Тадрисгоҳ дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

Тадрисгоҳ, дарсхона, таълимгоҳе, ки толибилмон таҳсили илм мекунанд, дониши худро такмил медиҳанд. Ба шаҳодати муаррих Наршахӣ тадрисгоҳ нахуст дар Бухоро пайдо шуда, соли 937-938 аз сӯхтор нобуд шудааст. Тадрисгоҳ ҳамчун таълимгоҳ дар замони таҷаддуди маданияти тоҷикон ба миён омада, асосан ба анъанаҳои таълимии маҳаллӣ (дабистонҳо) такя дошт.

Дар тадрисгоҳ фанҳо ба монанди забони арабӣ, илми баён, таърих, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, ҷуғрофия, нуҷум, табииёт, қироати Қуръон, аҳкоми шеър, фиқҳ, калом ва ғайра таълим дода мешуданд. Барномаи машғулият ва адабиёти таълимӣ вобаста ба шароит ва ихтисоси мударрис тағйир меёфт.

Дар тадрисгоҳ дар як ҳафта панҷ рӯз дарс мешуд. Ибтидои таҳсил ба охири моҳи сентябр рост меомад ва то миёнаҳои моҳи июн давом мекард. Ба мадраса шогирдон аз синни 13-15 - солагӣ ҷалб карда мешуданд. Одатан соҳиби тадрисгоҳ мударрисро таъин мекард. Дар зарфи ҳазор сол тадрисгоҳ бисёр зиёиён, арбобони илм, адабиёт ва санъатро ба воя расонидааст. Тадрисгоҳ дар соҳаи маориф, илм ва маданият мавқеи муҳим дошт. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ мардуми шарифи тоҷик баҳри муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи худ ба бунёди иншооти фарҳангӣ, ба мисли хона-осорхонаҳо рӯ ниҳодаанд, ки яке аз чунин мавзеъҳо Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин макон бо мақсади шиносоӣ бо илму фарҳанг ба анъанаи қадимаи омӯзиши илм тадрисгоҳ бунёд гаштааст, ки зиёда аз 150 адад китобу дастхатҳои нодир ба намоиш гузошта шудааст. Аз байни китобҳои ҷамъоварда зиёда аз 100 адади онҳо аз дастхатҳо иборат аст, ба мисоли “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ, “Захират-ул-мулук”-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, рубоиёти Умари Хайём, “Қиссаи Юсуф ва Зулайхо” ва китобҳои нодири қадима, ба монанди асарҳои Бедил, Ҳофиз, Туғрал, Аттор, Фузулӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон гузошта шудааст. Ин ҳама дастовардҳо самараи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, оянда барои пешрафти таълиму тарбияи насли ҷавони миллат нақши босазои худро хоҳад гузошт.

Таҳмина ТОШМАТОВА,

корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh