СУМАНАК ҒИЗОИ ФАРИШТАГОН АСТ!

Ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишвар ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Хосатан дар ҳар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ҷашнгирии ин ид таваҷҷуҳангез аст. Зеро мардуми ҳар маҳал бо дарназардошти урфу анъанаҳои қадимаи худ ба Наврӯз шукӯҳи таровати нав мебахшанд.

Боиси қайд аст, ки вобаста ба ин ҷашни ҳумоюнӣ ҳамасола дар гӯшаву канори вилоят, алалхусус дар маҳаллаҳо деги суманак гузошта мешавад. Занони куҳансол барои омода кардани ин таоми миллӣ аз субҳи барвақт омодагӣ мебинанд.

Суманак ғизои ҷашнӣ ва муқаддас аст, ки танҳо ба Наврӯз алоқамандӣ дорад. Идҳои зиёд дорем, монанди Меҳргон, Сада, Тиргон, ки тору пуди рӯзгори аҷдодонамонро муайян мекунанд. Фарҳангшиноси маъруфи тоҷик Ҷонибек Асрориён мегӯяд, ки дар даврони пеш, агар рӯзу моҳ мувофиқ меафтод, ин ид баргузор мешуд. Зодрӯз низ чун ҷашни хонаводагӣ аз ин радиф буд. Ҳарчанд аломат, расм, урфу одат дар ин ҷашнвораҳо умумият доранд, вале суманак дар ин ҷумла ёд намешавад, зеро вобаста ба шароит ва фарорасиаш рамзу нишони қудсӣ дораду хоси фасли баҳор ва Иди Сари сол аст.

Дар рӯзҳои ғайриҷашнӣ суманак кам пухта мешуд. Ва агар мепухтанд, хайр мекарданд, ба бенавоёну дардмандон медоданд ва ҳам ба масҷиду мазорҳо назр мебурданд.

Аслан суманак - навъе аз хуриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумро шуста месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд.

Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо менамояд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.

Дар бораи пайдоиш ва тарзи омода кардани суманак ривоятҳо зиёд ҳастанд ва онро ҳама ба таври худ маънидод мекунанд.

Бисоҷида бибии 82 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд:

- Тавре аз бибикалонам дар овони хурдӣ шунида будам, суманак хӯроке буд, барои раҳоӣ ёфтан аз гуруснагӣ дар замонҳои пеш. Дар қабати баландкӯҳҳо як қабила мардум умр ба сар мебурданд. Дар фасли баҳору тобистон бо киштукор машғул шуда, дар фасли зимистон ҳосили ба даст омадаро истеъмол мекарданд. Соле барои ин қабила хушкӣ омад, на кишти хуб ба даст оварданду на гандуми кофӣ гирифтанд. Ҳоло фасли баҳор нарасида, захираи онҳо тамом шуд, ҳамагон аз гуруснагӣ азият мекашиданд. Мардум интизори боридани борон буданд. Дар он қабила зане соҳиби 9 фарзанд буд. Аз гуруснагии зиёд кӯдаконаш шабу рӯз мегиристанд. Ӯ дигар тоқати шунидани гиряи тифлаконашро надошт. Ночор аз сабзаи аз гандум руста, дар деги калоне оташ гиронда, таом омода карданӣ шуд. Оташро гирон кард. Хӯроки номаълум дар даруни дег меҷӯшид. Тифлакон аз гуруснагӣ ғанабашон бурд. Зан низ аз кафча задан ғанаб кард. Субҳи барвақт аз қатраҳои борон бедор шуд. Ба даруни дег нигарист, ки хӯроки атоламонанд омода шудааст. Онро зуд аз дег кашида, ба тифлаконаш дод.

Аз ин қисса аён гардид, ки таом боиси боридани борон ва ҳосилхез шудани замини гандум гардида, нишонаи бедории табиат ва шикамсерии мардум гаштааст.

Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ модарону хоҳарони чирадасту кадбонуҳо барои фаровонҳосилию бофайз омадани соли нав бо пухтани Суманак — ғизои фариштагон ва рамзи Наврӯз машғуланд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Бофанда» - и шаҳри Хуҷанд ҳамасола бошандагон барои ҳосилхез гардидани заминҳои кишт аз субҳи барвақт бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта дар деги калон суманак мепазанд. Барои кӯдакон низ дастархон ороста, барои хушҳолии ҳамагон дастаҳои ҳаваскорон ва сарояндагони машҳурро даъват мекунанд.

Ҳамчунин, анъанае ҳаст, ки нафарони хостори бахт ва бефарзанд барои то соли оянда ба мақсад расидан то субҳ дар сари дег кафча мезананд.

Сокинон аз муҳайё будани шароити хуби истироҳат дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ изҳори хушнудӣ мекунанд. Инчунин, фарорасии ҷашни Наврӯз барои кӯдакон низ хурсандибахш аст. Чунки кӯдакон нисбат ба калонсолон дӯстдори бозиҳои шавқовар, аз ҷумла лалакпарронию чиллакбозӣ, арғунчакпарию саққобозӣ ҳастанд ва маҳз дар ин ҷашн бозиҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аксарият ба сайругашти идона бо сару либоси миллӣ мебароянд. Имрӯз кӯчаҳои шаҳрро сафи занону духтарони атласпӯш зебоии тоҷикона бахшида истодааст.

Ин ҷашнро тамоми мардум дар кӯчаву хиёбонҳо бо истироҳати оилавӣ пешвоз мегиранд. Ба гуфти истироҳаткунадагон имсол тараддуди таҷлили Наврӯз нисбат ба солҳои пешин беҳтар аст. Зеро ободонии роҳҳо ва гулпӯш гардидани маҳаллаҳо ба ҳар сайркунанда илҳоми нав мебахшад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh