МАЪХАЗИ ГАРОНБАҲОИ ТАЪРИХ

Нозимҷон дар муҳити хонаводае ба камол расид ва тарбия ёфт, ки урфу одат, таърихи миллати хеш ва ёдгориҳои миллиро эъзоздорӣ мекарданд. Аҳли оила кӯшиш менамуданд, ки дар вуҷуди фарзандони хеш эҳтиром ба гузаштаи хеш ва ҳам ифтихори миллиро бедор созанд. Бино ба гуфти ҳамсари Нозимҷон - Мунира Усмонова, дар он хонае, ки ӯ ба камол расидааст, аз таҷҳизоти рӯзгори қадима истифода мебурданд. Ҳамин тарбияи гузаштагонаш буд, ки дар вуҷуди ӯ меҳру муҳаббатро ба Ватан ва арзишҳои миллӣ бедор сохт.

-Нозимҷон, аз чамбарак гӯшт биёр, ба чамбарак гӯштро бурда мон!,- гуфтани бибиаш ӯро ба ваҷд меоварду нисбат ба чунин асбобҳои миллӣ, рӯзгордорӣ меҳраш зиёдтар мегардид. Чамбарак аз лавозимоти миллии рӯзгор аст, ки гузаштагони мо аз сабаби набудани яхдон дар он анвои хӯрокаро нигоҳ медоштанд.

 Ҳамин меҳру муҳаббат ба асбобу анҷоми миллӣ буд, ки баъди ба камол расидан ба ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ шуруъ намуд.

 Рӯзе, ки мо ба осорхонаи «Анора»-и Ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров омадем, чамбарак дар саҳни ҳавлӣ овезон буд. Ёдгориҳои таърихие, ки аз бобою модаркалонаш мерос монда буданд, ба ӯ барои таъсиси осорхонаи нигораҳо замина гардиданд. Чӣ хеле ки ҳамсари Нозимҷон (он рӯз, ки мо ба осорхона омадем, Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Панҷакент дар сафари корӣ буд) изҳор намуд, қариб шаст фисади маводҳои ҷамъовардаи ҳамсараш меросӣ аст. Дари кандакории қадимаи дар «Хона-осорхона» гузошта, аз модаркалонаш мерос мондааст.

Ба модаркалонаш бошад, аз модараш ба мерос гузашта, то замони мо омада расидааст. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки дар вуҷуди гузаштагони Нозимҷон низ ҳисси миллӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ беҳудуд буд. Беҳуда намегӯянд, ки тарбияи насли оянда аз оила оғоз меёбад. Баъди чандинсолаҳо ин амали неки онҳоро Нозимҷон давом дода истодааст.

 - Нозимҷон «Хона- осорхона»-ро ба хотири модарашон Анора номгузорӣ карданд. Анора номи модари Нозимҷон аст, - изҳор намуд ҳамсараш. Бале, аз таъсиси хона – осорхонаи «Анора» 20 сол сипарӣ гардидааст. Зикр карданд, ки аз соли дуҳазорум сар карда, то имрӯз аз тамоми гӯшаву канори мамлакат намунаи зиёди осори таърихиро ҷамъоварӣ намуда, дар хонаи истиқоматии хеш ин макони аҳамияти таърихидоштаро таъсис додааст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин ба мардуми мо имкони васеъ фароҳам овард, ки аз аслу насаби хеш, гузаштагони худ бештар огоҳӣ пайдо намоянд. Маҳз, дар ҳамин соли пур аз дастовардҳо мардуми бонангу номуси тоҷик боз як бори дигар аз мероси гузаштагони хеш ба куллӣ огоҳ гардиданд. Зеро, маҳз дар ин солҳои басо пурфайз барои ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, муаррифии онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар сафари кории навбатиашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хона - музейи «Анора» ташриф оварда, барои ташкил намудани чунин як боргоҳе, ки мардуми имрӯзаро бо гузаштаи дуру наздик ошно месозад, баҳои баланд доданд.

Чӣ хеле ки дар боло изҳор кардем, Хона- осорхонаи «Анора» аз ҷониби шахси ватандӯсту хештаншинос Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар осорхона чандин намуд кӯзаҳои сафолӣ, мисӣ, асбобҳои мусиқӣ, кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикӣ, аз қабили кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ мешаванд.

Воқеан, баробари ворид шудан ба ин Хона – осорхона кас ба хубӣ дарк менамояд, ки халқи тоҷик таърихи хеле бою ғанӣ дошта, аз асрҳои гузашта то имрӯз чӣ қадар роҳҳои пурпечутобро тай намудааст. Бароямон маълум гардид, ки нигораҳои ҷамъовардашуда ба асрҳои ХVII – ХVIII рост омада, бозгӯи зиндагии шоистаи гузаштагони миллати тоҷиканд.

Хона - осорхонаи «Анора» ба худ намои қадимаро гирифта, аз гузаштагони миллати тоҷик ҳикоя мекунад. Аз замони таъсисёбии Хона- осорхонаи «Анора» ҳамарӯза ба ин ҷо меҳмонони зиёде омада, аз таърихи қадимаи миллати тоҷик огоҳӣ пайдо мекарданд. Онҳо ҳамчунин ба китоби осорхона таассуроти хешро навиштаанд, ки он хеле ҷолиб аст. Бояд зикр кард, ки дар китоби мазкур намояндагони миллатҳои гуногун аз давлатҳои Олмон, Амрико, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия фикру андешаи худро иброз намуда, ба бунёдгузори ин хонаи нур барору комёбӣ таманно кардаанд.

Дастхати корманди осорхонаи миллии Тоҷикистон З. Иброҳимзода бароям хеле ҷолиб буд. Ӯ 15 августи соли 2018 ба осорхона ташриф оварда, аз нигораю ёдгориҳои таърихии ҷамъоварда ба ваҷд омада, аз забони Мавлавӣ навиштааст:

«Дило, назди касе биншин,

ки аз дилҳо хабар дорад,

Ба назди он дарахте рав,

 ки он гулҳои тар дорад,

Ба он бозори атторон марав

 ҳар сӯ чу бекорон,

Ба дӯкони касе биншин,

 ки дар дӯкон шакар дорад.

Ҳамзамон, ӯ зикр доштааст, ки ин шоҳбайтҳо ба ифтихори Хона - осорхонаи этнографии Нозим – ако аз ҷониби Мавлонои бузург эҷод шудааст.

Гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори ниёгон вазифаи имониву ҷонии ҳар як шахси соҳибфарҳанг дар мисоли коллексияи нодири бародари гиромӣ Нозимако мебошанд. Ҳар осори ҷамъовардашуда аз ҷониби ӯ ҳамчун фарзанд нигоҳбонӣ карда мешавад. Зиҳӣ истеъдод, зиҳӣ осори ниёгон, поянда бод шахсияти соҳибфарҳанг!

 Ё ки як гурӯҳ омӯзгорони МТМУ №17 –уми шаҳри Хуҷанд дар китоби хотираҳо чунин менигоранд:

- Имрӯз мо вориди Хона - осорхонаи «Анора» гардидем. Аз даромадгоҳ то болои хона саропо меҳр, муҳаббат ва самимият нисбат ба ҳаёти гузаштаву имрӯзаи мо- миллати қадимаи тоҷикон аст.

Соҳибхоназан худ намунаи ибрати покизагӣ, нексириштӣ буда, аз бузургии дили хеш башорат медод. Дар ин макони муқаддас ғанимати нодир гирд оварда шудааст. Гумонамон ба қасре ворид шудем, ки аз дуриҳои дур садоямон мекунанд.

Садои таърихи бой, маданияти баланд, урфу одат ва анъанаҳои неки миллати тоҷикон. Худо кунад, ки таъсисдиҳандагон, гирдоварандагони ин маъхази гаронбаҳо солиёни дароз саломату сарбаланд бошанд. Хотири ҷамъу сарбаландӣ ва муваффақиятҳо ҳамдам, ҳамрозу ҳамқадами онҳо бошад.

Ҳамчунин, дар дафтар бо ҳуруфоти форсиву англисӣ, хитоиву лотинӣ навиштаҷоти зиёде буданд. Баъди хондани дастхати зиёраткунадагони Хона - осорхонаи «Анора» аз он шод гаштем, ки мардуми тоҷик соҳиби фарҳанги бузург аст.

Зеро зиёраткунандагоне, ки ба ин макон омадаанд, мехостанд, аз таърихи гузаштагони худ огоҳ бошанд. Аксарияти онҳое, ки ба ин ҷо қадам гузошта, соядасте ба китоби Хона - осорхона гузоштаанд, бо аҳли оилаи худ омаданд, то ки фарзандони онҳо аз таърихи гузаштаи халқи худ, менталитети онҳо, он асбоби рӯзгоре, ки мардуми тоҷик чандин сол пеш истифода мебурданд, огоҳ гарданд.

Ҳамон рӯзе, ки мо ба хона – осорхона ворид шудем, бӯи кулчақандҳои навпухта ба машом мерасид. Воқиф гардидем, ки ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонашин коргоҳи хурди қаннодӣ ташкил шуда, беш аз 15 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар коргоҳи қаннодӣ номгӯи зиёди кулчақандҳо, шириниҳо омода карда мешаванд. Ҳамзамон, бо назардошти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар ин оила маводи хӯрока, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гандум, лӯбиёгӣ, картошка ва ғайра ба таври кофӣ захира шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили донагӣ дар хумдонҳои сафолин ҷой дода шудааст, ки онро метавон то ду сол беталаф нигоҳ дошт.

Бояд зикр кард, ки имрӯз аҳли оилаи Нозимҷон Усмонов аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрати дигарон мебошад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh