Ифтихори санъати тоҷик

Ҳақ ба ҷониби устод Лоиқ Шералӣ, ки ҳофизи барҷастаи мардумӣ Ҷӯрабек Муродовро «Булбули тоҷик» номидааст. Ҳофизи номӣ Зафар Нозим бошад, эшонро «Шоҳсутуни бинои санъати тоҷик» гуфтааст.

Ҳунарманди асил Ҷӯрабеки Мурод вуҷудашро ба ҳунар бахшида, дӯстдоштаи мардум дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мамолики қитъаҳои олам гардидааст. Ҳофиз ва оҳангсози тоҷик Ҷӯрабек Муродов 24-уми декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст.

Соли 1962 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (алҳол ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров)-ро хатм карда, дар факултети педагогӣ ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ кор ва фаъолият кардааст. Баъди олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бомуваффақият баромад кардан бо супориши роҳбарони вақт Ҷӯрабек Муродовро ба шаҳри Душанбе даъват карданд ва аз соли 1963 фаъолияти худро чун ҳофизи яккахони Филармонияи давлатии Тоҷикистон давом додааст. 7-уми феврали соли 1979 бо Укази Президими Совети Олии СССР ба Ҷӯрабек Муродов унвони “Артисти халқии СССР” дода шуд.

 Ӯ нозукиҳои сурудхонӣ, махсусан, сурудҳои классикӣ ва муосирро аз устодаш, овозхони машҳури мардумӣ Боймуҳаммад Ниёзов омӯхтааст. Солҳои фаъолияташ дар Филармония истеъдоди сарояндагии Ҷӯрабек Муродов тадриҷан сайқал меёбад ва мукаммал мегардад. Зиёда аз 60 сол мешавад, ки Ҷӯрабек Муродов дар саҳна аст, як қатор шогирдонро, аз қабили шодравон Даврон Алиматов, Мастона Эргашева, Наимҷон Маҳкамов, Хосият Ортиқова, Афзалшо Шодиев ва дигарон тарбия намудааст.

Ҳоло устод сарварии Ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд»-ро ба уҳда доранд. 24-уми декабр зодрӯзи ҳофизи мумтоз буда, дар ин рӯзи накӯ ба устод умри дарози саъдиёна орзумандем ва аз номи шоир чунин мегӯем:

Ба маҳфил моҳи тобон, дар гулистон рангу бӯ бошӣ,

Илоҳо, ҳар куҷо бошӣ, баҳори обрӯ бошӣ.

Фарзона ЗИКРИЁЕВА,

донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh