КАМОЛ ВА ШЕРОЗ

Эмомалӣ Раҳмон: Кохи азиме, ки Хоҷа Камол барин бузургон аз сухан бунёд кардаанд, аз боду борон газанд намеёбад, ному кори ин мардони бузург зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Масъалаи муайян кардани ин ки дар Шероз Камол чанд муддат таваққуф кард, оё бо Ҳофиз дидорбинӣ кард ё не, барои мо номаълум аст. Дар ин маврид дар сарчашмаҳо низ ахбори дақиқ мавҷуд нестанд ва аксаран такрори ҳам ҳастанд. Бинобар ин, ҳарчанд таъин кардани масъалаи «Оё Камол дар Шероз истиқомат кардааст ё не?», ҷавоби мушаххас ва аниқ надорад, боз ҳам байти «Шероз ҷойи мардуми соҳибкамол нест, Ҳон, эй Камол, озими Доруссалом бош» - хонандаро ба эҳтимолияти ба Шероз рафтани Камол боварӣ мебахшад.

Шояд ин нукта, ки фарзияи будубоши Камолро дар Шероз тақвият мебахшад, яке бошад, ки қадимитарин нусхаҳои девони Камол, ки соли 1422 мелодӣ (825 ҳ) аз тарафи Дарвеш Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Алӣ ас-Сироҷӣ пас аз 22 соли вафоти Шайх Камол сурат гирифтааст, дар Шероз мураттаб гардидааст.

Камол дар ғазалҳояш дар чанд маврид аз Шероз ёд кардааст. Чунончӣ:

Дар шакар рез(?) фикри хеш, Камол,

Қанди ҳар як сухан муқаррар соз.

То биёяд ба чошнигирӣ,                                   

Шаккар аз Мисру Саъдӣ аз Шероз.

Зимнан бояд қайд намуд, ки мисраи аввали абёти мазкур дар аксари нусхаҳои кириллӣ ба ҳамин сурат омадааст, ки лутфи зиёд надорад. «Дар шакар рехтани фикр» на танҳо маънӣ надорад, балки хандаовар низ ҳаст. Магар фикри шоир холӣ аз ширинӣ буд ва маъонии латиф надошт, ки онро бо шакар меомехт? Ба гумони қавӣ бояд мисраи аввал «Дар шакаррези фикри хеш Камол…» хонда шавад, ки лутфе азим дорад. Ибораи «шакаррези фикр» ба маънои «афкори ширину рангин» чӣ зебо ва шоирона аст! Камол дар байти дигаре ҳам аз Шероз ва орзуи сафари ин шаҳри ормонии хеш сухан ба миён овардааст:

Аз баҳри хотири дили табрезиён, Камол,

Бо сорбон магӯй, ки Шерозам орзуст.

Дар маънии ин байт адабиётшиноси фақид, устод Аълохон Афзаҳзод менависад:

«Ба назар чунин мерасад, ки Камол аз Сарой аввал ба Шероз рафтанӣ будааст, вале кашиши дидори дӯстони табрезияш ва яқинан аҳли хонаводааш ӯро аз сафари Шероз нигоҳ дошта, ба Табрез меорад. Ин байт гумони моро қавӣ месозад…» (А.Афсаҳзод. Камоли Хуҷандӣ - устоди ғазал. Душанбе: Деваштич, 2005. – саҳ. 38). Дар баробари фарзияи устод Афсаҳзод метавон назароти дигарро низ баён намуд:

Шояд ин байтро Камол дар ҳангоме гуфта бошад, ки корвони табрезиён озими ҳаракат буд ва шоир, ки низ бо нияти сафари Шероз ба он корвон пайваста буд, ба Шероз мерафт, вале ба эҳтироми табрезиён намехост, ин асрорро ошкор кунад.

Тоҷибой Султонӣ,
Адабиётшинос

Add comment


Security code
Refresh