Ба истиқболи 700-солагии Камоли Хуҷандӣ. «КАМОЛ ДАР ОИНАИ ТАЗКИРАҲО»

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»-ро бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» тариқи нашриёти «Хуросон» аз нашр баровард.

Китоб аз ҷониби кормандони ҷавони Марказ Шехимов Иззатбек ва Юсуфов Зоҳирҷон таҳия ва тавзеҳ гашта, фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ мебошад.

Бино ба иттилои директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматзод китоби «Камол дар оинаи тазкираҳо» дар баробари фарогирии муҳимтарин маълумоти тазкираҳои қадиму муосир, ҳамчунин, матолиби китобҳоеро, ки роҷеъ ба нақду баррасии ашъори шоиранд, дар бар гирифтааст.

 Дар китоби мазкур маълумоти сарчашмаҳое, ки дар замони Камоли Хуҷандӣ иншо шудаанд, аз қабили дебочаи девони шоир, китобҳои «Дастуру-л-котиб»-и Муҳаммади Нахҷувонӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ дар мадди назари аввал қарор гирифтааст.

Баҳром Раҳмадзод гуфт, ки дар ин замина, нукоти норавшане, ки пиромуни ҳаёти шоир то кунун мавҷуд буд, бо баррасии ин сарчашмаҳо равшан хоҳад шуд.

Дар китоб кӯшиш шудааст, маълумоти 77-сарчашма оварда шавад.

Дар назар аст, ки «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» дар даҳ ҷилд таҳия ва нашр шавад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh