Бознашри китоби "Чиҳил дарси Камол" дар Теҳрон

Муассисаи фарҳангии ЭКО ба ифтихори ҷашни 700 - солагии зодрӯзи Камоли Хуҷандӣ китоби "Чиҳил дарси Камол" –и Сурайё ҳасансултон - шоир ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бо хати форсӣ, дар Теҳрон нашр намуд. Китоб фарогири чиҳил мухаммаси Сурайё ҳасансултон бар ашъори Камоли Хуҷандӣ буда,бо муқаддимаи Сарвар Бахтӣ - Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО зиннат ёфтааст. 

Сарвар Бахти қайд кардааст, ки: "ҳамчунонки Камол ба шоирони ҳамзамонаш таваҷҷуҳ дошт ва ба ашъори онон назира ё ҷавобия мегуфт, сухансароёни баъди Камол, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддини ҳилолӣ, Назирии Нишобурӣ, Урфии Шерозӣ, Абдуллоҳи ҳотифӣ, Махфӣ, Фахрии ҳиравӣ, Шамсидини Шоҳин ва даҳҳо нафари дигар бар ашъори ин булбули боғи адабиёти форсӣ тазмину назира гуфтаанд ва ин гувоҳ бар иқболи беандоза аз ғазалҳои шаккарини Камол аст".

  Гуфтанист, ки чанде пеш Муассисаи фарҳангии ЭКО чанде пеш ба муносибати 700 - солагии Камол китоби "Рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ", асари доктор Бадриддин Мақсудзодаро низ бо хати форсӣ мунташир намуда буд.

Шаҳноза Ҳомидова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh