Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии осоишгоҳ шинос шуд

Дар шаҳри Гулистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Турсуной Зокирова сохтмони осоишгоҳ барои 250 нафар бомаром идома дорад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос гардида, таъкид кард, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар беморхонаву марказҳои саломатӣ ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои замонавӣ бунёд шуда истодаанд, ки ҳамаи онҳо барои ҳифзи солимии ҷомеа хизмат мерасонанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 60 нафар сохтмончиён машғули коранд. Бино бо тарҳу намои зебо ва бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд карда хоҳад шуд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа ва сохтмончиён дастур дод, то корҳои сохтмониро дар асоси стандартҳои байналмилалӣ амалӣ намоянд. Воқеан, шаҳри Гулистон минтақаи сайёҳӣ буда, солҳои охир ба як макони дӯстдоштаву истироҳатии сокинон ва меҳмонони хориҷи мамлакат табдил ёфтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh