ЧЕҲРА БИКШОД АГАР ЗАН, ШАБ ЧАРОҒОН МЕШАВАД…

Дар хотир дорам: солҳои қаблӣ бонувону духтарон дар хонае ҷамъ омада, машғули меҳнати дастӣ мешуданду дар баробари ҳамин аз ҳаёту рӯзгори хеш ва ё мавзӯе суҳбат мекарданд. Духтаракони наврас бошанд, чашм аз ҳунари онон наканда, бо дидаҳо гӯиё он ҳунарро «медуздиданд». Вақте бо яке аз ин бонувони ҳамакора рӯ ба рӯ гардидам, мақоли «ба як ҷавон чил ҳунар кам аст» ба хотирам омад. Зеро чанд ҳунарро аз бар кардаасту вақте аз куҷо омӯхтанашро пурсидам, якеро дар давраи наврасӣ аз модару дигареро аз дугона, сеюмиро аз ҳамсояву хушдоману хоҳару меҳмони хонааш ташрифоварда гуфта, ҷавоб медод.

Бори нахуст ӯро дар маҳфили вилоятӣ рӯ ба рӯ гардидам. Тааҷҷубам омад. Зеро дар наздаш ҳам сабаду гулдону ҳам куртаву сӯзанӣ, қуроқу дигар дӯхтаҳо гузошта шуда буданд. Пурсидам: - Ин кадомаш моли шумост? Гуфт: - Ҳамааш. - Чӣ тавр? – боз нигаристам ҷонибаш. Табассуме карду гуфт: - Дар солҳои гуногун аз одамони бисёре омӯхтаам.

Дилбарой Одинаева, худ зодаи деҳаи Даҳкати Ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштич аст. Соли 1976, пас аз хатми мактаби миёнаи рақами даҳуми деҳааш ба ҷавони зодаи Ҷамоати деҳоти Далёни Боло шавҳар кардааст. - Ҳунарҳои дӯзандагӣ, қуроқдӯзиро аз модарам омӯхтаам. Модарам мо, духтаронро пас аз анҷоми корҳо наздашон мешинонанду матоеро дода, мегуфтанд. Ана аз ин барои хоҳаракат ва ё лӯхтакат куртачае бидӯз. Гарчанде худашон машғули коре буданд, аммо ҳар як ҳаракати моро зери назорат мегирифтанд.

- Дар хотир дорам, дақиқае бекор нишастан намемонданд. Дар он давраҳо, - боз ба хотир меорад ин зани чилҳунара, - телевизор на дар ҳамаи хонаҳо буд. Пас аз анҷоми кори хона модарам мо, духтаронро гирдашон ҷамъ мекарданду ҳар якеро ба рӯймолчадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, куртадӯзӣ машғул менамуданду инчунин қиссаҳои аҷоиб мегуфтанд. Ҳоло он қиссаву ҳикояҳоро ба хотир орам, ҳамаи он омехтаи панду насиҳат будаасту волидайнамон роҳи мо, ҷавонону наврасонро бо ҳамин восила равшанӣ мебахшидаанд. Ба гумонам, барои ҳамин мо ба ҳамаи он сахтиҳои ҳаёт тобоварем. Дар кадом хона муноқиша набуду нест? Дар хонаводаҳо солҳои пешин ҳам нофаҳмиҳо буданд. Ҳоло, ба фикрам, ҳар яке эрка шудаанд, магар, ки пурбардошт не… Мо дар як ҳавлӣ бо чор нафар писарам, ки ҳар яке оиладор аст, зиндагӣ мекунем. Як писарам дар ҳавлии алоҳида, дигар мо ҳама 16 нафар хурду калони ҳамин ҳавлӣ аз як дег хӯрок тановул мекунему бо муросо умр ба сар мебарем, - иброз дошт Дилбарой.

 Дилбарой Одинаева шаст сол дорад ва ҳар як гуфтору амалаш аз зани пурдидаву ботаҳаммул, ботамкину меҳнатқарин буданаш далолат мекунад. Дар хонаи шавҳар бошад, ӯ боз дигар ҳунарҳоро аз хушдоманаш Марзия - хола Баротова омӯхтааст.

- Хушдоманам низ мисоли модарам буданд. Дар хонаи шавҳарам ҳам пас аз корҳои хона ба дӯхтану бофтан машғул мегардидем. Гоҳе давоми рӯз ба хонаҳои ҳамсоя ҳар яке дар даст матое ва ё бофтание ҷамъ меомадем. То ҳол гуфторҳои шаккарини хушдоманам дар лавҳи хотирам ҳастанд, - мегӯяд Дилбарой ва хотироташро варақгардон менамояд: - Духтарам, - мегуфтанд хушдоманам (равонашон шод бошад) як рӯзи зиндагият равшан асту як рӯзи дигараш торик… Аз рӯзҳои равшан он қадар нур бигир, ки дар рӯзҳои торикат истифода барӣ. Боз илова мекарданд, - Дар зиндагӣ на гул бош, ки асири хок шавӣ ва на борон бош, ки ба хок бияфтӣ. Хок бош, ки гул аз ту бирӯяд ва борон ба хотири ту биборад...

- Ҳамаи ин гуфтаҳо дар ҳар саҳифаи рӯзгорам ба кор омаданд. Имрӯз сирри диламро мегӯям, вақте ҳамроҳи хушдоманам менишастам, бароям на ҳунаромӯзӣ, балки гуфтори ширину пандомезашон гавҳари бебаҳо буданд. Таъриф не, ҳар як гуфторашон чун шаддаи марҷон буду онро ҳалқасон бар гӯш мегирифтам ва шояд имрӯз ба ҳамин дараҷа дар зиндагӣ комёб гаштанам ҳамон гуфтори хушдомани гавҳарсуханам бошад...

Ин сабадбофию сохтани кӯзаҳои гуногуншаклро бошад, Дилбарой аз ҳамсояву дугонаҳо омӯхтааст. Дар баробари ҳунаромӯзӣ дигаронро низ, тавре хушдоманаш насиҳат кардааст, омӯзонидааст.

 – Агар нафареро ҳунар омӯзиву ӯ роҳи зиндагиашро дарёбад, савобаш даҳчанд мешавад, - мегуфтанд раҳматӣ, - мегӯяд ӯ.

Ҳоло Дилбарой беш аз бист нафарро ҳунар омӯзонидааст. Яке сабадбофу дигаре куртадӯз, яке қуроқдӯзу дигаре йӯрмадӯз.

Дилбарой занест рӯшодгӯ, ҳам суруру ҳам ғамгиниашро бо ҳама мебинад. - Дилам бар фараҳ меояд, - навдаи дар оби гарм таркардаро ба матое печонида, суханашро идома медиҳад ӯ, - агар ягон шогирдам барои дидорбиниам ояд, агар тарбиятгарам бо пайғоми хуше дарамро кӯбад, шод мегардам, мабодо ҳарфе нагӯяд ҳам, аммо аз чашми маҳзунаш дарк мекунам, ки аз чизе хотираш парешон аст, бо сухане дилашро таскин медиҳам, насиҳаташ мекунам, панди ҳаёт меомӯзонам. Баъди рафтанаш ҳам чанд муддат фикрам ба ӯ банд мешавад.

Ҳамсуҳбатам Дилбарой Одинаеваро чунин дарёфтам: ӯ ҳунармандест, ки ҳамагонро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят мекунад, дасташ мегираду ба олами ҳунар ворид месозад, аммо зиндагиномаи хешро ёдовар намешавад.

- Дар ягон озмуну чорабинии вилоятӣ ва ё ҷумҳуриявӣ ширкат варзидаед? – пурсон мешавам аз вай.

- Ба куҷое даъват намуданд, рафтаам. Шукр, маҳсули меҳнати моро чандест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ мекунанд ва имтиёзҳои зиёд дорем. Чунин иқдом моро вазифадор месозад, ки боз ҳам беҳтару хубтар меҳнат намоем, - посух дод Дилбарой.

Дилбарой Одинаева дар озмунҳо, чорабиниҳо ва маҳфилҳои вилоятӣ бисёр ширкат варзидааст. Симояш зебосту чашмонаш пур аз муҳаббат. Зикраш рафт, ки шогирдони зиёдеро парвариш намудааст. Ин бонуи чолоку дурандеш, хоксору фурӯтан ҳамчунин пайвандони умраш Миҷгона ва Рухшона ва келинҳо Макнунаю Мадина ва Интизорро, ба қавле, дасташонро рост намудааст, то ин ки дар зиндагӣ ризқи худро биёбанд. Ҳоло духтараш Миҷгона бо он чӣ модараш омӯзондааст, қаноатманд нагардида, инчунин аз Маркази ҳунаромӯзии “Парасту” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Далёни Боло аз дигар ҳунарҳои гуногун воқиф гардидааст ва мисоли модар куртаву сӯзаниҳояш хонаи наварӯсонро зеб бахшидааст.

- Набераам Марзия – меросбари исми хушдоманам аст. Ӯро мебинаму раҳматии хушдоманам пеши чашмам падидор мешаванд. Чусту чолокиаш мисоли бибикалонаш аст, наздам менишинаду бо саволҳои пайдарҳамаш аз олами ҳунарҳо огоҳ мегардад. Ҳоло ӯ дар синфи сеюм мехонаду ҷемперу ҷуробҳои бофтааш аллакай харидорони худро доранд.

Дар урфият мегӯянд: “Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст.” Асолату иффати зан, пеш аз ҳама, дар ору номус, ватандорӣ, тозакорию сарфаҷӯӣ, вафодорию ҳалимӣ ва рӯзгордорию фарҳангдӯстӣ таҷассум мегардад. Ва қаҳрамони мо - сокини Ҷамоати деҳоти Далёи Болои ноҳияи Деваштич Дилбарой Одинаева аз зумраи чунин бонувон аст. Ӯ калидест, ки бо суханони пандомезаш қулфи дилҳоро кушода, бо ҳунари беҳамтояш ҷаҳони ҳамагонро зеб мебахшаду дилҳоро ба фараҳ меорад:

Чеҳра бикшод агар зан, шаб чароғон мешавад,

Аз нигоҳаш зиндагонӣ файзборон мешавад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh