"БОҒИ ШАФТОЛУ"

"Боғи шафтолу" –маҷмӯаи ҳикояҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо дар нашриёти "Адиб" нашр шуд.

Маҷмӯа ҳикояҳои "Боғи шафтолу", "Парасту", "Алмос", "Шоҳдухтар", "Парчами сафед", "Оштӣ", "Хӯшаҳои тилло", "Сӯзи захмҳои шукуфта", "Хоҷаи Хизр", "Ҳавлии бобо" ва "Осорхона" - ро фаро мегирад.

Хонандагони тоҷик бо ҳикояҳои ин адиб тавассути маҷаллаҳои "Садои Шарқ", "Паёми Суғд", рӯзномаи "Ваҳдат", ошно ҳастанд ва чанд ҳикояааш дар маҷаллаи "Чома" (Эрон) низ мунташир шудааст, ки адабпаҷӯҳон ба онҳо нақд навиштаанд.

"Боғи шафтолу" аввалин китоби ҳикояҳои Шоҳмансури Шоҳмирзо буда, нависанда пеш аз ин китобҳои "Сурмаи дил" (дар ҳамкорӣ бо падараш Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад, Хуҷанд, 1996), Ҳазор қандил" (Хуҷанд, "Ношир", 1999), "Модарнома" (Душанбе, "Деваштич", 2006) ва "Давлати безавол" (Душанбе, "Адиб", 2010) - ро таълифу таҳия намудааст.

Ҳамчунин, китобҳои ин муаллиф таҳти унвонҳои "Боғи шафтолу" (2017) ва "Мехостам паранда шавам" (2018) дастраси хонандагони эронӣ гаштааст.

Сурайё Ҳакимова,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh