ПОЙДЕВОРИ ОИЛА - АҚДИ НИКОҲ

Пойдевори оила аз самимияту эҳтироми ҳамдигар, меҳру муҳаббат, адолату шавкат устувору мустаҳкам мешавад, зеро «оилаи солим - ҷомеаи солим» мегӯянд. Ҳоло мушкилоти асосӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа қасд ба ҷони худ намудан, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва боз дигар муаммоҳои ҳолати иҷтимоидошта бештар гардидаанд. Мутаассифона, ҷавонони мо дар ин ҳолат боз ба мушкилии дигар рӯ ба рӯ мегарданд: масъалаи ақди никоҳи мусулмонӣ. Дар ин бобат ва дигар масъалаҳои марбут ба оила ва оиладорӣ мусоҳиби мо, номзади улуми суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода.

- Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат буда, дар фарҳанги куҳанбунёди миллати мо ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулпазириро дар худ таҷассум мекунад.

Оилаи солим ҷомеаи солим буда, рукни асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар оила солиму тифоқ бошад, ҷомеа низ обод мешавад ва ободии ҷомеа ба ободии миллату давлат марбут аст.

Муҳаббат поягузори оилаи солим буда, он аз меҳру муҳаббат оғоз мешавад ва тифл ҳатман он тарбияеро мегирад, ки волидон ба ӯ медиҳанд. Оила бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад. Оила маконест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад.

Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон, инчунин аз оқилона ташкил кардани муҳит барои ҳаёти кӯдакон низ вобаста аст, то ин ки онҳо таҷрибаи муфиди наслҳои калонсолро аз худ намоянд ва дар фаъолияти худ минбаъд истифода бурда тавонанд.

- Дар урфият мегӯянд, ки ягон нафар дар рӯи олам танҳо офарида нашудааст. Вазифаи волидайн аст, ки пас аз ба воя расидани фарзандон онҳоро оиладор намоянд. Дар ин бора андешаи Шумо.

- Бале, ин худ табиати инсонист, ки танҳо офарида нашудааст. Инсон, пеш аз ҳама, дар зиндагӣ ниёз ба ҳамрадиф дорад. Оиладор шудан ба инсон оромиш ва таскин мебахшад. Инсон дар натиҷаи издивоҷ вуҷуди солимтару таскинёфтатаре пайдо мекунад. Аз ин рӯ, зиндагиашро беҳтар ба роҳ мемонад, умрашро муфидтар гузаронида, лаззату баҳраи бештар аз ҳаёт дарёфт мекунад. Баробари оила барпо намудан мо вазифаи вазнинеро бар дӯш мегирем.

Оила аз нигоҳи урфу одат, анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ ва таълимоти мазҳаби мо муқаддас аст. Оила барпо кардани фарзандон аз орзуҳои беҳтарини дар дил доштаи ҳар як падару модар мебошад.

 - Мутаассифона, ҳоло ҷудошавии оилаҳо, хосатан оилаҳои ҷавон хеле зиёд шудааст. Аз рӯи мушоҳидаҳо, волидайн дар ин кор ба саросемагӣ роҳ медиҳанд, фарзандонашонро барвақт хонадор мекунанд ва пас аз чанде мешунавем, ки ситораи ҷавонон бо ҳам мувофиқ наомадааст. Аммо дар ин ҳолат андеша намекунанд, ки ду ҷавон дар нимароҳи умр аллакай аз ҳаёти оилавӣ дилмонда шудаанд.

- Падару модар дар масъалаи оиладор кардани фарзанд бояд ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Зеро қабл аз хонадор кардан ҳамаҷиҳата онҳоро ба зиндагии оилавӣ омода созанд. Дар ин самт омилҳои зиёде ҳастанд, ки ба инобат гирифтани он муҳим аст. Яке аз онҳо ахлоқи ҳамидаи ҷавонон мебошад. Маҳз, одоб ва ахлоқи хуб заминаи мустаҳкаме дар пойдории минбаъдаи оила хоҳад шуд. Омили дигар, дониш ва таҷрибаи зиндагии ҷавонон аст, ки оё онҳо дар бораи оила ва оиладорӣ маълумоти кофӣ доранд ё не.

Оила пояи асосии ҷомеа аст, аз ин рӯ, ман аз модарон ва падарон хоҳиш менамудам, ки дар ин кор ба саҳланкорӣ, саросемагӣ роҳ надиҳанд.

- Бале, аксар вақт дар масъалаи оиладор намудани фарзандон волидайн беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, хосатан дар бобати бастани ақди никоҳ аз ҷониби ходимони дин.

- Муҳимтарин омил дар мавриди оиладоршавӣ донистани ҳуқуқҳои худ ва қонунҳои амалкунанда мебошад. Аз ин рӯ, вақте мушоҳида мекунанд, ки фарзандашон барои оиладор гардидан омодаанд, пас бастани ақди никоҳ ва тӯй зарур аст. Дар мадди аввал ариза ва қайд дар Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии маҳалли зист ва баъди гирифтани шаҳодатномаи ақди никоҳ барои бастани ақди никоҳи динӣ ба масҷиди ҷомеъи маҳалли худ муроҷиат кунанд. Танҳо дар он ҳолат қонуншиканӣ рух намедиҳад, ки агар ходими расмии дин дар дафтари қайдҳо рақами шаҳодатномаи САҲШ - и маҳалро сабт намуда, пас хутбаи ақди никоҳро хонад.

Мутаассифона, аксари мардум барои осон шудани кор дар маҳалли зисти худ ин маросимро мегузаронанду ба масҷиди ҷомеъ муроҷиат намекунанд, зеро масъулини ин даргоҳ шаҳодатномаи ақди никоҳи давлатиро мепурсанд.

Афсӯс, борҳо шудааст, ки бархе баъди тӯй аз домуллое, ки аслан масъули ин кор нест, талаб менамоянд, ки хутбаи никоҳро хонад. Аз бемасъулиятии баъзе муллоҳо никоҳ бе коғази қайди САҲШ рӯи кор меояд ва мусаллам аст, ки ин амали ғайриқонунӣ натиҷаҳои ҳузноварро ба бор меорад. Масалан, баъзе ин гуна ашхос баъди фарзанддор шуданашон бо сабабҳои ночиз ҷудо мешаванд ва арӯс наметавонад, ҳуқуқи худро талаб кунад ва аз ҳамин ҷо нофаҳмиҳо оғоз мешаванд.

Воқеан, ба Масҷиди марказии ба номи Шайх Маслиҳатдин бисёр оилаҳо муроҷиат мекунанд ва вақте сабаби муроҷиатро таҳлил мекунем, маълум мешавад, ки аксари ҷавонон ба оиладорӣ тайёр нестанд, ба қадри меҳнати падару модар намерасанд, бо сабабҳои ночиз оилаҳои ҷавон барҳам мехӯранд, фарзандон зиндаятим, модарон бе сарпаноҳ мемонанд.

Аз ин рӯ, қайди ақди никоҳ аз назари қонун муҳим буда, он ба ҳамаи самтҳои зиндагии инсон таъсири худро мерасонад ва эҳтиром ба ин амал вазифаи ҳам шаҳрвандӣ ва ҳам динии мо мебошад.

- Ташаккур барои суҳбат.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh