “Водии ҳунармандон”, “Панҷакенти бостонӣ”, “Зебогии кӯҳҳои Шаҳристон”, “Конибодоми таърихӣ”, “Баҳри тоҷик” ва “Хони кушода” фаъолияти пурсамар доранд.

Санъатой Улдошева – сайёҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

- Ҳанӯз дар даврони кӯдакиам дар бораи хешутабории бобою бибиам бо тоҷикон нақлҳои аҷибе шунида, вале боре ба Тоҷикистон наомада будам. Хушбахтона, пас аз кушода шудани сарҳадҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар имконияти ба кишварҳо омаданҳо зиёд гардид. Ростӣ, пас аз ба шаҳри Хуҷанд расидан бовариам намеомад, ки то кадом андоза мо бо ҳам монандӣ дорем, зеро расму оинҳои мардуми ӯзбеку тоҷик ба ҳам зич алоқаманд ҳастанд. Аз ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатӣ дидан карда, барои худ олами наву рангинеро боз намудам.

Зикр бояд дошт, ки айни ҳол дар шаҳр барои қабули сайёҳон 14 меҳмонхона бо теъдоди 873 ҷойи қабули фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 16 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангу металлҳои қимматбаҳо, армуғон, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамоянд.

Ҳамчунин, дар шаҳр 36 ёдгории таърихӣ, 5 ёдгории археологӣ, 21 ёдгории шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh