Баҳри рушди журналистикаи шаҳрвандии занон

Дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳри Гулистон барои занони рӯзноманигор семинар баргузор гашт.

Семинар дар доираи татбиқи лоиҳаи  «Рушди журналистикаи шаҳрвандии занон тавассути баланд бардоштани  иқтидори гурӯҳҳои ташаббускори занон дар минтақаҳои деҳоти вилояти Суғд», ки  Маркази имконият баҳри рушд, бо дастгирии молиявии Сафорати Иолоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон амалӣ гашта, ба баланд бардоштани донишу малакаи занони фаъоли деҳот ва занони рӯзноманигор, фаъолнокии ҷавонону духтарон дар мавзӯъҳои пешгирии зӯроварӣ, рушди журналистикаи шаҳрвандӣ равона шудааст.

Лоиҳаи мазкур аз моҳи сентябр оғоз ва то моҳи июли соли 2021 идома меёбад ва мувофиқи нақша баргузор намудани семинарҳо, чорабиниҳои омӯзишӣ, вохӯриҳо, мубодилаи афкор, машваратҳо дар ҷамоатҳову деҳаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Спитамен ва шаҳри Исфара дар назар аст.

Дар семинарии ду рӯзае, ки бо ҷалби занони рӯзноманигори шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуд занони рӯзноманигор, намояндагони гурӯҳи ташаббускори занони рӯзноманигор «Садоқат» бобати таҳияи низоми кор ва омода намудани  нақшаи стратегии фаъолиятро омӯхтанд. Зимни омӯзиш мутахассисон бобати роҳҳои мусоидат ба рушди бонизоми   гурӯҳи мазкур мубодилаи афкор намуданд.

 Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқти Суғд»

Add comment


Security code
Refresh