РУШДИ СИНАМО ДАР ДАВРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Дар чодари хаёл оғози асри ХХ пайдо шудани тасвири синамо барои миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Зеро дар баробари ташаккули давлатдории тоҷикон филмноманависӣ ва банаворгирии он рушд карда, аз соли 1929 инҷониб садҳо филмҳои мустанаду бадеӣ ба навор гирифта шуданд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли нави филмбардорон дар симои муассисаи давлатии “Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов” тавонистанд, кинои тоҷикро на танҳо дар як минтақаи Тоҷикистон, балки дар арсаи олам муаррифӣ намоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани соҳа «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022»-ро қабул намудааст. Ин барнома самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меорад.

Баргузории кинофестивалҳои миллии «Дидор», “Навсоз”, “Лолаи заррин”, “Душанбе” фазои синамои миллиро дар даврони Истиқлолияти давлатӣ пурра мекунад ва фестивалҳои кинои мустанад, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон гузаронида мешаванд, дар муаррифии миллат дорои мақоми махсус ва афзалиятҳои алоҳида мебошанд. Синамои мустанади асил, ҳақиқатҷӯ, баландпоя бояд ҳатман зери ҳимояву дифои давлат, ҷомеа, мардум ва аҳли башар бошад. Миллате, ки чунин кино дорад, миллати пешқадам аст.

Муҳимияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд. Бинобар ин, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Таъкидҳои Пешвои миллат оид ба масъалаи мавриди назар асоси воқеӣ дошта, ҳарчи зудтар амалӣ шуданашон муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир аст. Зеро дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо ба авҷи аълои худ расидаву гурӯҳҳои ифротгаро пайи ҷалби ҷавонон «камари ҳиммат» бастаанд, таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ба воситаи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ амри муҳиму зарурӣ ба шумор меравад.

Тими эҷодии “Суғдсинамо” давоми 5 соли мавҷудияти худ 10 филми ҳунарию мустанадро офарид, ки аз байни онҳо филмҳои ҳунарии “Коса” ва “Тангно”, филмҳои мустанади “Духтари Сайҳун” ва “Умар-ако” дар кинофестивалҳои миллию байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардиданд. Ба тозагӣ таҳияи филми ҳунарии “Пайроҳаи мураббӣ” дар ҳамкорӣ бо кинематографистони Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия анҷом ёфт, ки нахустнамоиши он бо беҳтар шудани авзои тандурустӣ - пандемияи коронавирус дар тамоми кинотеатрҳои Осиёи Марказӣ ва Россия дар назар аст.

Мо - аҳли ҳунар медонем, ки барои корзори кинои тоҷик маводи ва инъикоси кулли рӯйдодҳои ҷомеаи муосир саршор аст. Зиндагиномаи қаҳрамонони миллати тоҷик худ маводест барои сабти филмҳои ҷолиби мустанаду бадеӣ. Ин ҳама моро водор месозад, ки дар рушди синамои миллӣ масъулияти томро эҳсос намоем. Ба анъанаи идона тими “Суғдсинамо” содиқ монда, ба шарафи Рӯзи кинои тоҷик ва 90 - солагии “Тоҷикфилм” ҳамчун ҳадя филми ҳунарии “Тангно” - ро баҳри тамошобинон дар шабакаи Ютубканали “Суғдсинамо” тақдим намудем.

Муҳиддини МУЗАФФАР,

директори муассисаи

давлатии “Суғдсинамо”

Add comment


Security code
Refresh