ЭҲСОСИ КАСБИЯТ ДАР РАДИФИ ЗАҲМАТ

Омӯзгор Ҳасан Содиқов яке аз ташкилотчиёни соҳаи мактабу маориф, гузашта роҳбари муваффақи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.

Дар оинаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва рӯзгори зиёиён – маърифатафрӯзон ӯ аз шахсиятҳои соҳибдонишу роҳнамои насли навраси замони муосир симову чеҳраи намоён дорад. Ӯ дар деҳаи ҳамешасабзу хушманзара, ба қавле, парвозгоҳи одамони сарбаланд – Худгифи Сояи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳ ба дунё омадааст. Мардумони ин гӯшаи фирдавсмисоли кишварамон дилкушоданду заҳматкаш, зебоипарастанду масъулиятдон. Хурду бузургсолонаш ҳама дар такопӯи ободонӣ, созандагӣ, дар роҳи манфиатбахшии ҷомеа, диёри арҷмандамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои қатъӣ доранд.

Ҳангоме ки бо омӯзгор-педагог Ҳасан Содиқов дар мавзӯи маърифату маънавиёт суҳбат доштем, ӯ аввал мухтасар аз роҳи донишандӯзӣ ва кору пайкори минбаъдааш сухан гуфт. Суханони ӯро чунин маъно бардоштем, гӯё «насиб зи боғи офариниш меваи муҳаббат, меҳру садоқат шудааст». Соли ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу ҳафт ӯ дар муассисаи ибтидоии деҳа ба таҳсил дил баста, баъди муҳоҷират ба Дилварзини тоҷикон хонданро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Мастчоҳ идома дода, ин таълимгоҳро соли ҳазору нӯҳсаду шасту ҳафт бомуваффақият хатм намудааст. Ва худи ҳамон сол ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ шомил шуда, ин донишгоҳи муътабарро соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду як ба итмом расонида, ба оғӯши фаъолияту меҳнати омӯзгорӣ фаро гирифта мешавад. Тақдири хизмат дар сафи армия ӯро солҳои ҳазору нӯҳсаду ҳафтоду ду то ҳафтоду сеюм ҳамчун соҳиби маълумоти олӣ аз имтиҳони ҷавонмардӣ гузаронд.

Минбаъд фаъолияти мустақилона барояш решапайванд шуд: солҳои ҳафтодуму ҳаштодум дар вазифаҳои муовини директор ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 бо азму суботи ба худ хос кор кард. Давоми бисту ду соли расо, аз соли ҳазору нӯҳсаду наваду як то дуҳазору сенздаҳ сарварии МТМУ №24 - и ноҳияро бар уҳда дошт. Дар байни омӯзгорон, директорони макотиб ва зиёиёни ноҳия мавқеи устувор, эътибору шарафмандиро таҳким бахшид. Ба гирифтани унвонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омӯзгори дараҷаи тахассуси олӣ сазовор шуд. Чунинанд роҳи камолоти касб, маърифат ва таълиму тарбият дар соҳаи маориф, ки Ҳасан Содиқов онро бардамона тай намудааст.

- Мегӯянд, зиндагӣ кӯшиш асту кӯшиш аст. Барои он ки инсон созанда аст, умраш беному нишон нагузорад, мебояд тарҳи зиндагии хешро бо дилаш, бо меҳраш созад ва бо ақл иҷрояш намояд, - мегӯяд Ҳасан Содиқов. – Ҳамин маъниро ба хубӣ дарк ва маҷрои кору меҳнат, зиндагиву ҳаётомӯзиро мебояд, ки бештару хубтар эҳсос намуда, даст ба кӯшиш қавитар гузорем.

- Яъне, ки муҳити зиндагӣ, кору меҳнатро худ бояд сохт? - савол медиҳем ба ӯ.

- Ин муҳитро, яъне ҷавҳари зиндагиву эътибори кору заҳматро ҳар кас бо дил, ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва забони худ месозад, агар он муҳит ба накӯкорӣ, манфиатрасонӣ ва дастгирӣ бахшида бошаду ҳамчун оина пурҷило, софу нурбор аксандозӣ намояд, - мегӯяд Ҳасан Содиқов.

Омӯзгори варзида, маърифатафрӯзи деҳа, педагоги соҳибтаҷриба Ҳасан Содиқов фарҳангдӯст, адабиётдӯст ва эҳтиромовари забони шевои тоҷикӣ мебошад. Дар меҳвари суҳбат ӯ чунин суханони воқеъбинонаро изҳор намуд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Президентамон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки «Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад».

- Дар ин самт, - гуфт ӯ,- оид ба гиромидошти забон ва мероси фарҳангиву тамаддун аз таърих ёдовар шавам ва аз дафтарчаи хотироташ чунин ҷумлаҳоро бихонд: – «Устод Садриидин Айнӣ соли ҳазору нӯҳсаду бисту ҳашт дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (шумораҳои 4 - 5) мақолае навишта, хулосаи шарқшиносеро тақвият додаанд: «Лаҳҷаи форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап мезананд, то имрӯз аз тарафи донишмандони забони форсӣ тафтиш нашудааст. Дар ин лаҳҷа аз ҷиҳати луғат ва аз ҷиҳати эъроб бисёр хосиятҳо ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба ёд меоранд, дар ин лаҳҷа замирҳо ва феълҳо назар ба лаҳҷаи ҳозираи Эрон ба таъсири забони бегона камтар дода шудаанд…»

Аз суҳбати Ҳасан Содиқов хеле баҳравар гардидем ва дар дил гуфтем, ки хислатҳои бо дониш фарогир буданаш, аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик ва адабиёти халқҳои дигар абёти зиёдеро азбар карданаш, дар лаҳзаҳои даркорӣ барои исботи фикраш шоҳбайтеро далел оварданаш ӯро обрӯманд намудаанд. Ин марди зиёӣ, ба қавле, саропо сидқу сафо, инсони комилу батадбир аст. Маҳбуби хонаводааш, азизи фарзандону наберагон аст, ки ҳама ӯро идеали ҳаётии хеш меҳисобанд.

Давоми фаъолияти омӯзгориаш ҳамчунин ӯ ба корҳои эҷодӣ пайваст, чун узви созмони рӯзноманигорони кишвар навиштаҳояш дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дарҷ гардидаву паёму башорати сухану қалами накӯкорона барояш овардаанд.

Гуфтаанд: - Инсон қобилияти фикр карданро дорад, мутобиқи зарурати тафаккураш ҷаҳони ботинии хешро месозад. Биноан, омӯзгори собиқадор, ботаҷриба ва педагоги ҳақиқӣ Ҳасан Содиқов ҳама амалкарди худро аз иродаи нек, накӯхисолӣ, тафаккур ва афкори хеш бархурдор гардида, ҷавҳару вологавҳарии илму дониш меҳисобаду хоксорона гуфтаи мутафаккиреро мисол меоварад: «Обу ранги мо ба олам оқибат гул мекунад, Бар замин ҳарчанд чун барги ҳино афтодаем».

Омӯзгори собиқадор ва эҷодкори соҳибмаърифат, собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Сафар Сафарзода мегӯяд, ки муаллим Ҳасан Содиқов фарди ростқавл асту содиқ будан ба касбу дониш нишони одамияти ӯст. Бо ӯ поктинатӣ, покдилӣ, поксириштӣ, покниятӣ тавъаманд. Дар ин раванд Мирзоҳамдам Шарифзода – Аълочии матбуоти Тоҷикистон, собиқ сармуҳаррири нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ - «Машъал» фикри худро чунин баён менамояд: - Имрӯз муаллим Ҳасан Содиқов собиқадори соҳаи мактабу маориф мебошаду ба дараҷаи баланди педагогӣ расидааст. Вале ин шахси хушниҳод фурӯтанӣ, сабурӣ ва сатҳи баланди маданияти худро ҳеҷ гум накардааст.

Биноан мо ба навиштаҳои худ бо ифодаи нури дили ӯ сафои одамият аст, хотима мебахшем, ки ин як ҳақиқати ба ҳазор оина тобон эҳсос мегардад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

аъзои Иттифоқи

 журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh