«Ҳақиқати Суғд» ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ


Матбуот аслиҳаи пурқудрат ва буррост ва дар ҳама давру замон бояд ҷорчии ҳақиқат бошад. Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» аз оғози таъсисёбии журналистикаи муосири тоҷик дар саргаҳи матбуоти тоҷик қарор гирифта, 90 сол аст, ки дар рушду таҳаввули рӯзноманигорӣ саҳм мегузорад. Рӯзнома аз оғози фаъолият мактаби хешро таъсис дод ва дар оғӯши он садҳо рӯзноманигорони касбӣ тарбия гирифтанд ва ин анъана аз насл ба насл идома меёбад.

«Ҳақиқати Суғд» дар фазои иттилоотии Тоҷикистон баробари иҷрои рисолати азалии хеш чун расонаи маҳаллӣ дар тарғибу ташвиқи сулҳу амният, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими андешаҳои башардӯстона саҳми бориз дорад. Рӯзнома аз оғози фаъолияти хеш ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии хонандагони худ аҳамияти аввалиндараҷа медод.

Тараннуми меҳри Ватан, ҳимояи марзу бум ва тарғиби ғояҳои ватанпарварона ҷавҳари мундариҷоти маводи рӯзномаро ташкил медод. Агар ба оинаи таърих назар дӯзем, идомаи ин анъанаи некро дарозои 90 сол ба мушоҳида мегирем. Хосатан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин рисолати хешро рӯзнома беш аз пеш дарк мекард.

Воқеан, аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ газета садоқати хешро нишон дод. Журналистон ва кормандони газетаи «Стахановчӣ» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») ба душвориҳои замони ҷанг нигоҳ накарда, кӯшиш менамуданд, рисолати касбии хешро дар назди Ватан - модар ба ҷо оранд. Чунончӣ, санаи 23 - юми июни соли 1941 рӯзномаи «Стахановчӣ» дар гӯшаи «Меҳнаткашони вилояти Ленинобод тайёранд, дар ҳар як дақиқа ҳар як супориши партия ва ҳукуматро иҷро карда, Ватани худро қаҳрамонона мудофиа кунанд», хабару мақолаҳоро аз митингҳои эътирозие, ки дар Ленинобод, Нов, Пролетар, Ӯротеппа, Чкалов, Қистақӯз баргузор шудааст, интишор намудааст.

Дар ҳамин шумораи газетаи «Стахановчӣ» Раҳим Ҷалил мақолаи «Марг ба фашизм» - ро чоп кардааст ва дар он нафрату адовати ба фашистон доштаи халқи худро ифода намудааст.

Мақоли Садриддин Айнӣ «Чингизи асри ХХ» ҳам, ки яке аз муҳимтарин мақолаи ватанхоҳонаи устод дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад, дар рӯзномаи мазкур (шумораи №195 (343), 15 - уми августи соли 1941) нашр шудааст.

Давоми солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзнома дар баробари хабару мақола тавассути ашъори адабӣ, бавиҷа шеъру достон ва ҳикояҳои пуртаъсир дар тарғибу ташвиқи ватандориву ҳимояи марзу бум саҳм мегузошт. Навиштаҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳиддин Фарҳат, Муҳиддин Аминзода, Қ.Осимӣ ва дигарон меҳри Ватан ва садоқат ба марзу бумро тараннум мекарданд. Масалан, машҳуртарин шеъри Ҳабиб Юсуфӣ «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» дар шумораи №177 (325) аз 25-уми июли соли 1941 дар саҳифаи 3-юми рӯзномаи «Стахановчӣ» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») нашр шудааст. Дар поёни шеъри мазкур санаи навишта шудани он ба тарзи зайл оварда шудааст: «Ҳабиб Юсуфӣ, Сталинобод, 25.VI.1941». Пас метавон гуфт, ки хонандагони вилоят аввалин бор тавассути рӯзномаи «Стахановчӣ» бо ин шеър, ки минбад гимни мардуми тоҷик мегардад, ошно гаштаанд. Дар ҳамин шумора шеъри Қ.Осимӣ «Қасами мо», Мирсаид Миршакар «Уқоби озод», шеъри М.Исаковский «Таронаи походӣ» дар тарҷумаи Раҳим Ҷалил нашр гардида, ба таблиғу ташвиқи муборизаи беамон бар фашизм бахшида шудааст. Чунончӣ, дар шеъри Мирсаид Миршакар омадааст:

Шағоли мурдахӯр девона Гитлер,

Ҳавас дорад, ки хокамро кунад зер.

Ҳавас дорад, ки озодии манро,

Кунад помолу гирад ин чаманро.

Ҳавас дорад, вале ман зинда ҳастам,

Ба ҳифзи хоки худ поянда ҳастам.

Намемонам, ки ғоратгар дарояд,

Ба мулки ман дари ғорат кушояд.

Воқеан, рӯзнома на танҳо паҳнкунандаи аввалини хабару рухдоди замон буд, балки ба сифати аввалин минбари шоирону нависандагон низ дар муаррифии ашъори тозаэҷоди онҳо саҳм мегузошт. Бисёре аз навиштаҳои таблиғотиву даъваткунандаи Абулқосим Лоҳутӣ, Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Фарҳат, Ҳаким Карим аввалин бор дар рӯзнома нашр шудаанд. Чунончӣ, мақолаи Р.Ҷалил «Марг ба фашизм» нафрату адовати ба фашистон доштаи халқро ифода мекунад.

Шеърҳои Мирзо Турснзода «Хотираи капитан» («Стахановчӣ» №198(346) аз 19.08.1941. с.2), Абулқосим Лоҳутӣ «Супориши модари советӣ» («Стахановчӣ» №216 (364), 09.09.1941. с.2), «Ба бародарони рус» («Стахановчӣ» №223(371), 17.09.1941. с.2), Раҳим Ҷалил «Мактуби модар ба писар» («Стахановчӣ» № 223(371), 17.09.1941. с.2), А.Шуурӣ (Аминҷон Шукӯҳӣ) «Шердухтар мезанад» («Стахановчӣ» №272 (419), 13.11.1941. с.2) ҳамин гуна мавзӯъву муҳтавои ватандӯстонаву таблиғотӣ доштанд.

Дар солҳои 1940 - 1945 рӯзнома дар тарғибу ташвиқи ҳаёти партиявӣ, инъикоси вазъи фронт, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, баланд намудани рӯҳияи ватанхоҳона, бештар намудани умеду бовар ба фардо, арҷгузории ғалаба, муттаҳидиву садоқати мардуми вилоят саҳм гузоштааст. Дар он солҳо рӯзнома таҳти рубрикаҳои «Аз бюрои информатсионии советӣ», «Ягонагии халқи советӣ душманро маҳв мекунад», «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалабаамон», «Ба армияи амалкунанда», «Дар соатҳои охирин», «Омӯзиши ҳарбии аҳолӣ», «Қаҳрамони ҷанги ватанӣ», «Техникаи ҳарбиро аз худ мекунем», «Ҳаёти партиявӣ», «Патриотҳои халқи советӣ», «Пахтачинӣ дар авҷ», «Ба давлат пахта бисёр медиҳем», «Дар фронти ҷанги ватанӣ», «Хабарҳои охирон», «Аз ахбороти бегоҳии… (сана», «Аз ахбороти пагоҳии... (сана)», «Ҳамаи корамонро ба манфиати фронт тобеъ мекунем» мавод интишор намудааст.

Ҳафиза Наимова аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карда, фаъолияти рӯзноманигоронро дар он давр қаҳрамонӣ унвон кардааст, ба виҷа дар ин росто саҳми занону духтаронро таъкид намуда, зикр кардааст, ки он замон «кори рӯзнома хеле душвор гардид. Чунки дар қатори ҳазорон ҷанговарон журналистон ҳам ба ҳимояи Ватан мерафтанд. Аз ҷумла Муҳаммадҷон ва Маннон Нурматовҳо, М.Эркабоев, А.Умаров, Ҳаким Набӣ, Ю.Бобоев, Ҳ.Содиқ ба хизмати Армияи Советӣ рафта буданд. Дар редаксияи газетаи вилоятии «Стахановчӣ» қариб аз нисф зиёди коллективро занону духтарон ташкил медоданд. Дар ин солҳо Муҳаррама Шокирова котиби масъул буд. Хоҳарон Шарафнисо, Наҷминисо, Қумринисо кор мекарданд. Ин хоҳарон аввалҳо дар матбаа кор кардаанд. Вақте ки дар матбаа қувваи корӣ намерасид, худи ҳамин хоҳарон материали тайёркардаи редаксияро чида медоданду дар саҳифабандӣ ба Қамар Қаюмова ёрӣ мерасониданд. Дар ин солҳо Марҳамат Хоҷаева, Умринисо Алиева мусаҳҳеҳ буданд.

Материалҳои рӯзномаро муҳаррири нав аз ҷанг омадаю маҷрӯҳ Ҳоҷӣ Содиқ бо машинистка Отуной Сатторова тайёр мекарданд, муаллим, устод Раҳим Ҷалил ҳамеша дар редаксия машғули кор буданд. Баъд аз ҷанг ба редаксия Хайрӣ Муҳиддинова омад».

Баъди солҳои ҷанг, ҳангоми барқароркуниҳои баъдиҷангӣ, сипас дар солҳои 70 - 80 - уми асри ХХ рӯзнома ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии меҳнаткашон, хусусан насли ҷавонон, диққати доимӣ дода, гӯшаи махсуси «Ватанам - СССР» - ро ташкил кардааст, ки моҳе ду маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд.

Ҳамзамон, рубрикаи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» низ вобаста ба ин мавзӯъ маводи ҷолиб пешниҳод менамуд. Мавриди зикр аст, ки маводи ин гӯша ва рубрикаҳоро журналисти ҷангноманавис Ҳасанбой Шарифов ба ӯҳда дошт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (айни ҳол «Ҳақиқати Суғд») барои хизматҳои шоёнаш дар тараннуми ватандорӣ ва саҳми боризаш дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ба муносибати 30 - солагии Иди Ғалаба бо Грамотаи фахрии КМ ДОСААФ, правленияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Комиссариати ҳарбии республика мукофотонида шудааст, ки боиси ифтихор ва саодатмандист.

Имрӯз рӯзнома инъикоси дастовардҳои неъмати бузурги миллат – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, рисолати аслии хешро дар инъикоси мавзӯъҳои умдаи рӯз, иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, тарғибу ташвиқи суръати нав касб кардани ҷараёни созандагӣ дар вилоят, бунёди шаҳру шаҳракҳои нав, ободии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона намуда, ҷаҳду талоши рӯзнома бобати солимии афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ошкор сохтани камбудиву норасоиҳои мавҷудаи ҷомеа боиси зикру таҳсин аст.

Аҳамияти виҷа ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии насли ҷавони ҷомеа аз мавзӯъҳои доимобаррасишавандаи рӯзнома буда, матолиби ҷолиб аз корнамоиву қаҳрамонии ҷавонписарон пайваста дарҷ мегарданд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

номзади илмҳои филологӣ

Add comment


Security code
Refresh