Ҷашни Рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Санаи 14-уми феврал ба муносибати Рӯзи байналмилалии тақдими китоб дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабӣ таҳти унвони “Дӯстдорони китоб” баргузор гардид.

Ин ҳамоиш ҷиҳати  баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва тарғибу ташкиқи  муҳаббат ба китобхонӣ роҳандозӣ шуда, хубу хотирмон ҷарён гирифт.

Дар оғози маҳфил Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказии донишгоҳ перомуни нақши мутолиа дар рушди ҷомеа сухан намуда, ҳозиринро бо рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб таҳният гуфт.

Ҳамзамон дар бораи  аҳамияти мутолиа навори тарғиботӣ ба намоиш гузошта шуда, миёни иштирочиёни маҳфил суолу ҷавоб сурат гирифт.

Озмуни беҳтарин эссе, ки дар мавзӯи “Ман китобро дӯст медорам” эълон шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва китобҳои тозанашр қадр шуданд.

Ҳамзамон, садорати факултетҳои донишгоҳ баҳри ҳамкории зич ва ташрифи пайвастаи устодону донишҷӯён ба китобхонаи марказии донишгоҳ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Аз рӯйи номинатсияи мазкур ҷойҳо аввал, дуввум ва савум ба факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик ва факултети физика ва техника дода шуд.

Ҳамчунин, директори китобхона ҷиҳати тарғиби китобу китобдорӣ ва ҳамкориҳои судманд дар самти беҳбуд бахшидан ба маънавиёти мардум ба як қатор намояндагони воситаҳои ахбори омма сипоснома ва китобҳои арзишманд тақдим намуд.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh