Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд

22 феврал бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Боғи таҷдидшудаистодаи истироҳатӣ-фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ даҳҳо бех дарахтҳои калонҳаҷми навъи каталпа магнолия шинонида шуд, ки ба ҳусни ин мавзеъи истироҳатӣ ҷилои дигар зам намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати умумии 6 гектар азнавсозӣ гардида, ба макони истироҳативу фароғатӣ табдил меёбад. Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардида, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ  расадхонаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ ва муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ гузошта мешавад.

Дар боғи мазкур ҳамчунин бунёди Амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, шаршара, силсилаи фаввораҳо, мавзеъи бозии кӯдакон - “Олами афсона”, гӯшаи ҳайвоноти зинда ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо раванди корҳои ободонӣ дар Боғи истироҳатӣ-фарҳангии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҷиҳати суръат бахшидани корҳо ва сифатнок анҷом додани он ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh