Чеҳраи тобноки олами маърифат

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 - уми сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун Маркази ташаккули кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостонии Саразм” эълон гардидааст. Зиёда аз 42 сол боз ковишҳои археологӣ, таърихӣ дар хоки барӯманди Саразми бостонӣ идома дорад ва дар ҳар як ҳафриёт паҷӯҳишгарон бозёфтҳои нав ба нав ба даст оварда, аз куҳанбунёд будани решаи таърихии тоҷикон ва умуман, ориёиҳо дарак медиҳанд.

Соли 1972 чӯпон Ашӯралӣ Тайлонов дар яке аз мавзеи Саразм табари биринҷиеро ёфта, чанд сол дар хонааш нигоҳ дошт ва баъдан онро ба Осорхонаи шаҳри Панҷакент супурд, ки он ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Ин боис шуд, ки доктори илмҳои таърих, аввалин кашфиётчии Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов дар ошкор намудани ёдгориҳои беназири Саразм, муайян намудани нақшу мақоми саразмиён дар тамаддун ва фарҳанги ғановатманди ниёгонамон саҳм бигиранд.

Дар кофтуковҳои Саразм муаррих Абдуллоҷон Исҳоқов, паҷӯҳишгарони Фаронса, Амрико, чандин олимони ватанӣ cаҳм гузошта, баъдан бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса санад дар бораи ёдгории Саразм дар тамаддуни умумибашариро ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд.

Дар яке аз ҳафриёт соли 1974 дар чуқурии 3 метр ҷасади маликаи Саразм ёфт шуд, ки ба таври ҳалқашакл, чӣ хеле ки тифл аз модар таваллуд мешавад, гӯронида шудааст. Дар банди дасташ зару зевари зиёд дошт.

Аз ин бозёфт хулоса баровардан мумкин аст, ки русуми қурбонӣ кардани мо - тоҷикони имрӯза аз ниёгон сарчашма мегирад ва давра ба давра то ба замони мо омада расидааст. Ба қарибӣ яке аз паҷӯҳишгарони муваффақи Саразм, шогирди профессор Абдуллоҷон Исҳоқов (равонашон шод бод) Абдурауф Раззоқов хабар дод, ки як хумдони дуқабата бо паҳноии 3 метру 15 сантиметр ёфт шуд. Бино ба маълумоти ӯ, саразмиён дар ин хумдонҳо хишт мепухтанд.

Хиштҳо чор тарҳи баробару муайян ва дар таркибаш коҳи майдашуда дошт. Саразм растаҳои гуногун дошт, аз қабили косибон, меъморон, ҳунармандон, зироаткорон ва ғайраҳо. Инчунин, ибодатхонаю оташкадаҳо низ ёфт шудаанд. Барои саразмиён оташ тимсоли хуршед буд ва онҳо онро парастиш мекарданд. Оид ба кӯч бастани саразмиён аз ин минтақа чунин маълумоте пайдо шудааст, ки гӯё се сол пайи ҳам дар қитъаи Осиёи Марказӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва ин боис мегардад, ки саразмиён пароканда шаванд. Ин далел ба охири ҳазораи сеюми пеш аз милод дар минтақа ба вуҷуд омадааст. Саразмиён гурӯҳ - гурӯҳ ба ҳар самте кӯч бастаанд.

Гурӯҳе ба Самарқанду Бухоро, Марву Нишопуру Ҳирот, ба болооби дарёи Зарафшону Фалғар, ба минтақаҳои Кӯлобу Фархору Сари Хосору Ҳисор ва ба ҳамаи ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, асосан ба дараҳои обдори кӯҳистон кӯчида, зиндагиро аз нав оғоз кардаанд. Бояд гуфт, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500 - солагии Саразм ва 700 - солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар конфронси кулли ЮНЕСКО, ки 12 - 28 - уми ноябри соли 2019 баргузор гардид, ба рӯйхати солгарди ЮНЕСКО ва таҷлили 5500 - солагии Саразми бостонӣ 12 - уми сентябри соли 2020 бо иштироки олимони ҷаҳонӣ, паҷӯҳишгарон, сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ва оммаи васеи халқи тоҷик ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Бобоҷони НУРЗОД,

адиб ва рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh