ҶАЛАСАИ ПАНҶУМИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ

Санаи 18-уми ноябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муоҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Суғд баргузор гардид.

Дар он аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ, ситоди вилоятӣ оид ба бартараф намудани қарз аз музди меҳнат дар соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилоят, комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшҳои сайёҳӣ, намояндагони ВАО ва ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа камбудиҳои соҳаи сайёҳӣ, роҳҳои бартараф намудани мушкилу муаммо ва рафти иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи мазкур баррасӣ шуд. Анвар Яъқубӣ иброз дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда нисбат ба рушди соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардидаанд. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, ба кишвари мо таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ зиёд гардида истодааст. Боиси қайд аст, ки имрӯз дар ҷаҳон бемории сироятии COVID-19 хурӯҷ дорад ва ба тамоми соҳаҳо таъсири худро расонд, аз ҷумла ба соҳаи сайёҳӣ бетаъсир набуд.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои сироятшавӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тамоми хизматрасониҳои сайёҳии вилоят то муътадил гардидани вазъ мавқуф гузошта шудаанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии субъектҳои фаъолияти соҳаи сайёҳӣ дар давраи пандемия имтиёзҳои иловагӣ эълон гардида, иншооти соҳаи мазкур аз 1-уми апрел то сентябри соли 2020-ум ба таътили андозбандӣ фаро гирифта шудаанд.

Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ таъмин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030-юм қабул гардида, нақшаи амалӣ дар вилоят барои солҳои 2019- 2022 тасдиқ шудааст. Ҳамчунин, дар ҷаласа мудири шуъбаи рушди сайёҳӣ дар вилоят Абдумаҷид Раҳимов оид ба иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи чоруми Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод. Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа гузориши роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо шунида шуд. Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои босифати банди ҳар як протоколи дар ҷаласа гузошташуда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh