Нуралӣ Нурзод: беҳтарин имкониятҳо барои таҳқиқ, эҷод ва анҷоми корҳои илмӣ фароҳам аст

Чуноне ки огоҳӣ дорем санаи 18-уми март дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат мулоқот анҷом доданд.

Адабиётшинос, шоири хушзавқ, номзади илмҳои филологӣ, Нуралӣ Нурзод низ дар шумори намояндагони аҳли илму адаби вилояти Суғд иштирокчии ин ҳамоиш буданд. Баъди мулоқот  мо бо устод суҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем.  

-Устод шояд хонандагони мо надоданд, ки чаро маҳз 20 март рӯзи зиёиёни тоҷик аст?

-Беш аз бист сол аст, ки дар Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар остонаи таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор баргузор мешавад. Воқеан, ин мулоқотро метавон ҳамчун натиҷагирӣ аз фаъолияти зиёиёни мамлакат ва раҳнамоиҳои навин ба корномаҳои баъдинаи эшон дар қаламрави боз созгор ба тақвими миллии мо, яъне аз Наврӯз то Наврӯз унвон кард. Бо сабаби ин ки аксаран ин мулоқот рӯзи 20 март доир мегардад, бо пешниҳоди Пешвои миллат ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун рӯзи зиёиёни эҷодкор ба тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ ва рӯзҳои ид ворид карда шуд ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” низ тағйирот ворид гардида, он ҳамчун Рӯзи зиёиёни эҷодкор ҳамроҳ карда шуд.  Ба андешаи ман, ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат, ки рӯзи зиёиёни эҷодкорро ба оғози фасли нави зиндагонии инсоният, яъне Наврӯз пайванд бахшидааст, бисёр рамзист.

Зиёиёнро чароғафрӯзи ҷомеа ва равшангари зиндагонии инсоният унвон кардаанд. Наврӯз ҳам оини тантанаи рӯшаниву нур аст ва дар навбати хеш зиёиёни эҷодкор эҳёгарони воқеии Наврӯз ва мубаллиғони аносири ин падидаи фарҳанги бузурги миллии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, эълони ин рӯз ба унвони ҷашни зиёиёни эҷодкор худ як эътимод ба зиёиёни тоҷик ва туҳфаи беҳтарини наврӯзӣ ба онҳост.

-Устод, ба андешаи Шумо Истиқлолият ба илми тоҷик чӣ дастовардҳо дод?

-Дар навбати аввал ба таври ҳақиқӣ метавон эътироф намуд, ки истиқлолияти миллӣ илми тоҷикро ҳам баистиқлол расонид. маҳдудаҳое, ки дар шинохти масоили мубрами паҷӯҳишӣ, хоса баррасӣ ва маърифати дурусти адабиёти миллии ҳазорсолаи мо қаблан мавҷуд буд, аз миён бардошта шуд. Дар натиҷа, имконият фароҳам омад, ки таъриху фарҳанги миллии тоҷик, адабиёти миллӣ онгуна бояд, таҳқиқ ва на танҳо барои мардуми мо, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Бар асоси эҷоди равишҳои навин дар ҳама самтҳои мухталиф дар ҷодаи илм олимони тоҷик ба дастоварҳои шоёне мушарраф гардиданд. Истиқлолияти илмӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама омил барон шуд, ки самараҳои муҳими таҳқиқоти олимони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида,  ҳатто теъдоди зиёди китобу мақолаҳои донишмандони кишвари мо дар хориҷи кишвар нашр гарданд. Дастрасӣ ба сарчашмаҳои муҳим ва нусхаҳои хаттии осори мухталифи илмиву адабии  мутафаккирону суханварони адабиёти гузаштаи мо маҳз бо шарофати истиқлолияти миллӣ саҳлу осон  шуд. Танҳо зикри як нукта кофист, ки ҳақиқати ин самараи муҳими истиқлолияти миллиро бишиносем. Устоди равоншод Абдулманнони Насриддин дар китоби хеш “Маърифат ва шарҳи адабиёти тоҷик” аз мавҷудияти як нусхаи хаттии шарҳи Девони Бедил дар китобхонаи Қоҳираи Миср ёдоварӣ намуда буданд, аммо иттилое дигар дар бораи ин асар ҷой надошт. Маҳз, самара ва баракоти истиқлолияти миллӣ ва сиёсати дарҳои бози Пешвои миллат дар муносибат бо кишварҳои хориҷ имконият дод, ки чанд сол қабл бо ибтикори собиқ муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, устод Низомиддин Зоҳидӣ ин нусха дастрас шуда, ба тамоми китобхонаҳои донишгоҳҳо манзур  гардад. Нашри осори классикии мо, ки иқдоми он низ аз ҷониби Пешвои миллат аз сар гирифта шуд, имконият фароҳам овард, ки мардуми тоҷик бо бузургтарин сарчашмаҳои илмиву адабиву, ҳатто, динӣ дастрасӣ пайдо намуда, аслу ҷавҳари адабиёт ва фарҳанги миллии моро бишносанд.

-Ба назари Шумо насли ҷавони паҷӯҳишгар аз наслҳои қаблӣ чӣ тафовут доранд?

-Насли паҷӯҳишгарони ҷавони имрӯз, пеш аз ҳама, саодатманд аз он ҳастанд, ки насли замони истиқлол ҳастанд ва дар фазову замоне зиндагонӣ мекунанд, ки баъди гузашти бештар аз ҳазору сад сол аз ҳузури таърихии давлати Сомониён тоҷикон дигарбора соҳиби давлат шуданд ва онон сокинону шаҳрвандони саодатёри ҳамин давлати миллии мо ҳастанд. Баробари ин, имрӯз барои онҳо тамоми шароитҳо ҷиҳати анҷоми корҳои илмӣ тадқиқотӣ фароҳам ҳаст. Ба ҳидояти Пешвои миллат, ки дар мулоқоти дирӯза ҳам таъкид доштанд, танҳо онҳоро зарур аст, ки бештар мутолиа кунад ва  ба таҳқиқу баррасии муҳимтарин масоили мубрами илмӣ, кашфиёт ва ихтироот машғул шаванд. Бори дигар таъкид мекунам, ки тамоми имконият ва шароит барои анҷоми корҳои муҳими илмӣ мавҷуд аст. Хосатан, дастгириҳои давлатӣ, ҷоизаву мукофотҳо барои тадқиқоти илмӣ ба ҷавонон омил  мешавад, ки доираи васеи ҷавонон ба корҳои илмӣ машғул шаванд. Аз қисмат шукргузорам, ки соли 2004 ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон мушарраф гардидам ва ҳамчун таҳқиқгари ҷавон бароям ин тақдири бузург хеле илҳомбахш буд. Гумон мекунам, ин рӯҳия ва эҳсос тамоми олимони ҷавони имрӯзро фарогир аст. Масъалаи муҳими дигар дастрасӣ доштани ҷавонон ба сарчашмаҳои илмиву адабӣ ба шумор меравад. Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар тамоми китобхонаҳои давлатӣ, донишгоҳҳо китобхонаҳои элекронӣ мавҷуд аст, ки онҳо метавонанд ба таври васеъ аз онҳо истифода кунанд. Ба қавле, бартарии аслии ҷавонони имрӯз ба фарқ аз муҳаққиқони ҷавони даврони дигар мавҷудияти тамоми имконият ва шароит барои машғул будан ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ аст ва бояд ҷавонони мо бо шукргузорӣ аз ин замони масъуд аз ин муҳити созгор ва имконоти муфид ба шоистагӣ истифода кунанд.

-Ҳавзаи илмиву адабии вилояти Суғд чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Чӣ мушкил ва монеаҳо мавҷуданд?

-Ҳамчун адабиётшинос дар мисоли вазъи таҳқиқу баррасии масоили адабиётшиносӣ ва дар умум нақду сухансанҷӣ мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз воқеан дар қаламрави вилоят беҳтарин имкониятҳо барои таҳқиқ, эҷод ва анҷоми корҳои шоёни илмӣ фароҳам аст.

Таҳаввулоти адабие, ки дар ду даҳаи аввали қарни бистуяк  дар Тоҷикистон ба чашм мерасад, пеш аз ҳама аз ибтикор ва корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи арҷгузорӣ, тарғиб ва таҳқиқи мероси маънавии ниёкони шарафманди мо, чеҳраҳои адабиву илмии гузаштаву имрӯз сарчашма мегирад. Танҳо мурур ба панҷ соли сипаришуда аз он паём мерасонад, ки дар ин муддат дар кишвари мо бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургдошти Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Сайфуддини Исфарангӣ, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон баргузор гардида, дар ҳошияи ин табдирҳои муҳими фарҳангӣ раванди тасҳеҳ, таҳия, таҳқиқи осори ин бузургон муҳимтарин тамоюлҳои адабиётшиносии тоҷикро ба вуҷуд овард. Баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва миллӣ ба ифтихори ин бузургони адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо  имконият фароҳам овард, ки адабпаҷӯҳони тоҷик ба баррасии ҷанбаҳои муҳими осори ин суханварон рӯ оварда, диду назари хешро роҷеъ ба шеъру андешаи онон изҳор намоянд, ки ин матолиби муфид омил ба нашри китобҳои ҷудогонаи паҷӯҳишӣ, маҷмӯи мақолоти ҳамоишҳои илмӣ ва баррасиҳои ҷудогона гардид.

Бегумон, дар ҳавзаи илмиву адабии вилояти Суғд низ дар шумори тамоми ҳавзаҳои дигари адабиёти миллии мо, пеш аз ҳама, маҷмӯи ибтикороти анҷомёфта ба татбиқи ин ғояву тадобири муҳими  фарҳангии Пешвои муаззами миллат сарчашма гирифтанд. Бояд эътироф намуд, ки дар ин арса шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пеш аз ҳама барои таҳия, тасҳеҳ ва нашри осори ин суханварон нақши раҳнамоянда ва муҳимро гузошт. Тасҳеҳ ва нашри девонҳои мукаммали шоирон чун Осори Рӯдакӣ, Девонҳои Камоли Хуҷандӣ, Сайфиддини Исфарангӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Куллиёти Лоиқ Шералӣ, Девони Фарзона ва дигарон бевосита бо ташаббуси бахши суғдии Итттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт. ҳамчунин бо ибтикори бахши суғдии Иттифоқи Нависандагон силсилаи осори адибони муосири тоҷик, аз ҷумла Куллиёти Шоири халқии Тоҷикистон Аскар ҳаким дар ҳафт ҷилд, Куллиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, “Девони ишқ”-и Озарахш ва осори дигарон ба чоп расиданд, ки дар ин ҷода низ саҳми аъзои Шӯрои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар кори таҳияи ин осор қобили таъкид аст.

Дар кори тасҳеҳ ва таҳияи ин девонҳо асосан шоирон ва мунаққидон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷалб шуданд. Баробари ин, аз баракоти ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат буд, ки соли 2014  баробари эҳёи хонаи Камоли Хуҷандӣ ва бунёди мақбараи рамзии шоир дар зодгоҳи вай  - Муассисаи давлатии “Маркази илмии  Камоли Хуҷандӣ” таъсис ёфт, ки дар давоми бештар аз панҷ соли фаъолияти хеш ба нашри бештар аз 40 китоб, аз ҷумлаи девонҳову куллиёти шоирони гузашта, тазкираҳои адабӣ ва осори мансур, таҳқиқоти адабиётшиносӣ муваффақ шуданд, ки дар ин арса метавон аз корномаҳои адабпаҷӯҳишии профессорон шодравон Абдулманнони Насриддин, Умеда Ғаффорова, Замира Ғаффорова,  Фахриддин Насриддинов ва дигарон ёдовар шуд, ки дар ин муддат ҳамчун маҳсули корномаҳои адабиётшиносӣ муаррифӣ мешавад. ҳамчунин, 20 шумораи Фаслномаи илмӣ-адабии Камоли Хуҷандӣ, ки шомили бахшҳои Таҳқиқ, Тарҷума ва сарчашмашиносӣ, Бузургони илму адаб, Шарҳи ғазал, ки ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ дар он шарҳ мешаванд ва Мутун мебошад, муттасилона нашр ва дастраси хонандагони худ мегардад. Дар тӯли бештар аз панҷ соли фаъолият кормандони Муассиса беш аз чаҳорсад мақола дар заминаҳои камолшиносӣ, таърихи адабиёт, робитаҳои адабӣ, нақду тақриз, масоили мубрами шеъри имрӯз, матншиносӣ ва назарияи адабиёт таълиф намуда, дар тӯли ду соли охир се корманди Муассиса таълифи рисолаҳои илмии худро ба итмом расонида, ду нафар аллакай унвони номзади илмҳои филологияро доранд.

Ба таври умум, метавон қайд намуд, ки дар давоми солҳои охир раванди адабиётшиносӣ дар ҳавзаи илмии вилояти Суғд тамоюли тозае касб намуда, муҳаққиқони адабиёти гузаштаи мо ба таҳқиқу баррасии веҷагиҳои намояндагони барҷастаи адабиёти классикӣ, шурӯъ аз Рӯдакӣ то Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ иқдом намуданд. Тамоюлҳои аслии адабиётшиносӣ ва таҳқиқоти адабпаҷӯҳони ҳавза аз баррасии масоили матншиносии осори адабӣ, веҷагиҳои ҳунарӣ ва ҷанбаҳои поэтикии ашъори шоирон, шарҳнависии осори адабӣ, шинохти арзиш ва аҳамияти тазкираҳо ва амсоли ин иборат буданд.  Кафедраҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик,  институти тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ва шӯъбаи тадқиқоти филологии маркази илмии Хуҷандии АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳҳи асосии фаъолияти адабпаҷӯҳон ва омода намудани мутахассисони ҷавони адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ба шумор мераванд.

-Ҷаҳонишавии босуръат ва таъсири хубу бади он ба илми тоҷик, асар дуздӣ ва овозвҳои зиёди атрофи «пойгоҳи дисерент» дар вохӯрии имсола низ аз ҷониби Сарвари давлат таъкид шуд. Андешаҳои Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

-Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, дирӯз дар мулоқоти навбатии хеш бо зиёиёи эҷодкор Пешвои миллат ба ин мавзӯъ руҷуъ намуда, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки давоми чанд соли охир чиҳил нафар олими тоҷик ба асардуздӣ аз сӯи ин пойгоҳи диссернет мутаҳам шуданд. Хеле бамаврид ишорат ҳам намуданд, ки «Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд.  Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст.

Зиёда аз чиҳил нафар олиме, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд. Маълум мешавад, ки баъзе унвонҷӯёни тоҷик роҳи осон ва камзаҳмати илмро пеш гирифта, аз рисолаҳои илмии олимони кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода кардаанд».

Вобаста ба ин, роҷеъ ба масъалаи пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб дастурҳои мушаххас низ дода шуд. Албатта, асардуздӣ ё сирқот дар илм ва адабиёт падидаи нав нест ва мо аз адабиёти гузашта низ огоҳем, ки ин унсур дар тамоми давру замон будааст. Вале дар ҳама давру замон он боис ба костани эътибори олим ва, ҳатто, шоирони даст ба ин амал зада гардидааст, ки ба ин нукта Пешвои миллат низ таъкид доштанд. Ин унсури номатлуб дар раванди илм аз ҳамаи олимон тақозо мекунад, ки дар муносибат ба корҳои илмӣ ҷиддӣ бошанд ва ба таъбири Пешвои миллат ба ҷавонони болаёқат, олимони боистеъдод бояд роҳ кушояд, то онҳо тавассути тадқиқоти судманди илмии хеш дар ин ҷода дастовардҳои илмии моро чи дар дохил ва чи дар берун афзун гардонида, шарафи илми тоҷикро, ки ҳазорсолаҳо мақоми ҷаҳонӣ дошта, ҳатто аз маҳсули андешаҳои олимони тоҷик ҷаҳонён баҳравар гардидаанд, имрӯз низ боло бардоранд.

-Ташаккур устод ба суҳбати самимӣ, саломату комёр бошед!

Суҳбаторо Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh