РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: РИСОЛАТИ ҲУНАР ТАРБИЯИ ХУДШИНОСИСТ!

Санаи 18-уми декабри соли равон дар толори расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими мутантани супоридани гранти Раиси вилоят ба занону духтарони ҳунарманд доир гардид. Раиси вилояти Суғд, Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди 18 шаҳру ноҳияи вилоят гранти Раиси вилоятро ботантана тақдим намуд.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тавсеаи фаъолияти фарогири занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, рушди минбаъдаи ҳунарҳои аҷдодӣ, таъминот бо ҷойи кор, фароҳам овардани шароит ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳунармандон ва соҳиби касбу ҳунар шудани аҳолӣ, бахусус занону духтарон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, аз эътибори хосаи давлату Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди соҳаи ҳунар, бахусус касбу ҳунарҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодӣ, нақш ва мақоми шоистаи занону бонувони ҳунарманд ҳарф зад.

- Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон соҳибмақом, соҳибмаърифат ва соҳибҳунар гардида, баробари ин рисолаташонро бобати дар рӯҳияи баланди меҳанпарастию ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон сарбаландона иҷро мекунанд, - зикр дошт Раиси вилоят дар суханронии хеш.

Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа тадбирҳои амиқ бомуваффақият амалӣ шуда истодаанд. Ба ин раванди муҳими иҷтимоӣ ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳодати ин гуфтаҳо буда, татбиқи онҳо ба беҳдошти минбаъдаи зиндагӣ ва фаъолияти доманадори занон мусоидат менамоянд. Эълон шудани солҳои 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ ҳамзамон аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ёдоварӣ гардида, ҳунарҳои миллиро яке аз унсурҳои муҳими худшиносӣ ва эҷодкории мардуми тоҷик арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят дар ин замина гуфт, ки мардуми тоҷик аз дуртарин даврони таърих ба ҳунар ва ҳунарварӣ таваҷҷӯҳи махсус дошта, ҳунармандӣ як рукни бузурги зиндагонии ниёгони моро ифода менамояд. Тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ мардумони ҳунарманд, косибону ҳунарварон дар маконҳои обод растаҳои ҳунармандӣ бунёд карда, аз ин роҳ дар ташаккули унсурҳои фарҳанг дар сурати ҳунарварӣ нақши муассир гузоштаанд. Унсурҳои ин шеваҳои ҳунармандии марбут ба фарҳанги шаҳрдорӣ имрӯз низ дар шаҳрҳои қадимаи минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Хуҷанду Истаравшан, Исфараву Панҷакент ва ғайра боқӣ мондаанд. Боиси таъкид аст, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҷдиду такмили онҳо баробари доштани арзиш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, яъне ба яке аз воситаҳои таъминоти зиндагонии аҳолӣ қарор додани ҳунармандӣ арзишу аҳамияти дигар низ дорад. Дар заминаи амалкарди ин иқдоми наҷиб бори дигар ҳунарҳои куҳан ва дорои собиқаи таърихии мардуми тоҷик эҳё шуда, бо ин роҳ мақоми таърихии ҳунар ва ҳунармандии халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи аслиашро пайдо хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки понздаҳ сол инҷониб ҳар сол барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо грантҳои Президентӣ ҷудо карда мешаванд.

Чунончӣ, ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат танҳо барои рушди соҳибкории занон аз 10 ҳазор то 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад. Дар ин озмун бонувони вилоят низ ширкат варзида, соҳиби грантҳо мешаванд. Соли равон 18 нафар бонувони ҳунарманди вилоят ғолибони озмун ва ба гирифтани грантҳои Президентӣ сазовор шуданд.

- Дар ин радиф, солҳои охир дар вилоят низ ҷиҳати дастгирии фаъолияти занони ҳунарманд грантҳои Раиси вилоят таъсис дода, занони ҳунарманду эҷодкори вилоят дар солҳои 2010- 2019-ум 2 миллиону 525 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуда, на танҳо шароити иқтисодии оилаашонро беҳтар карданд, балки барои садҳо нафар занону духтарон ҷойҳои нави корӣ таъсис доданд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Бояд зикр дошт, ки баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имсол ҳам, тибқи қарори Раиси вилоят аз 23 апрели соли 2020, №161 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани гранти Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2020», гранти Раиси вилоят ҷудо ва шумораи он ба 60 адад расонида шуд. Аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид, ки дар маҷмӯъ, ба 420 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Ба комиссияи грантии Раиси вилоят 150 лоиҳаи дархостӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят барои рушди ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳо, бо назардошти минтақа ва шумораи зиёди занони бешуғл, аз ҷумла 4 нафар занони ҳунарманд, ки имконияташон маҳдуд аст, дастгирӣ ёфтанд. Занони ҳунарманд ният доранд, аз 10 то 60 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд. Тибқи лоиҳаҳои манзуршуда, бояд зиёда аз 1200 нафар занону духтарон ба шуғлу омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли гузашта 60 нафар занони ҳунарманд бо истифода аз маблағҳои грантӣ коргоҳҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ ва дигар намуди меҳнати хонагиро таъсис дода, дар маҷмӯъ 940 нафар занону духтаронро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда буданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ба гирандагони гранти Раиси вилоят маблағи пулиро тақдим намуда, онҳоро барои ин дастовард ва ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт ва барояшон дар ҷодаи тавфиқи ҳунару истеъдод ва маҳорат, тавсеаи кору амали некашон барору комёбиҳо таманно намуд.

- Боварии комил дорам, ки занону бонувони соҳибкору соҳибҳунари вилоят бо саъю кӯшиш ва талоши комил дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмини занону духтарон бо ҷойҳои сазовори корӣ, таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дӯстиву рафоқат ва ватанпарастӣ ва бо армуғони шоистаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоранд, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар чорабинӣ ҳунармандони муваффақ Парвина Расулова аз шаҳри Истаравшан, Шаҳноза Машарифова аз ноҳияи Ашт ба сухан баромада, аз номи занону духтарони ҳунарманди вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бароидастгирӣ, ғамхорӣ ва муҳайё намудани шароити созгор барои фаъолият изҳори сипос намуданд.

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh