«ҲАҚИҚАТИ СУҒД» ВА ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Эмомалӣ РАҲМОН: Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рӯзнома инъикоси дастовардҳои неъмати бузурги миллат –Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монда, рисолати аслии хешро дар инъикоси мавзӯъҳои умдаи рӯз, иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, тарғибу ташвиқи суръати нав касб кардани ҷараёни созандагӣ дар вилоят, бунёди шаҳру шаҳракҳои нав, ободии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона намуда, ҷаҳду талоши рӯзнома бобати солимии афкори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ошкор сохтани камбудиву норасоиҳои мавҷудаи ҷомеа боиси зикру таҳсин аст.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ «Ҳақиқати Ленинобод» рӯзномаи ҳамраъйи мардум буд ва бо шиори «Банӣ одам аъзои якдигаранд» ҳафтае панҷ маротиба дар ҳаҷми 4 саҳифа бо формати А2 нашр мешуд.

Ба вижа дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзнома мавқеи хешро нишон дода, дар барқарорсозии сулҳ дар кишвар саҳми бориз дорад.

Воқеан, натиҷаҳои Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буд, зеро ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар ақсои олам муаррифӣ кард. Он солҳо дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳо, гузоришҳо ва хабарҳои мусаввиру нав ба нав бо аксҳои вакилон, ҷараёни овоздиҳӣ, қабули ҳуҷҷатҳо, қонуну қарори иҷлосия чоп шудаанд. Мақолаҳо таҳти сарлавҳаи умумӣ дар саҳифаи аввали рӯзнома «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дувум, рӯзи сеюм» ва ҳамин тавр то рӯзи ҷамъбастӣ нашр шуда, дар омода намудани ин шумораҳо саҳми рӯзноманигорон Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифҷон Мамадҷонов, Исроилҷон Рабизод, Ҳадятилло Тӯйчизода, Ғафур Нарзулло (рӯҳашон шод бод!) Файзулло Атохоҷаев, Ғайрат Ҳаким, Мазбут Воҳидов бисёр калон мебошад. Дар ин маврид Файзулло Атохоҷаев-собиқадори рӯзнома, сармуҳаррири «Ҳақиқати Ленинобод» дар солҳои 1989-1994, иштирокчии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд мекунад: «Бо гузашти рӯзҳо, солҳо қадри заҳмати ҳамаи кормандони ҳамонвақтаи рӯзномачи техникиву чи эҷодӣ, чи ҷонишини сармуҳарриру чи коргари ба чопи рӯзнома вобастаи матбааи якуми шаҳри Хуҷанд баланд эҳсос карда мешавад».

Воқеан, дар ҳавзаи матбуот ва, умуман, фазои расонаии Тоҷикистон «Ҳақиқати Ленинобод»-ро ба сифати рӯзномае мешиносанд, ки дар инъикоси рафти Иҷлосияи шонздаҳум аз ҳама фаъол буд ва хабарҳо аз рафти онро лаҳза ба лаҳза манзури хонандагон мекард ва барои чунин як пешдастӣ иқтидори хуби кадриву техникӣ низ дошт. «Вакилони халқ ҳозир шуданд. Дар иҷлосия 193 нафар вакилон номнавис шуданд. Имрӯз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоҳем». Ин матлаб, ки дар шумораи №163 (14909) аз 16 ноябри соли 1992 рӯи саҳифа омадааст, намунае аз фаврияти касбӣ ва далели гуфтаҳои мост. Дар он рӯзҳои ҳалкунандаву тақдирсоз маҳз ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятӣ масъулияти инъикоси пурраву ҳамаҷонибаи ҷараёни иҷлосияро бар дӯш дошт. Дар ҳамон рӯзҳои душвор ҳайати эҷодии нашрия ба вазъияти кишвар баҳои дуруст дода, мардумро ба оромӣ ва хушбинӣ ба рӯзҳои нек даъват мекард. Он солҳо ба ҳайати эҷодии рӯзнома Файзулло Атохоҷаев, ки аз охири солҳои шастуми асри гузашта тақдирашро ба кори газета бахшидааст, сарварӣ мекард.

Файзулло Атохоҷаев дар бобати нақши ин иҷлосия дар тақдири мардум зимни баёни андешаҳо чунин изҳори назар карда: «Дар халқ чунин таъбир маълуму равшан аст: «Ба тақдир тақдирҷунбон даркор»…

Агар ҳоло аз он айёми чашм бар субҳи умед доштан ёд карда, аз қуллаи рӯзгори пурсаодат ва ободии кишвар эҳсосбарӣ кардан аз дидгоҳи вақт ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ватанамон назар афканем, тафсиру тавзеҳ намоем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғозу саҳифаҳои тозаву пурмаънии таърихи навини миллату давлати тоҷикон ба шумор меравад. Аз толори Қасри Арбоб ҷозибае, эҳсосе, баёни мақсаде, таъсире равшантар ба чашмҳо расид…

Чаҳоряк аср муқаддам ба рӯзҳои моҳи ноябри соли 1992 бо чашми дилу меҳру вафо менигарем: ҳамон айём ва замон ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ифои вазифа доштам. Ҳама он воқеаву рӯйдодҳои дар замони бозсозии охири солҳои 80-уми шӯравӣ, давоми солҳои навад то аввали дуҳазоруми қарни гузашта, чи дар қаламрави ҷумҳурӣ, чи ҳамонвақта вилояти Ленинобод дар саҳифаҳои ҳар шумораи рӯзнома пурраву возеҳ инъикос карда мешуданд. Аз ҷумла, дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ низ рӯзномаи мазкур бо ҳамон мавқеъ, яъне ҳамраъйӣ бо мардум монд. Ҳамон давра ҳамаи маводи Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз тариқи рӯзнома паҳн мешуд. Ҳоло ин саҳифаву ин шумораҳо рисолати таърихӣ доранд.

Дар шумораи 12-уми ноябри соли 1992 рӯзнома дар саҳифаи аввал Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 9 ноябр «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад» ба нашр расонид. Ҳамон шумораро баъди имзо ба чоп доданӣ будем, ки маро ҷонишини котиби масъули рӯзнома Исроилҷон Исмоилов (рӯҳаш шод бод!) огоҳ намуд, ки тавассути телетайп хабари оҷилӣ меомадааст, интизор шавем. Ҳамин тавр, мо Изҳороти Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтем, ки дар он, аз ҷумла, зикр мешуд: «Тақдири мо – сокинони Тоҷикистон танҳо ва танҳо дар дасти худамон. Давлати дигаре, шахси дигаре онро ҳаллу фасл карда наметавонад».

Воқеан, дар саҳифаи якуми шумораи №162 (14908) аз 14 ноябри соли 1992 хабари сар шудани бақайдгирии депутатҳо таҳти унвони «Бақайдгирии депутатҳо сар шуд» ба нашр расидааст.

Ҳамзамон, дар саҳифаи аввали ин шумора бо ҳарфҳои калон шиори «Умедамон аз сессия калон аст» ҷой дода шуда, мавод таҳти унвонҳои «Хуҷанд ба сессия тайёрӣ мебинад», «Хуҷанд-кафили ваҳдат», «Аз сессия чӣ мехоҳем? Ваҳдат, сулҳ, салоҳ», «Чароғи умед дар мегирад» оид ба омодагиҳо ва умедвориҳо аз Сессияи ҶVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд. Дар ҳамин саҳифа мо эълони мазкурро мушоҳида мекунем: «Сессияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992, соати 10, пагоҳӣ баргузор мегардад. Депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 14,15 ноябри соли 1992 аз соати 8 пагоҳӣ то 20 бегоҳӣ дар бинои кумиҷроияи вилоят (утоқҳои 535, 543) ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 6-06-45, 6-19-56». Ин нигоштаҳо аз масъулияти баланди рӯзноманигорони «Ҳақиқати Ленинобод» дар назди халқу Ватан гувоҳӣ медиҳанд.

Рӯзноманигор Файзулло Атохоҷаев он рӯзҳоро ба хотир оварда, қайд мекунад: «Ҳамон рӯзҳо ниҳоли умеду орзу ва ормонҳои деринтизори мардуми кишвари соҳибихтиёри тоҷик дубора реша дар об гирифт, ки нишонаи сарсабзиву нишотбахшӣ дошт. Дар ҳамон шумораи рӯзнома бо маслиҳату машварати аъзои ҳайати таҳририя мақолаи Игор Ленский, мухбири «Правда»-ро дар тарҷума чоп карда будем.

Ӯ, аз ҷумла чунин навишта буд: «Як бурда нони сиёҳро гирифта, онро ду тақсим намоед. Дар Кӯлоби имрӯза чун дар Ленингради дар муҳосирабуда сарикасӣ ҳамин қадарӣ, яъне 30-граммӣ нон мерасид, ки бо он бояд рӯз гузаронид». Дар идомаи мақолааш мухбир чунин овардааст: «Дар маркази водии Вахш баъди танаффуси тӯлонӣ заводи нонпазии шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор даромад. Ба хонаҳои сокинон газу об омад ва чароғи барқӣ даргирифт. Дар ин замини азияткашида ниҳоят чароғаки умед равшан шуд». - Саҳарии рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд борони сим-сим меборид, ҳавои тирамоҳ салқинтар буд. Қатраҳои маҳини борон гӯё аз само бо нидову фараҳ ва нуру сафо мерехт. Мухбирони парлумонии рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», ки ин гурӯҳ аз ҳафт нафар журналистон - Ҳасанбой Шарифов, Ҳасани Порсо, Шарифҷон Мамадҷонов, Исроили Рабизод, Ғафури Нарзулло (рӯҳашон шод бод!) ва Мазбути Воҳид, Ғайрат Ҳаким иборат буду банда ҳамчун сармуҳаррир аз рӯи вазифа аз майдончаи истгоҳи назди меҳмонхонаи «Ленинобод» ба воситаи автобус ҳамроҳи вакилони мардумӣ аз вилояти Кӯлоб ба иҷлосия – ба Қасри Арбоб роҳ гирифтем,- ба ёд меорад Файзулло Атохоҷаев.

Ҳамин тавр, аз оғоз то анҷоми Иҷлосия мухбирони парлумонӣ ва рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», яъне аз 16 ноябр, №163 (14909) то 5 декабри соли 1992, №176 (14922) аз рӯи виҷдони касбӣ ва рисолати меҳанпарастиву мавқеи устувори худ хизмати эҷодӣ намуданд. Хизмати рӯзнома аз он иборат буд, ки ҳар воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни ҷаласаҳои иҷлосия, фикру мулоҳизоти вакилони мардумиро дуруст, шаффоф ва ҳадафмандона нашр менамуданд.

Ҳайати таҳририяи рӯзнома вазифа, уҳдадорӣ ва фаъолияти касбии журналистонро дар доираи салоҳият, масъулияту маърифат муайян намуда буд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома таҳти сарлавҳаи умумӣ – «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯзи аввал, рӯзи дуюм… рӯзи дувоздаҳум» ва дар ҷамъбаст – «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт» маводи муфассал ва дар ҷанрҳои гуногуни журналистика чоп карда мешуданд. Чунончӣ дар як матлаб омадааст: «Вакили мардумӣ аз ноҳияи ҳисор Абдувоҳид Мирзоев дар ҷаласаи иҷлосия пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқ Эмомалӣ Раҳмонов пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро депутати мардумӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ намуд. Дар овоздиҳӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд». Ҳамин муҷдаи ҳаётбахш вуҷуди аҳли эҷоди моро, ҳаққо, ки гармӣ бахшид, ба дилҳо неруи дигар овард, дидаҳоро рӯшан кард».

Он вақт дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» 70 нафар заҳмат мекашиданд ва яке аз воқеаҳои муҳиму хотирмон дар тӯли ин солҳо, ки ба нашрияи “Ҳақиқати Ленинобод” вобастагӣ дорад, ин бевосита мулоқоти аввалини Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо намояндагони ВАО-бо кормандони эҷодии рӯзномаи мазкур, ки дар кумиҷроияи вилоятӣ аввали моҳи декабри соли 1992 бо хоҳиши ӯ ба вуқӯъ омада буд, ба ҳисоб меравад. Хабари ин мулоқот дар саҳифаи аввали шумораи №176 (14922) таҳти унвони «Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмонов бо журналистони рӯзнома» нашр шудааст, ки аз ҷумла омадааст: «Бо хоҳиши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар кумиҷроияи вилоятӣ вохӯрии ӯ бо аҳли қалами рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» барпо гардид.

Байни журналистон ва Раиси Парлумон Эмомалӣ Раҳмонов оид ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҷамъбасти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор барпо гардид. Эмомалӣ Раҳмонов ба мавқеи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ки ҳамаи маводи Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии ҶТ асосан аз тариқи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” паҳн мешуданд, баҳои сазовор дода, журналистони рӯзномаро даъват намуд, то ки минбаъд низ тамоми қувваю дониш ва ғайрати эҷодиашонро барои пойдор гардондани сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ равона намоянд.

Дар мулоқот ҷонишини сармуҳаррир М.Воҳидов ва мудирони шуъбаҳои рӯзнома Ҳ.Шарифову Ғ.Нарзуллоев ва мухбир Ҳ.Тӯйчиев роҷеъ ба мушаххастар ва ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, таъминоти моддию техникӣ ва молиявии рӯзномаҳои маҳаллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ аз ҷониби Ҳукумат ва дигар масоили муҳими рӯз фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд, ки аз ҷониби Раиси Парлумони ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов хуш пазируфта шуданд».

Сурайё ҲАКИМОВА, «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh