ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ГУЗАРГОҲИ СИРДАРЁ

Тоҷикон таъриху тамаддуни ғанӣ дошта, меросбарони саодатманди ниёгони хеш ҳастанд. Имрӯз шаҳрҳои бостонии Тоҷикистон дар шумори куҳантарин мавзеъҳои Осиёи Миёна шинохта шудаанд. Арҷгузорӣ ба тамаддуну таърихи гузаштагони хеш, шинохти арзишҳои миллӣ моро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, миллатдӯстиву меҳанпарастӣ тарбия менамояд.

Дар ин росто эълон шудани солҳои 2019-2021 чун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии моро бештар сохт, зеро вазифаи ҷонии ҳар фарди бонангу ор аст, ки барои ояндагони хеш ин меросҳои таърихиву меъмориро бегазанд боқӣ гузорад.

Дар шумори бисёр шаҳрҳои таърихии кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол Конибодом низ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои пурарзиши илмӣ ба ҳайси яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ зикр шудаанд.

 Айни ҳол дар ҳудуди шаҳри Конибодом 88 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чанде пеш бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» баҳри гиромидошту ҳифзи мероси фарҳангию таърихии ҳудуди шаҳру деҳоти Конибодом ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории шаҳр аз нав ба қайд гирифта шуданд.

 Аз рӯйи дараҷабандӣ ин ёдгориҳои таърихӣ ба ду даста – умумиҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ шомил мебошанд. Аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Конибодом чаҳор ёдгории таърихӣ ба гурӯҳи умумиҷумҳуриявӣ дохил мешаванд, ки Мадрасаи «Мирраҷаб Додхоҳ», Мадрасаи «Оим», манораи «Норчабой» ва мақбараи «Лангари Бобо» аз он ҷумлаанд.

Бино ба гуфти нозири ҷойҳои таърихиву меъмории шаҳр Шаҳноза Хидирова, ёдгориҳои таърихии ин мавзеъ аз рӯйи сохти меъморӣ ба ёдгориҳои таърихӣ – меъморӣ, бостонӣ ва таърихӣ – монументалӣ ҷудо мешаванд. Дар шаҳри Конибодом чилу чаҳор адад масҷиду мадраса ва мазор ба гурӯҳи ёдгориҳои таърихӣ – меъморӣ ва чилу чаҳор адади дигар ба гурӯҳи ёдгориҳои таърихӣ - монументалӣ тақсимбандӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки миёни ин ёдгориҳои таърихӣ мадрасаҳои «Оим» ва «Мирраҷаб Додхоҳ» бештар мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст.

«Мадрасаи Оим» ёдгории таърихию меъмории асри ХIХ буда, дар сари роҳи қадимаи Конибодом-Қӯқанд, самти роҳи Патар воқеъ аст. Аз рӯи маълумот бинои мадраса соли 1825 аз ҷониби яке аз шогирдони мадраса Қорӣ Исмати Ҷамол мавриди истифода қарор дода шудааст. Мадрасаро Мулло Миролим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибӣ Оим гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки ин мадраса нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистони Шимолӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамчун ёдгории таърихии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 дар шаҳри Алма-Ато дар қатори чаҳор ёдгории дигари таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ - Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Хуҷанд, тасвирҳои рӯйисангӣ ва ёдгориҳои бостонии атрофи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт, маҷмааи меъмории «Мирраҷаб Додхоҳ», «Мадрасаи Оим» низ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим номнавис шуд.

Ин иншоот ба гузаргоҳи Фарғона — Сирдарё тааллуқ дорад. Ҳамчунин, «Мадрасаи Оим» чун ёдгории таърихии аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории ҳавзаи дарёи Сир шомил шудааст. Воқеан, ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки «Мадрасаи Оим» соли 2019 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии «Имдод Ғайрат» ва бо маблағгузории Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба маблағи 77 ҳазор доллари амрикоӣ таъмиру таҷдид шудааст.

 Мадрасаи «Мирраҷаб Додхоҳ» бошад, аз соли 1983 инҷониб ҳамчун Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ мавриди истифода қарор дода шуда, меъмории таърихию фарҳангии нимаи дуюми асри ХVII ба шумор меравад.

Бинои осорхона солҳои 2013 – 2014 бо маблағгузории Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қисман таъмиру тармим гардидааст ва чуноне ки масъулони соҳа мегӯянд, оид ба идомаи корҳо бо сафоратхонаи мазкур корбарӣ идома дорад.

 Дар осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, ки дар Мадрасаи «Мирраҷаб Додхоҳ» ҷойгир аст, ҳамагӣ 6580 адад нигора маҳфузанд, ки аз он 4990 адад нигораи фонди асосӣ ва 1590 адад нигораи фонди ёрирасон маҳсуб мешаванд.

Таъкид намудан зарур аст, ки оид ба осорхона ва «Мадрасаи Оим» аз ҷониби роҳбарияти осорхона маълумотномаҳои махсус (буклетҳо) таҳия гардида, дастраси меҳмонон мешаванд.

Мадрасаи «Мирраҷаб Додхоҳ» низ аз ҷониби ташкилоти ЮНЕСКО ба феҳрасти силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим дар гузаргоҳи Сирдарё ворид шудааст.

Нозири ҷойҳои таърихиву меъмории шаҳр Шаҳноза Хидирова қайд мекунад, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва рушди сайёҳии дохилӣ ба воситаи ду шабакаи телевизиони маҳаллӣ, радиои маҳаллӣ ва рӯзномаи шаҳрии «Садои Конибодом» барномаҳои доимӣ таҳти унвони солҳои 2019-2021-«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Ҳунар – беҳтар аз зар» таҳия шуда, ҳар ҳафта пешкаши бинандагону шунавандагон гардонида мешавад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh