ВАҲДАТ - ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ

Ба муносибати 23 - солагии Ваҳдати миллӣ дар меҳмонхонаи «Суғдиён» - и маркази вилоят конфронси илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ омили рушди устувори сайёҳӣ» дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои вилоятии шаҳру навоҳии ширкати сайёҳӣ, меҳмонхона, осоишгоҳ, осорхона ва мавзеъҳои сайёҳӣ ширкат варзиданд. Сараввал, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов бобати вазъи кунунии соҳаи сайёҳӣ маълумот дод. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон бо табиати мафтункунанда ва мардуми ҳунарманду меҳанпарасташ чи дар дохил ва чи дар беруни ҷумҳурӣ шуҳрати хоса дорад. Эълон шудани «Солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бори дигар собит сохт, ки кишвари тоҷикон табиати бой, ҳунарҳои қадима, мавзеъҳои таърихӣ дошта, метавонад, худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

- Вобаста ба омодагии иншооти сайёҳии вилоят дар давраи пандемия моҳи апрели соли ҷорӣ бинобар ба қайд гирифтани бемории коронавирус дар кишвар фаъолияти меҳмонхона, мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавии сокинон муваққатан боздошта шуд. Дар шаҳру навоҳии вилоят 27 осоишгоҳу истироҳатгоҳ, 62 меҳмонхона, 37 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, инчунин якчанд минтақаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла Искандаркӯл, Кӯли калон, Аловиддин, Ҳафткӯл, Сирдарё мавҷуд буда, корҳои омодагӣ барои қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ ҷараён дорад, - гуфт Абдумаҷид Раҳимов.

Гуфта шуд, ки аз санаи 20 - уми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани тӯйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то 100 нафар, танҳо бо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, тарабхонаю ошхона, тӯйхонаю чойхона бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода шуд.

Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусния Исоқова дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ омили рушди устувори сайёҳӣ» баромад карда, қайд намуд, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми ҷумҳуриҳое, ки аъзои он буданд, мустақилияти комил ба даст оварданд ва дар қатори онҳо кишвари мо низ соҳибистиқлолии худро пазируфт. Дар лаҳзаҳои мудҳишу бесарусомониҳо барои миллату давлати мо нафаре лозим буд, ки миллати парешонгаштаро сарҷамъ созад ва нофаҳмиҳоро аз байн барад. Ба бахти мо - фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, дар фурсати кӯтоҳ шиддати ҷанги хонумонсӯзро аз байн баранд ва мардумро ба ҳам оранд.

- Вожаҳои Истиқлолияту Ваҳдат бо ҳам тавъаманд ва барои арзи ҳастии ин ҳар ду дар кишвар талошу ҷаҳди зиёд ба харҷ дода шудааст. Вазъи кунунии сиёсӣ ба он далолат дорад, ки мо бояд ба қадри сулҳу субот бирасем ва дар атрофи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ муттаҳид гардида, нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос ва бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохта, дар ҳифзи Истиқлолият саҳми муносиб гузорем, - гуфт номбурда.

Ҳамчунин, дар конфронс масъалаҳои нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ, омодагии иншоот ба мавсими нави сайёҳӣ, таҳияи хатсайрҳои дохилӣ ва муаррифии дастурамали фаъолият дар сафар дар давраи пандемия баррасӣ гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh