Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳия 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуд.

Ҷонварони куҳӣ бо мусоидати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ворид карда шуда, барои зиёд намудани саршумор ва парвариши оҳуҳо аз тарафи Хоҷагии ҷангали вилоят мамнуъгоҳ ташкил гардид.

Шаҳристон аз минтақаҳои хушбоду ҳавои вилоят маҳсуб ёфта, парваришу нигоҳубини оҳуҳо бо мақсади ҷалби сайёҳон ва рушди оҳупарварӣ ба роҳ монда шуд.

Раиси вилоят зимни боздид аз мавзеи Кимқули ноҳия ба масъулин ҷиҳати бештар намудани саршумори оҳу дар минтақаҳои куҳии Шаҳристон, Ашт, Панҷакент ва Истиқлол дастур дода, таъкид кард, ки афзоиши саршумори оҳу барои ҷалби сайёҳон метавонад мусоидат намояд.

Ба масъулин ҳамзамон бобати рушди қутоспарварӣ дар баландкуҳҳои вилоят, ба роҳ мондани кишти картошка дар заминҳои ҳамвори хоҷагии ҷангал ва бунёди ҷангалзорҳои нав супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh