ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Забон ба унвони муҳимтарин воситаи омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши равшан дошта, барои ташаккулу инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баромадани он гузаштагонамон кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дарбар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд.

Соли сипаригардида Пешвои миллат дар суханронии худ аз 4-уми октябри соли 2019 дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба ироаи Паёми навбатӣ ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад. Дар суханронии худ барои устувор намудани пояҳои забони давлатӣ, муайян намудани самтҳои фаъолияти оянда ва бештар тақвият бахшидани мавқеи забони давлатӣ Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Маълум аст, ки яке аз сарчашмаҳои инкишофи забони модарии ҳар халқу миллатро забони шеваю лаҳҷа ташкил дода, он ҳамчун ганҷинаи бебаҳои халқ барои ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон хизмат мекунад. Зеро дар забони лаҳҷаю шева бисёр дурдонаҳои номакшуф нуҳуфтаанд, ки шинохт ва ба хидмати забони адабӣ истифода бурдани онҳо барои инкишофу такмилу вусъати имконоти забони адабӣ кӯмак мерасонанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».

Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд, аз ин рӯ таъкиди ин нукта, ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардонидани забон муҳим мебошад. Зеро равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунанд.

Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат зарурати таҳияи барномаи компютерии «санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ», феҳристбандии электронии тамоми калимаҳо бар мабнои муҳимтарин сарчашма ва маъхазҳо ва ба барномаи компутерӣ ворид намудани онҳо, бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид намудани шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавиро дастур доданд, ки воқеан ҳам татбиқи амалии он барои ғанӣ гардонидани шабакаҳои иттилоърасонии тоҷикӣ ва гузашта аз он ҳамчун забони илм мавқеи мустаҳкам пайдо кардани забони тоҷикӣ нақши равшан хоҳад бозид.

Дар ҳақиқат, имрӯз вақти он расидааст, ки дар воситаҳои электронии мухобиротӣ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои муҳими соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мероси гаронбаҳои ниёгон, осори адабию бадеӣ, девонҳо, осори адабиётшиносӣ, донишномаҳои соҳавӣ ва ғайра ҷой дода шаванд, то ин ки хонандагон битавонанд, аз шабакаҳои иттилоърасонӣ ҳамчун сарчашмаи маърифатомӯзӣ баҳраманд гарданд. Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки ба сатҳи саводнокии мардум ва бахусус насли наврасу ҷавон латма ворид месозад, ҷой доштани камбудиву духӯрагиҳои ҷиддиест, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар расида, дар байни аҳли илму адаб, олимону забоншиносон ва қишрҳои дигари ҷомеа баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Чунин нуктаҳои баҳсбарангезу мутаноқиз дар фарҳангҳои соҳавии марбут ба забон, аз ҷумла «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» низ зиёд ба назар расида, ба сатҳи забондонию маърифати хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд.

Пешвои миллат дуруст ишора карданд, ки имрӯз зарурати ҳарчи зудтар таҳия намудани луғати имлои забони тоҷикӣ эҳсос мегардад, зеро «қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад». Нуктаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои миллат зикр гардида, яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукуматро ташкил медиҳад, эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳо ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шаванд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимаи Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора доранд, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузоштанд. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим тарбияи насли ҷавоне мебошад, ки илова ба хуб донистани забони модарии худ бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақал се-чор забони хориҷиро донанд.

Дар ин бора Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва мулоқотҳои худ пайваста таъкид бар он медоранд, ки муаррифии дастоварду муваффақиятҳои кишварамон ба мутахассисони соҳибихтисос ва дар айни замон забондон вобастагии калон дорад. Дар баробари ин, чунонки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ зикр гардид, ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст. Бахусус, тавассути ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, азбар намудани шеърҳо, байтбарак ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, қавӣ гардонидани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.

Пешвои миллат, инчунин роҷеъ ба мақоми воситаҳои ахбори омма дар замони муосир, нақши телевизион ва радио дар ташаккул ва инкишофи забони адабӣ ишора намуда, оид ба риоя нашудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои телевизиону радио алоҳида таваҷҷуҳ намуданд. Албатта, васоити ахбори умум ва бахусус телевизион ва радио дар ҳаёти ҷомеаи мо мақоми махсус доранд ва ҷомеаи имрӯзаро бидуни ин воситаҳои хабарӣ тасаввур кардан имкон надорад. Мақоми телевизион дар ҳаёти имрӯзаи мо, махсусан дар ташаккулу такомули тафаккури афроди ҷомеа басазост. Бар дӯши кормандони телевизион масъулияти хеле ҷиддӣ гузошта шудааст, зеро дар инкишофи забону маданият, санъату фарҳанг нуфузи телевизион бештар буда, арзишҳои фарҳангии мо тавассути он тарғибу ташвиқ мегардад. Аз ин лиҳоз, дар назди ҳар як муассисаи иттилоотӣ таъсис додани шуъбаи таҳриру таҳлили матнҳо бо ҷалби донандагони хуби забон, ташкил намудани курсҳои доимоамалкунандаи бозомӯзии забон барои кормандони ВАО, аз нигоҳи мутахассисон гузаронидани матни суруди ҳофизон ва монанди инҳо барои ҳифзу ҳимояи забони ноби тоҷикӣ, асолат ва покизагии он ҳамчун сарвати бебаҳо ва муқаддасоти миллӣ ба манфиати кор мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ низ дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку муназзаҳ нигоҳ доштани он зарур мебошад. Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо - соҳибони ин забон мебошад.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят

Add comment


Security code
Refresh