Омӯзиши майлонҳои нави журналистӣ дар JMBpictures

50 нафар рӯзноманигор, омӯзгори  ҷавон ва толибилмон аз шаҳру навоҳии вилоят дар панҷ бахш  курси омӯзишии «Саводи расонаӣ барои ҳама»-ро ба итмом расониданд.

Омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода»-м Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ шуд.

Бино ба иттилои  Ҷамшеди Маъруф се курси аввали «Мактаби расонаии нав – JMBpictures доир ба далелсанҷӣ,инфографика, саводи расонаӣ, ки дар бинои Филиали Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашт,  маълумот гирифтанд.  Дар доираи лоиҳаи мазкур  беш аз 30 нафар ҷавон (дар ҳар курс 10-нафарӣ) дар ин омӯзишҳо ширкат намуда, паҳлӯҳои муҳими далелсанҷӣ, объекти омӯзиш, кор бо абзорҳо ва манбаъҳои боз, тарзи дурусти сохтани инфографика, шеваҳои тарроҳӣ, интихоби дурусти ҳуруфҳо ва таносуби рангҳо, пешниҳоди ҷолиби иттилоот дар шакли инфографикаро омӯхтанд.

Давоми се моҳ ба иштирокчиёни мактаби расонаии нав моҳият ва зарурати саводи расонаӣ, баҳогузории дурусти иттилоот, тафаккури интиқодӣ ва бехатарӣ дар интернет омӯзонида шуд.

Баъд бахши дигари лоиҳа аз 20 нафар ҷавонон дар бинои Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши подкаст, маъмултарин форматҳои он ва кор бо захираҳои онлайнӣ барои таҳияи подкаст ва «caption-video»- ро омӯхтанд.

Ин бахши лоиҳа низ дар самти омӯзиши майлон (тренд)-ҳои нави журналистӣ роҳандозӣ гашта, дар давоми як моҳ иштирокчиён виҷагиҳои асосии подкаст, тарзи истифодаи дастгоҳҳои сабтӣ, кор бо барномаи танзими овоз – Adobe Audition, роҳҳои ҷой додану паҳнкунии матн дар захираҳои онлайнии «SoundCloud» ва «Anchor», тарзи ороиши подкаст ва омода намудани «caption-video»-ро омӯхтанд. Дар  ин фурсат рӯзноманигорони ҷавон аз  муҳимияти «caption-video», «қоидаи сеяк», тарзу усулҳои мусоҳиба, кор бо ҳуруфҳои зебои ройгон, интихоби дурусти рангҳо,  абзорҳо барои наворбардорӣ ва танзим, «Open Camera» (барои наворбардорӣ), «KineMaster» барои танзим огоҳ  шуданд.

Ҷамшеди Маъруф ҳадафи аслии  ташкили чунин омӯзишҳоро омӯзонидани таҳияи наворҳои ҷолибу диданӣ ва рушди майлони нав дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорони ҷавон ва бо ин васила беҳтар кардани муҳтавои расонаҳои дохилӣ арзёбӣ мекунад.

Баъд аз нашру паҳни маводи худ миёни иштирокчиёни ҳар як курси омӯзишӣ озмуни «Маводи беҳтарин» гузаронида мешавад ва ғолибонро тӯҳфаҳои хотирмон интизор аст.

Сурайё  ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh