Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни бузурги миллии Наврӯзи ҷаҳониро ба тамоми сокинони вилояти Суғд самимона табрик гуфта, ба ҳамагон бахту саодат, сарбаландиву шукуфоӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Мо аз он ифтихормандем, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ сол аз сол шукӯҳи хосса пайдо карда, суннату ойинҳои неки он, аз ҷумла хайру эҳсон, накӯкорию инсонпарварӣ ва созандагию ободгарӣ пайваста рушд меёбад. Аз ин миён, дар қабои идона ва сурати ҷадид эҳё гардидани падидаи нодиру фарҳангии наврӯзӣ ва суннатҳои неки он барои иҷрои амалҳои хайр, дастгирии ниёзмандону эҳтиёҷмандон, таҳкими ваҳдат, дӯстию рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ дар байни мардум нақши муҳим дорад.

Боиси таъкид аст, ки нуктаи меҳварии таърихию фарҳангии мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ҷашни Наврӯз ба саодату пирӯзии банӣ башар, таъмини ҳамзистии осоиштаи инсоният, накӯкорию созандагӣ, дӯст доштани ҳаёт ва неъматҳои он нигаронида шудааст. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: «Мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд, ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд».

Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардидани ҷашни Наврӯз ва ойинҳои ибратомӯзи он, ки сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошад, муҳимтарин василаи худшиносии ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси кишвари азизамон ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин айёми хуҷастаи баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиати хуфта мардум бо рӯҳу илҳоми нав ва шукргузорӣ аз неъмати соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ кору пайкори созанда ва ободгарии хешро идома медиҳанд.

Сокинони шарафманду меҳнатқарини вилоят баробари дигар ҳамватанони азиз иқдому ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукуматро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланд ҷонибдорӣ намуда, барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ ва дар сатҳи арзанда истиқбол гирифтани санаи фархундаи таърихи миллат – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош меварзанд.

Бори дигар фарорасии ҷашни бузурги Наврӯзро ба тамоми мардуми шарифи вилояти Суғд самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва файзу баракат дар ҳар хонадон, сулҳу оромӣ ва амнияту осоиштагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

Add comment


Security code
Refresh