Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор

Муҳтарам аҳли зиёи вилоят!

Дар арафаи таҷлили Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ фарорасии Рӯзи зиёиёни эҷодкорро ба кулли мардуми шарафманди вилоят ва шумо, аҳли зиё, сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини вилоят шодиву нишот, суботу оромӣ ва ба зиёиёни вилоят парвозҳои баланди андеша ва дастовардҳои беназири эҷодӣ таманно менамоям.

Боиси таъкид аст, ки зиёиён дар ҳама давру замон ҳамчун нерӯи тавоно дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳӣ нақши равшан мегузоранд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба мақоми аҳли зиё дар таҳкими ваҳдату субот ва пешрафти кишвар таъкид намудаанд: «Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд».

Вазъияти ниҳоят ҳассоси ҷаҳони имрӯза талаб мекунад, ки равшанфикрон ҷиҳати ҳифз намудани шаҳрвандон аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаю ифротӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро вусъат дода, ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияту гиромидошти озодиҳои инсон бевосита таваҷҷуҳ намоянд. Онҳо вазифадоранд, ки барои дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли ҷавон талош намуда, бо рушд бахшидани илму маорифи кишвар ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.

Дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат баён гардидани масоили назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ дар байни наврасону ҷавонон, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудани онҳо, бо ҷалби ҳарчи васеътари ҷомеа роҳандозӣ намудани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», инчунин ба хотири тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баёнгари таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба соҳаи илму маориф маҳсуб меёбад.

Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қабул карда шудани қарор эътирофи соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар будани миллати тоҷик маҳсуб меёбад.

Боварии комил дорам, ки аҳли зиёи вилоят бо истифода аз донишу хирад ва суннатҳои қадимаи халқи тоҷик барои татбиқи ҳадафҳои ормонии миллат, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сазовор истиқбол гирифтани санаи таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро тақвият мебахшанд.

Бори дигар Рӯзи зиёиёни эҷодкор ва Наврӯзи оламафрӯзро ба Шумо, аҳли зиё ва ҳамаи сокинони шарафманди вилоят аз самими дил таҳният гуфта, саломатию сарбаландӣ ва дар амалӣ гардидани ниятҳои неку созанда муваффақиятҳо орзу менамоям.

Add comment


Security code
Refresh