АРҶМАНД АЗ ЭЪҶОЗИ ҲУНАР

Дар бинои баландошёна русзане бо шавҳарашон истиқомат мекарданд. Ин зану шавҳар ба синни қариб навадсолагӣ расида, вафот карданд. Зинаида Челпанова аз зумраи бонувони соҳибфаросат ва бофазилат буда, сирру асрори ин зиндагӣ, ҳикматҳои он ва тарбияи фарзандро бисёр медонистанд. Агар хоҳӣ, ки духтарат хушодоб, пурсабру ботамкин ва дар зиндагӣ ботаҳаммул гардад, ӯро бисёртар ба хонанишинӣ, бахусус омӯхтани ҳунар ҷалб намо. Барои духтар ҳунар пуртанҳо аз ёд гирифтани намудҳои бофтан - ҷуроббофӣ, жемпербофӣ, нимтанабофӣ духтарон метавонанд дар рӯзгорашон аз ҳеҷ чиз танқисӣ накашанд, - мегуфтанд он кас.

Оре, ҳусни духтари ҳунарманд дучандон аст. Ҳар хушдоман келинашро дар сари омода кардани кулчақандҳои болаззат бубинад, эъҷози дастони вай- пироҳани хушдӯхт, ҷуробу ҷемпери хушсохти бофтаи келинашро бинад, албатта, изҳори қаноатмандӣ ва хушнудӣ мекунад. Шаҳри Истаравшан дар қаламрави вилояти Суғд мақоми шаҳри ҳунармандонро дорад. Яъне, тамоми мардуми ин шаҳр соҳибҳунаранду агар касе барои коре ба хонааш усто биёрад, ҳама ӯро таъна мекунанд.

Дар ҳудуди ин шаҳр боргоҳе ҳаст, бо номи Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ. Дар ин таълимгоҳ аксари ҳунарҳои миллӣ ба донишҷӯён, ки аз гӯшаву канори гуногуни кишварамон омадаанд, омӯзонида мешаванд. Дилором Атамова аз зумраи устодони коллеҷ мебошад, ки беш аз панҷоҳу шаш соли умри худро ба кори ҳунаромӯзонӣ ба насли ҷавон, бахусус духтарон бахшидааст.

Дар ин боргоҳи маърифату ҳунар аксари ҳунарҳои мардумии миллӣ, аз ҷумла зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ, рассомӣ, кордсозӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ ва дигар касбу ҳунарҳоро меомӯзонанд. Дилором Атамова нахуст дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-уми шаҳр муаллимаи ҳунаромӯзонӣ буд. Бо ифтитоҳи Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, ки он бо ибтикори Пешвои муаззами миллат соли 2009-ум ба фаъолият шурӯъ кард, дар ин боргоҳи ҳунар ба кор оғоз намуд. Донишҷӯён се сол таҳсил менамоянд ва давоми ин муддат ҳамчун ҳунарманди асил омода гашта, метавонанд, ба маҳалли зисти худ ва ягон минтақаи мамлакат рафта, ба ҷавонон ҳунар омӯзонанд.

-Ба коллеҷ аз тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қубодиён, Деваштич, Айнӣ, Хоруғ ва дигарҳо ҷавонону духтарон барои ҳунаромӯзӣ меояд, - мегӯяд муаллима. Худи ӯ бошад, чандин маротиба 30-40-нафарӣ духтаронро оид ба омӯзонидани кашидадӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва дӯхтани пироҳани миллӣ ҳунар омӯзонида, ба гӯшаву канори кишварамон гуселонидааст, ки имрӯз худ ба мардуми зодгоҳашон сабақ медиҳанд.

Алҳол бошад, ҳафт нафар дастпарваронаш дар арафаи хатмкуниву дувоздаҳ нафар дар курси дуюм таҳсил доранд. Барои ин бону ҳунарҳояш мероси авлодӣ аз модарбузургаш мебошад ва аз тифлӣ дар паҳлуи бибӣ нишаста, ботаҳаммулона ба матоъ захм мезад, гул мепартофту зардӯзӣ мекард. Борҳо бо дастранҷи заҳмати худ дар симпозиумҳо, намоишгоҳҳо иштирок намуда, сазовори баҳои баланди тамошобинон гаштааст. Вай иштирокчии рӯзҳои Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар соли 2017 мебошад ва дар он ҷо ҳунарҳои ҷаззобу нотакрори мардуми тоҷикро муаррифӣ намудааст.

-Ба истиқболи ҷашни бузурги миллат-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷомеаи меҳнатии коллеҷ бинои нави замонавӣ бунёд намуда истодаанд, ки он дар арафаи таҷлили ин ҷашни фархунда ба истифода дода хоҳад шуд, - мегӯяд Дилором Атамова.

– Ин, албатта, нишони эътибори баланди Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти вилоят ба рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила бо ҷои корӣ таъмин намудани шаҳрвандони кишвар, бахусус бонувон аст. Воқеан, бинои нави коллеҷ дар маҳаллаи Гули Сурхи шаҳр бунёд шуда истода, донишҷӯёни коллеҷ низ дар паҳлуи сохтмончиён истода, бо ҳунарҳои гаҷкорӣ, кандакорӣ ва дигарҳо ин биноро зебу оро дода истодаанд. Бинои ҳозираи коллеҷ, ба қавле, як қисми омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ буда, дар он донишҷӯён дар ду баст таҳсил мекунанд.

Бо итмом ёфтани бинои нави коллеҷ, ки аз се ошёна, хобгоҳ, ошхона иборат асту тамоми шароитҳо муҳайёст, таҳсили донишҷӯён дар як баст ба роҳ монда хоҳад шуд. -Ҳоло дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ бештар аз 400 нафар донишҷӯён таҳсил дошта, зиёда аз ҳафтдаҳ намуди ҳунарҳои миллӣ ба онҳо омӯзонида мешаванд,- мегӯяд Дилором Атамова. Беҳуда нагуфтаанд, ҳунарманд ҳар ҷо бувад арҷманд. Ва оне, ки соҳибҳунар аст, соҳиби сарват аст.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh