Баргузории Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

6 апрел дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ маросими ҷамъбастии Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Раисивилоят нахуст дар даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо дастоварди ҳунармадони шаҳру навоҳии вилоят шинос шуда, ба масъулини дахлдор ва ҳунармандон дастур ва тавсия дод, ки истеҳсоли маҳсулот бо назардошти идҳои таърихии миллати тоҷик ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ ба роҳ монда шавад.

Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Ҳадафи ташкили фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» таҳкими мавқеи кишвар ҳамчун давлати мусоид барои сайёҳон, муаррифии захираҳои бойи таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни амфиатеатри Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» натиҷагирӣ намуда, аз ҷумл таъкид дошт, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бои сайёҳию фарҳангӣ буда, тоҷикон аз азал мардумони ҳунарманду фарҳангпарваранд.

Хусусан, маҳсули ҳунари асили бонувони чирадасти тоҷик қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Имрӯз дар вилояти Суғд 311 марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ муваффақона фаъолият мекунанд, ки аз он 83 адад марказҳои адрасбофӣ ва 228 адад марказҳои қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ ба шумор мераванд.

Бояд қайд намуд, ки дар озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» тамоми шаҳру навоҳии вилоят фаъолона ширкат варзиданд. Зикр гардид, ки Фестивали «Сайри гули лола» имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола як рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.

Сипас, ба ғолибони Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Дар доираи даври вилоятии Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва озмуни вилоятии гулҳо «Сайри гули лола» барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh